Паёми тасаллияти кишварҳои исломӣ дар пайи шаҳодати “Раисӣ”

Кишварҳои мухталиф ва бархе гурӯҳҳо ва шахсиятҳои сиёсии байналмилалӣ дар паёмҳое шаҳодати раисҷумҳури Эрон ва ҳамроҳонашро тасаллият гуфтанд.

Бинобар ин гузориш, оятуллоҳ Раисӣ ва ҳамроҳонашон якшанбе пас аз ифтитоҳи сади Қизқалъаси, ки бо ҳузури Илҳом Алиев, раисҷумҳури Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд, бо болгард озими Табрез буданд, аммо ин болгард дар миёнаи роҳ ва дар “ҷангли Дизмор” дар маҳдудаи умумӣ байни Варзақон ва Ҷалфои устони Озарбойҷони Шарқӣ дучори сониҳа шуд ва суқут кард.

Паёми тасаллияти кишварҳои исломӣ дар пайи шаҳодати раисҷумҳур

Паёми тасаллияти кумитаҳои муқовимати исломии Фаластин

Кумитаҳои муқовимати Фаластин ёд ва хотираи шаҳидон оятуллоҳ Сайид Иброҳим Раисӣ ва Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, ва ҳамроҳони онҳоро тасаллият гуфт.

Кумитаҳои муқовимати Фаластин имрӯз дар баёнияе эълом кард: бо ҳузн ва андӯҳи амиқ, ёд ва хотираи оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури исломии Эрон ва Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон ва ҳайати ҳамроҳи онҳоро, ки дар ҳодисаи дардноки суқути болгард ба шаҳодат расиданд, гиромӣ медорем.

Ин баёния таъкид кард: Фаластин ва миллат ва муқовимати он ҳеҷ гоҳ хадамотеро, ки шаҳидони муқовимат оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ ва Ҳусайни Амирабдуллоҳиён барои миллати мо ва масъалаи Фаластин анҷом доданд, фаромӯш нахоҳанд кард.

Ҷунбиши Ҳамос

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) имрӯз душанбе дар баёнияе эълом кард: холисонатарин маротиби тасаллият ва таъзият ва ҳамдардии худро бо раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ имом Хоманаӣ ва давлат ва миллати дӯсти Эрон иброз медорем.

Ин баёния меафзоед: Ин шуҳадо, маҷмӯае аз беҳтарин мақомоти Эрон буданд, ки дар ҳимоят аз масъалаи Фаластин ва ёрӣ ва кумак ба муборизаи миллати мо ва пуштибонӣ аз муқовимати Фаластин мавозеъи шарофтмандона ва ифтихоромезе доштанд.

Ироқ

Муҳаммад Шаёъ Ас-Судонӣ, нахуствазири Ироқ дар баёнияе эълом кард: зимни арзи тасаллият ва ҳамдардии самимонаи худ ба раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ ва давлат ва миллати Эрон, ҳамбстагии худро бо миллати бародари Эрон ва бо бародарони масъул дар Ҷумҳурии Исломӣ эълом медорем.

Дафтари пойгоҳи иттилоъ расонии дафтари раҳбари ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ “Сайид Аммори Ҳаким” дар паёме навишт: бо таассуф ва таассури хабари шаҳодати оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва шахсияти барҷастаи сиёсии исломӣ ва шуморе аз ҳамроҳони ишон ба хусус оқои Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷа ва имом ҷумъаи Табрез ва устондори Озарбойҷони Шарқӣ бар асари суқути болгарди ҳомили онон дар шимоли ғарби Эронро дарёфт кардем.

Дар идомаи ин паём омадааст: нақши пурранги он фақид дар ҳаёти инқилобӣ ва сиёсӣ ва фарҳангии Эрон ва минтақа ва ҷаҳонро гиромӣ медорем ва ин сониҳаро ба раҳбари муаззами Инқилоб имом Хоманаӣ самимона таъзият мегӯем, бо миллат ва давлати Эрон ҳамдардӣ мекунем ва ба хонавода ва бастагони он фақид тасаллият мегӯем ва аз Худованди Мутаол мехоҳем, ки он фақиди азизро машмули раҳмати Восеъаи хеш қарор диҳад ва дар биҳишти барин ҷой диҳад.

Яман

Муҳаммад Али Ал-Ҳусӣ, узви Шӯрои аълои сиёсии Яман: шаҳодати раисҷумҳури Эрон ва ҳайати ҳамроҳро ба миллат ва раҳбарони Эрон тасаллият арз мекунем.

Маҳдӣ Ал-Машот, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман шаҳодати раисӣ ва ҳайати ҳамроҳи ӯро ба раҳбар ва миллати Эрон тасаллият гуфт: дар канори Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастем ва итминон дорем, ки миллати Эрон ин рӯзҳои сахтро бо сабр пушти сар хоҳад гузошт.

Қатар

Шах Тамим ибни Ҳамд Оли Сонӣ, Амири Қатар шаҳодати Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳур, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён вазири хориҷа ва ҳайати ҳамроҳро дар ҳодисаи дардноки суқути болгард тасаллият гуфт ва раҳмат ва мағфирати илоҳиро барои онҳо ва сабр ва шикебоиро барои хонаводҳҳоияшон масъалат хост.

Сурия

Башор Асад, раисҷумҳур Сурия дар паёме эълом кард: қалбан ба номи худ ва мардуми кишвари арабии Сурия, даргузашти (Шаҳодати) Иброҳими Раисӣ раисҷумҳур, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён вазири хориҷа ва ҳамроҳонашонро ба оятуллоҳи алъзам имом Хоманаӣ ва давлат ва мардуми дӯст, Эрон тасаллият мегӯем.

Лубнон

Ҳизбуллоҳи Лубнон низ шаҳодати оятуллоҳ Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳро тасаллият гуфт. Дар паёми Ҳизбуллоҳи Лубнон дар инбора омадааст: ба муносибати ҳодисаи дардноки шаҳодати оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ раисҷумҳури Исломии Эрон ва шаҳодати бародари азизамон ҷаноби доктор Ҳусайни Амирабдуллоҳиён вазири умур хориҷаи ин кишвар ва оятуллоҳ Муҳаммадалии Оли Ҳошим намояндаи ҳазрати имом Хоманаӣ дар устони Озарбойҷон ва дигар ҳамроҳони онҳоро тасаллият гуфта ва бо миллат ва раҳбари Эрон ибрози ҳамдардӣ мекунем.

Миср

Давлати Миср низ шаҳодати раисҷумҳур ва вазири хориҷаи Эронро тасаллият гуфт. “Абдулфаттоҳ Ассисӣ” раисҷумҳури Миср дар паёми худ “тасаллияти содиқона ва ҳамдардии худро бо миллати бародари Эрон эълом карда ва гуфтааст ҷумҳурии Арабии Миср бо сарон ва миллати Эрон дар ин мусибати бузург ибрози ҳамдардӣ мекунад”.

Уммон

Ҳайсам ибни Ториқ, султони Уммон дар паёме шаҳодати оятуллоҳи Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳи вайро ба раҳбари Инқилоби Эрон тасаллият гуфтааст.

Арабистони Саудӣ

Малик “Салмон ибни Абдулазиз” ва “Муҳаммад ибни Салмон” шоҳ ва валиаҳди Арабистони Саудӣ даргузашти оятуллоҳи Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳи вайро тасаллият гуфтанд.

Туркия

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар паёме ба муносибати шаҳодати раисҷумҳури кишвари Эрон навишт: Мо дар рӯзҳои сахт дар канори ҳамсоямон Эрон ҳастем. Аз Худованди Мутаол барои ҳамкори азизам, бародарам ва раисҷумҳури мӯҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оқои Иброҳими Раисӣ, ки бохабар шудем мутаассифона дар сониҳаи болгард дори фониро видоъ гуфт, талаби мағфират дорам.

Эрдуғон афзуд: инҷониб тасаллияти амиқи худро ба миллат ва давлати дӯст ва бародар Эрон ба вижа ба мақоми муаззами Раҳбарӣ ва хонаводаи мӯҳтарами раисҷумҳур ва соири даргузаштагон эълом медорам, ва ба унвони як ҳамкор, ки шахсан шоҳиди талошҳои ишон барои сулҳи мардуми Эрон ва минтақа дар даврони масъулият будам, бо эҳтиром ва сипос аз оқои Раисӣ ёд мекунам.

Покистон

Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон: Покистон ба нишонаи эҳтиром ба раисҷумҳури Эрон ва ҳамроҳонаш ва дар ҳамбстагӣ бо Эрони бародар, як рӯз азо баргузор хоҳад кард ва парчами он нима барафрошта хоҳад буд.

Арманистон

Нахуствазири Ҷумҳурии Арманистон дар паёме даргузашти Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳро ба раҳбари Олии Эрон оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ тасаллият гуфт.

Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон гуфт: инҷониб аз тарафи давлат ва мардуми Ҷумҳурии Арманистон даргузашти ғамангези дӯст ва ҳамкори азизам, раисҷумҳур Сайид Иброҳими Раисӣ, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷа ва ҳайати ҳамроҳро самимона тасаллият арз мекунам. Ҷумҳурии Арманистон ва мардуми он аз кишвари дӯст ва ҳамсоя Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин давраи сахт ҳимоят мекунанд.

Молдив

Мухаммад Муйзу, раисҷумҳури Молдив дар баёнияе ба муносибати шаҳодати оятуллоҳи Раисӣ гуфт: бо андӯҳи амиқ аз даргузашти раисҷумҳури Эрон дар сониҳаи ғамангези чархбол, аз Худованди Мутаол барои рӯҳи раисҷмҳур, вазири умури хориҷа ва соири ҷонбохтагони ин ҳодисаи таассуфбор раҳмат ва ҷаннати фирдавсро масъалат дорам.

Раисҷмҳури Молдив афзуд: дуои мо бо хонаводаҳои доғдор ва миллати Эрон дар ин айём андӯҳи амиқ аст.

Арабистони СаудӣАрманистонМисроятуллоҳи РаисӣПокистонРаисӣраҳбари ЭронРаҷаб Тайиб ЭрдуғонСайид Иброҳими РаисӣТасаллияти кишварҳои исломӣУммонҲусайн АмирабдуллоҳиёнЭрон
Comments (0)
Add Comment