Ифшои пасларзаҳои посухи кӯбандаи Эрон ба саҳюнистҳо

Посухи сахту кӯбандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҷиноятҳо ва террорҳои навбатии мақомоти ҶИЭ пасларзаҳое ба ҳамроҳ доштааст.

Ба тозагӣ бархе манобеъ ва расонаҳо дар заминҳои ишғолӣ эълон кардаанд, режими Исроил бо ҳамкории давлати Амрико дар ҳоли аз рада хориҷ кардани сомонаҳои мушакии қадимии Патриют ва ҷойгузин кардани онҳо бо сомонаҳои падофандии гунбади оҳанин аст. Манобеи исроилӣ аз ҷумла вебгоҳи Taims of Israeel таъкид кардаанд, дар ҷараёни амалиёти мушакӣ-паҳподии ахири Эрон, нокоромадии сомонаи Патриют собит шудааст.

Наздики як моҳ аз иҷрои амалиёти густардаи мушакӣ-паҳподии Эрон ба заминҳои ишғолӣ бо унвони амалиёти “ваъдаи содиқ” мегузарад. Амалиёте, ки ба назари бисёре аз нозирон ва таҳлилгарон масоили роҳбурдӣ, бисёре аз қоидаҳои боздорандагӣ дар сатҳи минтақаро тағйир дод ва каффаи боздорандагии Эрон ба зарари саҳюнистҳоро тақвият кардааст. Бо ин ҳама, амалиёти мазкур, ки бар асоси ончи манобеи ғарбӣ гуфтаанд, бо ҳузури беш аз 180 паҳпод, 35 мушаки куруз ва албатта беш аз 110 мушаки баллистик иҷроӣ шуд, барои Исроил аз назари эътибори идрокӣ дар арсаи минтақаӣ ва байналмилалӣ, чолишҳои ҷиддӣ ба вуҷуд овардааст.

Расонаҳои ҳамсӯ ва ҳамроҳ бо режими ишғолгари Қудс, дар авҷи амалиёти “ваъдаи содиқ” ва давраи замонии пас аз он, аз найранге истифода карданд, то шояд битавонанд аҳамияти амалиёти мазкурро кам кунанд. Барои мисол, онҳо аз калидвожаи раҳгирӣ ва хунсосозии 99 дарсад аз партобаҳои Эрон сӯҳбат карданд ва ҳатто аз пирӯзии Исроил дар ин робита сухан гуфтаанд. Бо ин ҳама, дар инки амалиёти “ваъдаи содиқ”, зилзилаи бузургро дар роҳравҳо қудрати заминҳои ишғолӣ эҷод кард ва бисёре аз маҳофили низомӣ ва иттилоотиии исроилӣ шокка шуданд, камтар касе тардид дорад.

Шояд битавон нуқтаи атфи амалиёти мазкурро дар бархурди мушакҳои эронӣ ба таъсисҳои душмани саҳюнистӣ донист, ки ҷузви ҳифозатшудатарин таъсисҳои низомии ин режим буданд. Дар ин робита метавон ба пойгоҳҳои ҳавоии “Ромун”, ба вижа “Нувотим” ишора кард, ки омоҷи мушакҳои эронӣ қарор гирифтанд. Ду ҳафта баъд аз иҷрои амалиёти “ваъдаи содиқ”, шоҳиди зоҳир шудани 2 пасларзаи ҷадид ва қобили тааммул бо меҳварияти амалиёти мазкур алайҳи ишғолгарони исроилӣ будем.

  1. Аз радаи хориҷ шудани бархе сомонаҳои падофандӣ дар заминҳои ишғолӣ

Ба тозагӣ бархе манобеъ ва расонаҳо дар заминҳои ишғолӣ эълон кардаанд, режими Исроил бо ҳамкории давлат Амрико дар ҳоли аз рада хориҷ кардани сомонаҳои мушакии қадимии патриют ва ҷойгузин кардани онҳо бо сомонаҳои падофандии гунбади оҳанин аст. Манобеи исроилӣ аз ҷумла вбгоҳи Taims of Israeel таъкид кардаанд? дар ҷараёнb амалиёти мушакӣ-паҳподии ахири Эрон, нокоромадии сомонаи патриют собит шудааст. Мавзуе, ки то ҳадди зиёде таҳти таъсири қадимӣ будани бархе аз ин сомонаҳои падофандӣ аст, албатта иштибоҳи ин сомонаи падофандӣ дар раҳгирии дурусти мушак ва паҳподҳои эронӣ низ ҷойгузинии онҳоро бо сомонаҳои мушакии пешрафтатар монанди гунбади оҳанин, ба як илзом табдил кардааст. Муодилае, ки бисёре аз он ҳамчун шоки бузурги амалиёти “ваъдаи содиқ” ба системаи падофандии режими саҳюнистӣ ёд мекунанд.

  1. Истеъфои маънодори раиси бахши иттилооти низомии артиши Исроил

Ба тозагӣ шоҳиди як рӯйдоди қобил таваҷҷуҳ ва маънодори дигар дар умқи заминҳои ишғолӣ ҳастем. Моҷарое, ки ба таври мустақим бар асоси ончи манобеи огоҳ эълон кардаанд, бо амалиёти “ваъдаи содиқ”-и Эрон ва ҳамлаи густардаи мушакӣ-паҳподӣ ба Фаластини ишғолӣ муртабит аст. Сарлшкар Оҳорун Ҳоливо, раиси бахши иттилооти низомии артиши Исроил, ба далели ончи сӯи муҳосибаи иттилоотӣ ва амниятӣ дар моҷарои ҳамла ба консулгарии Эрон дар Димишқ унвон шуд, маҷбур ба истеъфо аз мансаби худ шудааст. Албатта Ӯ пештар низ ба далели рухдоди амалиёти ҳафтуми октябр, бо фишорҳои густардае дар заминҳои ишғолӣ рӯбарӯ буд ва амалиёти “ваъдаи содиқ”-и Эрон дарҳқиқт тири халосе ба ин мақоми низомӣ-иттилоотии саҳюнист буд.

Нуктаи қобили тааммул ин аст, ки пас аз вай, фармондеҳи минтақаи марказии артиши режими ишғолгари Қудс бо номи Яҳудо Фокс низ аз мансаби худ истеъфо кард ва бинобар ончи манобеи саҳюнистӣ гуфтаанд, аз тарки ҳузури худ дар курсии низомиаш то моҳи август хабар додааст. Дар канори ҳамаи инҳо, ахбори мухталифе далолат бар истеъфои шуморе аз фармондеҳони бархе типҳои артиши Исроил монанди типи ашбоҳ низ ба гӯш мерасад.

Истеъфоҳое, ки ба назар мерасад пас аз иҷрои амалиёти “ваъдаи содиқ”и Ҷумҳурии Исломии Эрон, моҳияти эпидемик пайдо кардаанд ва ба назар мерасад ҳаҷм ва густардаи онҳо бисёр бештар аз ин ҳарфҳо аст ва расонаҳои саҳюнист ва худии режими ишғолгари Қудс дар ин робита сонсури хабариро дар дастури кор қарор додаанд.

Интавр ки мушаххас аст, абъод ва паёмадҳои воқеии ҳамлаи мушакӣ-паҳподии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба умқи заминҳои ишғолӣ, бо гузашти замон ва ба сурати тадриҷӣ, беш аз пеш ошкортар ва расонаитар хоҳад шуд. Ин нукта аҳамият дорад, ки ривоятсозии ҷараёнҳои сиёсӣ ва расонаии ғарбӣ дар мавриди амалиёти мазкур бисёр сангин аст, ва-гарна набояд шоҳиди чунин паёмадҳои қобили таваҷҷуҳе монанди аз рада хориҷ кардани бахше аз сомонаҳои падофандии Исроил ва ё истеъфои мақомоти аршади иттилоотӣ-низомии саҳюнистӣ бошем.

АмрикоИсроилҚудсРежими саҳюнистӣФаластинҳамлаи мушакӣЭрон
Comments (0)
Add Comment