Омори ҳайратангез аз 220 рӯзи ваҳшигариҳои саҳюнистҳо дар Ғазза

Режими ишғолгари Исроил тайи ҳудуди 8 моҳ ҷанги наслкушӣ алайҳи Навори Ғазза, ба шакли систематик барои нобудии ҳамаи нишонаҳои зиндагӣ дар ин минтақа ва аз байн бурдани ҳувияти фаластиниҳо талош ва ба ҳар иқдоми ваҳшиёне даст задаанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, дар 220 рӯзи таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза, дафтари итилоърасонии давлатии Ғазза муҳимтарин омори ҷанги наслкушии ишғолгарон алайҳи мардуми Фаластинро нашр кард.

Тибқи омори дафтари итилоърасонии давлатӣ дар Навори Ғазза, ки асри рӯзи гузашта нашр шуд, ишғолгарон аз 7 октябри 2023 токунун дасти кам 3123 маврид қатли дастаҷамъӣ дар Ғазза анҷом додаанд, ки мунҷар ба шаҳодати беш аз 35 ҳазор нафар шудааст. Дар ҷараёни ин қатли омҳо ҳамчунин ҳудуди 80 ҳазор нафари маҷрӯҳ ва беш аз 10 ҳазор тан низ бедарак шудаанд.

Ин омор нишон медиҳад, ки бештарин омори қурбониёни ҷиноёти ишғолгарон дар Навори Ғазза марбут ба занону кӯдакон аст ва бисёре ҳам дар асари муҳосираи сангине, ки душмани ишғолгар ба Ғазза таҳмил карда бар асари гуруснагӣ ҷон бохтаанд.

Хулосаи ин омор ба шакли зер аст:

  • 3123 маврид қатли ом тавассути артиши ишғолгар алайҳи мардуми Ғазза анҷом шудааст.
  • 45 ҳазору 91 нафар шаҳид ва бедарак шудаанд.
  • даст кам 10 ҳазор нафар бедарак ҳастанд.
  • 35 ҳазору 91 нафар ба шаҳодат расидаанд, ки албатта ин омор марбут ба шаҳидоне аст, ки ба бемористонҳо расида ва номи онҳо сабт шудааст.
  • 15 ҳазору 103 кӯдак ба шаҳодат расидаанд.
  • 31 нафар бар асари гуруснагӣ ба шаҳодат расидаанд.
  • 9961 зан ба шаҳодат расидаанд.
  • 492 нафар аз тимҳои пизишкӣ шаҳид шудаанд.
  • тибқи омори расмӣ 62 нафар аз аъзои тимҳои маданӣ ба шаҳодат расидаанд.
  • токунун шаҳодати 143 хабарнигор таъйид шудааст.
  • токунун ҳафт гӯри дастаҷамъӣ дар дохили бемористонҳои Ғазза кашф шудааст, ки ҷасади 520 шаҳид аз онҷо берун омад.
  • 78 ҳазору 827 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
  • 72 дарсад аз қурбониёни ҷиноёти ишғолгарон дар Ғазза занон ва кӯдакон ҳастанд.
  • 17 ҳазор кӯдак бидуни падару модари худ ва ё бидуни яке аз онҳо зиндагӣ мекунанд.
  • 11 ҳазор нафар барои дармон ниёз ба сафар ба хориҷ аз Ғазза доранд.
  • 10 ҳазор бемори саратонӣ бо марг дасту панҷа нарм мекунанд ва ниёз ба дармони сареъ доранд.
  • як миллиону 95 ҳазор нафар бар асари оворагӣ мубтало ба бемориҳои уфунӣ шудаанд.
  • 20 ҳазор мавриди ибтило ба уфунати ҳипотити вирусӣ дар асари оворагӣ сабт шудааст.
  • 60 ҳазор зани бордор ба далел адами дарёфти имконоти беҳдоштӣ дар маърази хатар ҳастанд.
  • 350 ҳазор бемори мубтало ба бемориҳои сахт дармон ба далели адами дастрасӣ ба доруҳои худ дар маърази хатар қарор доранд.
  • неруҳои артиши саҳюнистӣ дасти кам 5000 нафарро дар хилоли ҷанги наслкушӣ алайҳи Ғазза аз ин минтақа рабӯдаанд.
  • артиши душман токунун 310 нафар аз аъзои кадри пизишкӣ дар Ғаззаро боздошт кардааст.
  • саҳюнистҳо ҳамчунин 20 хабарнигорро, ки номи онҳо сабт шуда аст боздошт кардаанд.
  • 2 миллион нафар дар Навори Ғазза овора шудаанд.
  • 186 мақарри давлатӣ дар Навори Ғазза тавассути артиши саҳюнистӣ вайрон шудааст.
  • артиши душмани ишғолгар 103 мактабу донишгоҳро дар Навори Ғазза ба таври комил вайрон кардааст.
  • 311 мактабу донишгоҳ дар Ғазза ба шакли ҷузъӣ вайрон шудааст.
  • ишғолгарон 247 масҷидро ба шакли куллӣ ва 326 масҷидро ба шакли ҷузъӣ вайрон кардаанд.
  • саҳюнистҳо 3 килисоро ҳадаф қарор дода ва онҳоро вайрон карданд.
  • 86 ҳазор хонаи истиқоматӣ дар Ғазза ба шакли комил ва 294 ҳазор воҳид ба шакли ҷузъӣ вайрон шудааст.
  • ишғолгарон дар хилоли ҷанги наслкушии худ алайҳи Ғазза токунун 75 ҳазор тонна маводи тарканда бар сари мардуми Ғазза рехтаанд.
  • 33 бемористон ба таври комил аз хизмат хориҷ шудааст.
  • 55 маркази беҳдоштӣ аз хизмат хориҷ шудааст.
  • ишғолгарон 160 маркази беҳдоштӣ ва 126 мошини таъҷилиро мавриди ҳадаф қарор додаанд.
  • 206 макон ва осори бостонии Навори Ғазза тавассути режими ишғолгар нобуд шудааст.
  • хисорати куллии ҷанги наслкушии режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза ба шакли мустақим токунун 33 миллиард доллар баровард шудааст.

Ҳамчунин дар сояи ҷанги вайронгари режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза токунун омори бекорӣ дар ин минтақа ба 75 дарсад ва омори фақр ба 90 дарсад расидааст. Ҳамчунин беш аз 200 ҳазор нафар дар Ғазза дар се моҳи ибтидоии ҷанг кори худро аз даст доданд аз ҷумла ҳудуди 5000 моҳигир. Илова бар он 95 дарсади муассисоти иқтисодӣ дар Навори Ғазза ба далели бомбаборону вайронӣ ва наслкушие, ки режими саҳюнистӣ ба роҳ андохта ба таври комил аз кор мондаанд.

Ба гузориши дафтари итилоърасонии давлатӣ дар Навори Ғазза, режими ишғолгар ҳамчунин 15 бахши марбут ба кору зиндагиро дар Ғазза нобуд карда, ки ин бахшҳо иборатанд аз бахши маскану хона, бахши хадамоту шаҳрдориҳо, бахши тиҷорӣ, бахши саноат, бахши давлатӣ, бахши кишоварзӣ, бахши тандурустӣ, бахши таълимӣ, бахши расона, бахши тафреҳу ҳотелҳо, бахши иртибототу интернет, бахши нақлиёт ва бахши барқ. Дар ин бахшҳо даҳҳо ҳазор нафар шуғлу тиҷорати худро аз даст додаанд.

Илова бар он Созмони Милал ва Банки ҷаҳонӣ ҳам гузориш доданд, бомбаборонҳо ҳаҷми бисёр азиме аз вайрониро дар Ғазза бар ҷой гузоштаанд, ки тахмин зада мешавад ҳаҷми онҳо беш аз 37 миллион тонна бошад. Ин бадон маъност, ки амалиёти оворбардорӣ дар Ғазза солҳо давом хоҳад кард.

Ахиран СММ бо ишора ба ҳаҷми вайронии густардае, ки режими саҳюнистӣ дар Навори Ғазза ба вуҷуд овардааст эълом кард: Амалиёти оворбардорӣ дар Ғазза дар пайи ҷанги вайронгари Исроил алайҳи ин минтақа эҳтимолан ҳудуди 14 сол давом кунад.

ҒаззаИсроилРежими саҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment