Қатъан дар ин ҷанги беҳадаф, шикаст мехӯрем

Яке аз аъзои парлумони режими саҳюнистӣ бо эътироф ба шикасти қатъии ин режим дар баробари неруҳои муқовимати Фаластин, гуфт, ки илова бар аз даст додани неруҳои худ, дар арсаи байналмилалӣ низ шикаст хоҳанд хӯрд.

Бо вуҷуди идомаи ҷанги режими палиди саҳюнистӣ дар Ғазза ва Рафаҳ, “Рам бин Барак” узви парлумони ин режим ба радио Исроил гуфт, ки «ин ҷанг, беҳадаф аст ва бидуни ҳеҷ шак ва тардиде дар он шикаст хоҳем хӯрд».

Рам бин Барак, ки муовини собиқи раиси Мусод будааст, ҳамчунин изъон кард: «Маҷбӯр ҳастем, ки ҷангро дар ҳамон манотиқе оғоз кунем ва сарбозони худро аз даст бидиҳем ва дар арсаи байналмилалӣ низ шикаст бихӯрем».

Шабакаи ибрӣ забони Кан ба унвони телевизиони расмии Исроил ҳам хабар дод, ки қароро аст “Бенни Гантз” узви кобинаи ҷанги ин режим шомгоҳи имрӯз дар бораи ҷанги кунунӣ, нишасти хабарӣ баргузор кунад.

Манобеи наздик ба Бенни Гантз мегӯяанд, ки вай дар ин нишаст, нисбат ба «тадовуми ин ҷанг, бидуни таъйини аҳдофи роҳбурдӣ» ҳушдор хоҳад дод.

Ба гуфтаи ин манобеъ, Бенни Гантз ҳамчунин дар бораи роҳбурди ҷанги Ғазза, ба Бенямин Нетаняҳу,  нахуствазири режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ҳушдор хоҳад дод.

Эммит Холловей, узви парлумони режими саҳюнистӣ аз ҳизби Ликуд низ эътироф кард: «ба унвони узви комиссияи хориҷии Кнессет, иттилооте дорам, ки нишон медиҳад бар хилофи суханони артиш ва нахуствазир Бенямин Нетаняҳу, ҳамаи 24 гурдон Ал-Қассом дар Ғазза фаъоланд».

Артиши режими саҳюнистӣ, ки пештар иддао карда буд гурдонҳои Ҳамос дар шимоли Навори Ғаззаро аз байн бурда ва акнун ба думболи нобудии 4 гурдоин боқимонда аз Катоиби Ал-Қассом дар Рафаҳ аст, аз ҳафтаи пеш бо ташдиди ҳамалоти муқовимат аз шимоли Навори Ғазза ва дуруст манотиқе, ки муддаӣ буд онҳоро аз неруҳои муқовимат поксозӣ карда, ғофилгир шуд ва ба ҳамин далел бори дигар талош кард ба шаҳри вайрон шудаи Ҷиболиё бозгардад ва онро тасарруф кунад то монеъи шиллики мушакҳо аз ин минтақа ба сӯи шаҳракҳои ишғолӣ шавад.

Интишори тасовири муқовимат аз набарди сангин бо ишғолгарон ва шикори низомиёни исроилӣ ва адавоти низомии онҳо дар канори изъони мақомоти шаҳракнишинони атрофи Навори Ғазза, замингир шудани низомиёни саҳюнист дар тасарруфи шаҳри вайрон шудаи Ҷиболиёро бармало кард ва ҳеҷ роҳе барои Телавив барои сонсури ахбори нокомиаш дар шимоли Навори Ғазза ба ҷой нагузошт.

Размндагони муқовимати исломии Фаластин Ҳамос, ки ба изъони низомиёни палиди саҳюнистӣ, тактикҳои низомии худро иртиқо додаанд ба шеваҳои мухталиф, низомиёни исроилиро дар миёнаи вайронаҳои шаҳри Ҷиболиё ғофилгир мекунанд ва онҳоро ҳадаф қарор медиҳанд.

Дар ҳамин робита хонаводаҳои усарои саҳюнистӣ дар як нишасти хабарӣ таъкид карданд, ки нахуствазири Исроил бояд фавран канор гузошта шуда ва музокироти табодули усаро бо муқовимати Фаластин низ муҷаддадан оғоз шавад.

Хонаводаҳои усарои саҳюнистӣ дирӯз шанбе дар як нишасти хабарӣ, хостори озодии усарои худ шуданд. Ин усаро дар банди неруҳои муқовимати исломии Фаластин қарор доранд ва сарони Исроил ба вижа Нетаняҳу борҳо монеъ аз ҳусули тавофуқи табодули усаро шудаанд.

Шабакаи хабарии Алҷазира гузориш дод, ин хонаводаҳо бо интишори баёнияе таъкид карданд, ки кобинаи Нетаняҳу усароро ба ҳоли худ раҳо карда ва «ин масъала як ҷиноят аст; Лизо танҳо роҳи наҷоти онон, таваққуфи фаврии ҷанг аст».

Дар ин баёния омадааст: «ҳамла ба Рафаҳ, хатаре барои ҷони сарбозони асир аст. Бояд фавран Нетаняҳу аз кобина канор гузошта шавад; Зеро усароро раҳо кардааст то бо марг мувоҷеҳ шаванд».

Бар асоси ин баёния, «Нетаняҳу тавофуқи табодули [усаро]-ро бар ҳам зад ва ба ҳамин далел бояд канор гузошта шавад. Мо ба парлумони Исроил хоҳем расид ва онҷо тазоҳурот мекунем. Мардум, сарбозони асирро ба хонаҳояшон бозхоҳанд гардонд».

Хонаводаҳои усарои исроилӣ ба кобинаи Исроил ҳам гуфтанд: «усаро бояд фавран аз тариқи тавофуқи табодул, зинда бозгардонда шаванд. Нетаняҳу фақат ба хотири манофеъи шахсии худ, ҳар гуна талоше барои расидан ба ин тавофуқро ноком мегузорад».

Ин афрод хитоб ба Бенни Гантс  ва Гади Эйзенкот ва соири масъулони саҳюнистӣ ҳам таъкид карданд: «шумо ҳеҷ коре накардед. Вазифаи шумо ин буд, ки ҳақиқатро бар малло кунед ва Нетаняҳуро аз қудрат канор бигузоред. Ба Галлант ҳам мегӯем, ки замони барканории Нетаняҳу фаро расидааст».

Пас аз инки гурӯҳи муқовимати Иззуддин Ал-Кассом, (шохаи низомии Ҳамос) ҳафтаи гузашта эълом кард, ки “Надаф Бублабил” асири 51 солаи исроилӣ (бо тобеияти англисӣ) ба далели набуди имконоти пизишкӣ ҷони худро аз даст додааст, хонаводаҳои усарои саҳюнистӣ хостори озодии онон шуданд.

Хонаводаҳои усаро бо интишори баёнияе таъкид карданд: «Имрӯз мадраки ҷадиде аз яке аз усароямон дидем, ки нишон медиҳад усаро вазъияти асафборе доранд. Лизо агар мехоҳем гаравгонҳо (усаро)-ро наҷот диҳем, ибтидо бояд кобинаи Нетаняҳуро сарнагун кунем».

Хиёбонҳои Телавив, Қудси ишғолӣ ва дигар шаҳрҳои Фаластини ишғолӣ моҳҳост, ки шоҳиди тазоҳуроти мухолифони Нетаняҳу ва хонаводаҳои усаро аст; Онҳо ин рӯзҳо низ асабонитар аз гузашта хостори таваққуфи ҷанг ва табодули усаро ҳастанд.

Бенямин НетаняҳуҚудсНавори ҒаззаРежими саҳюнистӣФаластинҲамосҷанги беҳадаф
Comments (0)
Add Comment