Барномаи ҳамкории Тоҷикистону Чин барои солҳои 2025-2026 ба имзо расид

Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2025-2026 ба имзо расид, ки ба таҳкими равобит равона шудаст.

Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2025-2026 ба имзо расид, ки ба таҳкими равобит равона шудаст.

Ба гузориши манбаъ:

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои чинияш, Ван И, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.

Ба иттилои ВУХ Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ масоили мухталиф, аз амнияти минтақавӣ то ҳолат ва дурнамои ҳамкории байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мувофиқа карда шуд, ки ҷонибҳо таҳкими ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва тандурустӣ идома медиҳанд.

Инчунин Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2025-2026 ба имзо расид.

Ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин қолаби “Осиёи Марказӣ+Чин” низ мавзӯи меҳварии мулоқот буд.

Қаблан вазири Чин бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Раисҷумҳур аз тамоюли афзояндаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ҳамаҷониба изҳори қаноатмандӣ кард.

Вай гуфт:

“Мо ҷонибдори идомаи тақвияту густариши чунин анъанаҳои ҷавобгӯ ба манфиатҳои бунёдии мардумони ду кишвар ҳастем”.

Ҳаҷми умумии сармояи чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар даҳ соли охир 3,8 млрд долларро ташкил медиҳад, қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз имзои барномаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои дипломатики кишвар ва Чин барои солҳои 2023 ва 2024 хабар додааст.

Дар дидори Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Ван И,вазири корҳои хориҷаи Чин, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, барномаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои дипломатики ду кишвар ба имзо расид.

Дар ин дидор бахши густардае аз ҳамкориҳои дуҷониба, иҷрои тавофуқҳои сарони ду кишвар дар ҳошияи бозиҳои олимпии замистони дар Пекин, масоил амният минтақае, вазъият ва дӯрнмои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Идомаи матлаб дар …  

ТоҷикистонҲамкорӣЧин
Comments (0)
Add Comment