Ризояти ИИАО аз раванди ҳамкорӣ бо Муғулистон

Ризояти ИИАО аз раванди ҳамкорӣ бо МуғулистонКорҳои муқаддамотӣ барои бастани созишномаи тиҷории муваққатӣ байни ИИАО ва Муғулистон аллакай оғоз шудаанд ва мумкин аст то охири соли ҷорӣ ба анҷом расад.

Ризояти ИИАО аз раванди ҳамкорӣ бо МуғулистонКорҳои муқаддамотӣ барои бастани созишномаи тиҷории муваққатӣ байни ИИАО ва Муғулистон аллакай оғоз шудаанд ва мумкин аст то охири соли ҷорӣ ба анҷом расад.

Ба гузориши манбаъ:

Муғулистон на танҳо ҳамсоя, балки шарики муҳими кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад.

Ин нуктаро вазири савдои ИИАО, Андрей Слепнев дар пасманзари ташаббуси ба таври расмӣ оғоз кардани музокирот дар бораи бастани созишномаи муваққатии тиҷоратӣ бо Муғулистон баён дошт.

Ташаббуси мазкур аз ҷониби раҳбарони кишварҳои узви ИИАО дар нишасти Маскав, ки 8 май баргузор шуд, дастгирӣ ёфт.

Слепнев ин иқдомро ояндадор хонд. Ӯ афзуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти Муғулистон сари таҳкими равобит кор карда истодаанд.

Вай гуфт:

“Мо якҷо бо ҳамкорони худ аз Улан-Батор воситаҳои сиёсати савдоро ҳамаҷониба омӯхтем, ки онҳоро барои амиқтар кардани ҳамкориҳои мутақобилан судманд истифода бурдан мумкин аст. Инчунин оқибатҳои ташаккули низоми тиҷорати озодро омӯхтем”.

Корҳои муқаддамотӣ барои бастани созишномаи тиҷории муваққатӣ байни ИИАО ва Муғулистон аллакай оғоз шудаанд ва мумкин аст то охири соли ҷорӣ ба анҷом расад.

Вай илова намуд:

“Дар семоҳаи аввал мо бо ҷониби Муғулистон машваратҳои муфассал анҷом додем ва аллакай доир ба чаҳорчӯби созишномаи тиҷоратии оянда ба мувофиқа расидаем”.

Ба бовари Слепнев тамоми асосҳо мавҷуданд, ки ба роҳбарони кишварҳои узви ИИАО ва Муғулистон гузориш дода шавад, ки созишнома барои имзо омода шудааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тақвияти ҳамкорӣ бо Муғулистонро яке аз самтҳои афзалиятноки ин созмон медонанд.

Намояндаи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бакитҷон Сагинтаев бо муовини сарвазир – вазири иқтисод ва рушди Муғулистон Чимэдийн Хүрэлбаатар дидору мулоқот кард.

Ҷонибҳо пеш аз оғози машваратҳо дар мавриди имзои созишномаи муваққатии тиҷоратӣ миёни Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Муғулистон ва як қатор масъалаҳои мубрамро баррасӣ карданд. Идомаи матлаб дар …

 

ИИАОМуғулистон
Comments (0)
Add Comment