Маросими бошукӯҳи дафни шаҳид Оятуллоҳ Раисӣ ва ҳамроҳонаш дар Табрез

Мардуми Табрез дар маросими дафни пайкари Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳур ва ҳамроҳони ишон бо андӯҳи фаровон ширкат карданд.

Маросими дафни Оятуллоҳ Раисӣ ва ҳамроҳонаш, субҳи рӯизи сешанбе имрғз дар майдони шуҳадои Табрез бо ҳузури ҷамъи касире аз мардум оғоз шуд.

Пайкари шаҳид Оятуллоҳ Раисӣ, шаҳид Оятуллоҳ Оли Ҳошим, шаҳид доктор Раҳматӣ ва шаҳид доктор Амир Абдуллоҳиён ва соири ҳамроҳон аз майдони шуҳадои Табрез ба самти мусаллои ин шаҳр ташйиъ мешавад ва сипас ба тарафи фурудгоҳ бадрқа хоҳанд шуд ва аз онҷо ба Теҳрон мунтақил мешаванд.

Пайкари раисҷумҳур рӯзи панҷшанбе дар Машҳад ба хок супурда мешавад. Пайкари Оятуллоҳ Оли Ҳошим намояндаи фақиди валии фақеҳ дар Озарбойҷони Шарқӣ низ рӯзи панҷ шанбе дар Табрез ва пайкари устондори ҷавон ва пурталоши устон низ ҳамон рӯз дар шаҳристони Мароға ташйиъ ва тадфин мешавад.

Аҳмади Ваҳидӣ, вазири кишвари Эрон, имрӯз, дар ҷамъи азодорон ҳузур дошт ва гуфт: чӣ касе метавонад. Нутқи ҷононаи раисҷумҳур дар дифоъ аз Фаластин ва Ғазза дар миёни миллатҳо ва давлатҳоро фаромӯш кунад.

Вай афзуд: шаҳид Оятуллоҳ Раисӣ, раисҷумҳури маҳбуб ва мардумӣ, хастагинопазир ва мутавозеъ, сулуки ирфонӣ дошт ва шабонарӯз хидмат мекард ва бо шуҷоат дар фазои байналмилалӣ зоҳир мешуд ва давлати мардумӣ дар низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломиро ба курсии зуҳур расонд.

Ваҳидӣ идома дод: вазири умури хориҷа низ дипломосии қавии худро дар саҳнаҳои байналмилалӣ дар мавзӯъи муқовимат нишон дод.

Болгарди ҳомили Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ асри якшанбе 30 урдибиҳишт 1403 дар масири бозгашт аз маросими ифтитоҳи садди Қизиқалъасӣ ба самти Табрез, дар минтақаи Варзақони устони Озарбойҷони Шарқӣ дучори сониҳа шуд ва Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ раисиҷумҳур, Ҳусайни Амир Абдуллоҳиён вазири хориҷа, Оятуллоҳ Оли Ҳошим, имом ҷумъаи Табрез ва Молики Раҳматӣ, устондори Озарбойҷони Шарқӣ ба шаҳодат расиданд.

Озарбойҷони шарқӣОятуллоҳ Оли ҲошимОятуллоҳ Сайид Иброҳими РаисӣТабрез
Comments (0)
Add Comment