Коҳиши издивоҷу талоқ дар Суғд

Ба гуфтаи мақомоти вилояӣ, давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии Суғд коҳиши мавориди бастану бекор шудани ақди никоҳ сабт шудааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Суғд дар умум 5476 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст.

Теъдоди азҳампошии оилаҳо низ тайи моҳҳои январ-марти соли равон низ коҳиш ёфта, ба 886 ҳолат баробар шудааст.

Бар пояи иттилоъи манбаъ, ҳарчанд шумори бекоркунии ақди никоҳ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 175 адад кам шуда бошад ҳам, агар дар таносуб бо теъдоди бастани ақди никоҳ таҳил шавад, афзоиш ба мушоҳида мерасад.

Зикр шудааст, ки омори бастани ақди никоҳ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ, нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш 614 адад кам аст. Ин омор дар як соли пеш 6081 адад сабт шудааст.

Ҷомеашиносон сабабҳои аслии афзоиши пошхурии оилаҳоро аз коҳиши таҳаммулпазирии оилаҳои ҷавон ва мушкили шароити иқтисоди хонаводагӣ ва ноустувории институтҳои оилавӣ шарҳ медиҳанд.

Илова бар ин, Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ сабабҳои маъмултарини пароканда шудани оилаҳоро номбар кардааст:

  • муҳоҷирати корӣ;
  • бемории яке аз ҳамсарон;
  • бефарзандӣ;
  • зӯроварӣ дар оила.

Бисёре аз ҷуфтҳо гуфтаанд, ки ба далели номувофиқ будани аъзои хонавода, дахолати шахсони сеюм ва ҳатто гирифтани шаҳрвандии Русия, маҷбуранд, ин муносибатро қатъ кунанд.

Мутаассифона дар солҳои ахир омори талоқ ва пошхӯрии оилаҳо ба таври назаррасе афзоиш ёфта ва ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст. Омилҳои он метавонад, фардӣ, хонаводагӣ, иҷтимоӣ, муҳитӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва хусусан муҳоҷирати мардон барои кор бошад. Ҳар як аз ин маворид ниёз ба баррасиҳои густурда дорад, ки сода нест. Аммо ба таври хулоса бояд баён кард, ки ду ниҳод барои муқобила бо афзоиши талоқ дар ҷомеаи мо бояд эҳсоси вазифа карда ва иқдомоти лозимро дар ин замина анҷом диҳанд.

Ниҳоди аввал давлати кишвар аст, ки вазифадор аст заминаи доштани як оилаи хубро барои шаҳрвандони худ фароҳам кунад, ҳам аз назари иқтисодӣ ва ҳам аз назари фарҳангӣ.

Ниҳоди дуюм Кумитаи дин аст, бар ин асос бар дӯши Кумитаи дини кишвар аст то рӯҳониёни кишварро маъмур кунад нисат ба аҳамият ва ҷойгоҳи оила ва хонавода дар Ислом бештар суҳбат карда, донишу маърифати оиладории мардуми кишвар ба вижа ҷанонро афзоиш диҳанд.

Қобили зикр аст, ки машварти падарона ва модаронаи бузургон ба ҷавонон дар тақвияти оилаҳо метавонад бисёр муассир бошад.

издивоҷСуғдталоқТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment