Пурзӯр шудани тадобири амниятӣ дар бархи манотиқи марзии Тоҷикистон

Пурзӯр шудани тадобири амниятӣ ба вазъи минтақа ва ҷаҳон, талошҳои ташкилоти террористию экстремистӣ барои ғайриқонунии сарҳад рабт дода мешавад. 

Пурзӯр шудани тадобири амниятӣ ба вазъи минтақа ва ҷаҳон, талошҳои ташкилоти террористию экстремистӣ барои ғайриқонунии сарҳад рабт дода мешавад.

Ба гузориши манбаъ:

Аз шаҳрвандони дохилию хориҷӣ даъват шудаст, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои сарҳадии ВМКБ ва вилояти Хатлон бо худ шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошанд.

Постгоҳҳои сарҳадӣ даромаду баромади шаҳрвандон, аз ҷумла хориҷиҳоро ба минтақаҳои сарҳадӣ зери назорати ҷиддӣ мегиранд, иттилоъ дод Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии  Тоҷикистон.

Ин ниҳод аз шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ва шахсони дорои мақоми бешаҳрвандӣ хостааст, муқаррароти воридшавӣ ба минтақаҳои сарҳадиро риоя кунанд.

Таҳкими тадобири амниятӣ ба вазъияти мураккаби минтақа ва ҷаҳон, талошҳои ташкилоти террористию экстремистӣ баҳри убури ғайриқонунии сарҳадҳои давлатӣ ва амалӣ сохтани актҳои зиддибашарии террористӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон рабт дода шудаст.

Ин вазъият тақозо менамояд, ки ҳифзу ҳимояи ҳудуди мамлакат, суботу оромӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи сокинон пурзӯр карда шавад, афзуд КДАМ.

Зикр гардидаст, ки мувофиқи моддаи 19-уми қонуни Тоҷикистон “Дар бораи сарҳади давлатӣ”, ба минтақаи сарҳадӣ дохил шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ бе иҷозатномаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ қатъиян манъ мебошад.

Барои иҷозати дигар шахсон ба хати сарҳад танҳо мувофиқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва барои сафар барасмиятдаровардашуда ризоият дода мешавад, омадааст дар иттилоия.

Воридшавӣ ба минтақаҳои номбурда бе риояи чунин талабот иҷозат дода намешавад, таъкид наумудаанд нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Пештар Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар Нишасти намояндаҳои Вазорати хонаҳову идороти кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Маскав пешинависеро барои тақвияти амнияти марзии Тоҷикистон ва Афғонистон ироа карда буд, ки бо вокуниши Ҳукумати Толибон рӯбарӯ шудааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон бо баёни ин ки ҳеҷ таҳдиди марзӣ аз хоки Афғонистони мутаваҷҷеҳи кишварҳои ҳамсоя нест, тасреҳ кард: Мо ҳаргиз иҷоза намедиҳем шахс ё гуруҳе аз хоки Афғонистон алайҳи кишваре истифода кунад ва чунин гуруҳҳоеро ҳам дар Афғонистон надорем, ки алайҳи кишваре иқдом кунанд.

Вай гуфт: Идомаи атлаб дар …

 

КДАМмарзТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment