Таваққуфи наслкушӣ дар Ғазза хостаи ҷаҳонӣ

Режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза бо ҳимояти бечунучарои Амрико ва кишварҳои ғарбӣ, тамоми қавоиди инсонӣ ва ахлоқиро зери по гузошта ва дар сояи беамалии Созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва ғафлати бархе аз ҳуккоми арабӣ ва исломӣ ба фаҷеътарин шакли мумкин, миллати мазлуми Фаластинро ҳатки ҳурмат мекунад.

Ин аввалин бор аст, ки ҷаҳон ба сурати мустақим ва бепарда шоҳиди нақзи ваҳшиёнаи қадосати зиндагӣ, фарҳанг ва дин аст. Таарруз ба занони асир дар муқобили афроди хонавода ва сипас қатли онҳо дар сурати эътироз ба ин амали фаҷеъ, шанеътарин ҷинояте аст, ки ҳар инсоне метавонад муртакиб шавад. Ин дарҳоле аст, ки ҳатто як баргаи боздошт барои касе, ки ин дастурро дода, ё касе, ки ин иқдоми ваҳшёнаро муртакиб шуда, содир нашудааст.

Вокуниши аксари кишварҳои ҷаҳон дар муқоиса бо ҳаҷми фоҷиае, ки бар сари миллати мазлуми Фаластин фуруд меояд, хиҷолатовар аст. Албатта ба ҷуз иқдомоти наҷибонаи донишҷӯёни донишгоҳҳои Амрико ва бархе аз донишгоҳҳои ғарбӣ, ки талош мекунанд, зимни ҳиросат аз шарофати хеш, зиндагии фаластиниҳои бегуноҳро наҷот диҳанд. Бар ҳамин асос бо вуҷуди саркӯб, боздошт, зиндон, таълиқ, ихроҷ ва лағви визои донишҷӯёни хориҷӣ, ҳаракати ҷунбиши донишҷӯӣ дар Амрико ва Аврупо алайҳи наслкушии режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар Навори Ғазза бо қудрат идома дорад.

Режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ тайи ҳафт моҳи гузашта, куштори густурдаеро дар Ғазза ба роҳ андохта ва зимни бастани тамоми гузаргоҳҳо ва ҷилавгирӣ аз вуруди кумакҳои имдодӣ, ин минтақаро ба як вайрона табдил кардааст.

Ин режим ҳамчунин ба баҳонаи нобудии Ҳамос қасд дорад то ба шаҳри марзии Рафаҳ, ҷое, ки беш аз як миллион фаластинӣ паноҳ гирифтаанд, ҳамла кунад. Ин масъала нигаронии байналмилалиро барангехта ва ба режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ҳушдор додаанд, ки чунин иқдоме буҳрони инсонӣ дар Навори Ғаззаро вахимтар мекунад.

Аммо артиши режими саҳюнистӣ эътиное ба накарда ва тайи ин муддат 3 ҳазор ва 25 маврид ҷиноят алайҳи сокинони Навори Ғазза анҷом додааст. Дафтари иттилоъ расонии давлати Фаластин дар Навори Ғазза теъдоди маҷрӯҳони фаластинӣ дар тӯли ин 200 рӯз аз ҷангро 77 ҳазор ва 143 нафар эълом кардааст, ки 72 дарсад аз қурбониён, кӯдакон ва занон ҳастанд. Бар асоси ин гузориш, дар ин муддат 17 ҳазор кӯдак волидайни худро аз даст додаанд ё бидуни яке аз онҳо зиндагӣ мекунанд.

Дафтар иттилоъ расонии давлати Фаластин дар Навори Ғазза соири қурбониён ва хисоратҳои иқтисодӣ ва молиро, ки мардуми ин минтақа ба далели ҳамалоти режими саҳюнистӣ мутаҳаммил шудаанд, ба ин шарҳ эълом кардааст: – 11 ҳазор маҷрӯҳ барои анҷоми амали ҷарроҳӣ ба сафар ниёз доранд. – 10 ҳазор бемори саратонӣ дар маърази марг ҳастанд ва ба дармон ниёз доранд. – 10 миллион ва 90 ҳазор нафар бар асари оворагӣ ба бемориҳои уфунӣ мубтало шудаанд. – 8 ҳазор нафар ба далели оворагӣ ба уфунати ипотити вирусӣ дучор шудаанд. – 6 ҳазор зани бордор ба далели набуди муроқибатҳои беҳдоштии лозим дар маърази хатар қарор доранд. – 350 ҳазор бемор ба далели набуди воридоти дору дар маърази хатар ҳастанд. – Боздошти 5 ҳазор нафар аз сокинони Навори Ғазза дар ҷараёни ҷанги наслкушӣ алайҳи онҳо тавассути режими саҳюнистӣ. – Боздошти 310 нафар аз кодри пизишкӣ ва дармонӣ тавассути артиши режими Исроил. – Сабти 20 маврид боздошти хабарнигороне, ки асомии онҳо мушаххас аст. – Овора шудани 2 миллион нафар дар Навори Ғазза. – Вайронии 181 сохтумони давлатӣ. – Вайронии комили 103 мадраса ва донишгоҳ. – Вайрони 309 боби мадраса ва донишгоҳ ба сурати ҷузъӣ. – Вайронии комили 239 масҷид ва тахриби 317 боби дигар ба сурати ҷузъӣ ҳадаф қарор гирифтан ва вайрон шудаанд.

Бар асоси гузоришҳо, токунун афзӯн бар 35 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва беш аз 82 ҳазор нафари дигар дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза маҷрӯҳ ва беш аз 10 ҳазор тан низ бедарак шудаанд.

АврупоАмрикоҒаззаНавори ҒаззаРафаҳРежими саҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment