Кумитаи амният вуруд аз марзи Афғонистонро маҳдуд кард

Кумитаи амнияти миллии кишвар вуруди беиҷозати афрод аз минтақаҳои марзӣ бо Афғонистонро манъ кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар дар изҳороте раванди дохилшавии беиҷозати афрод аз минтақаҳои марзӣ бо Афғонистон ба дигар минтақаҳои Тоҷикистонро мамнуъ эълом кард.

Тибқи ин гузориш, шаҳрвандони Тоҷикистон, афроди муқим ва афроде, ки мехоҳанд вориди хоки кишвар шаванд бояд “ҳангоми сафар ба минтақаҳои марзӣ ва вилоятҳои Бадахшон ва Хатлон гузарнома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти худро ба ҳамроҳ дошта бошанд”.

Вилоятҳои Бадахшон ва Хатлон бо вилоятҳои Бадахшон, Тахор ва Қундузи шимоли Афғонистон ҳаммарз мебошанд.

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон меафзояд, ки раванди печидаи авзоъ дар минтақа ва ҷаҳон, талоши созмонҳои террористӣ ва ифротӣ барои убури ғайриқонунӣ аз марзҳои давлатӣ ва анҷоми иқдомоти террористии зиддибашарӣ дар нуқоти мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо мекунад ҳифозат аз хоки кишвар, суботу оромиш ва тазмини зиндагии мусолиматомези сокинони он тақвият шавад.

Иттилоия меафзояд, бар асоси моддаи 19 қонуни асосии кишвар, “вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бедуни тобеъият ба манотиқи марзӣ беиҷозати Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти умури дохилӣ қотеъона мамнуъ буда, ба афрод танҳо бо тавваҷуҳ ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият иҷозаи убур аз хатти марз дода мешавад.

Кумитаи мазкур ҳамчунин таъкид мекунад, посгоҳҳои марзии Тоҷикистон рафтуойи шаҳрвандон ба манотиқи марзии ин кишварро ба шиддат кантрол мекунанд.

АфғонистонмарзТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment