Тасвиб пешнависи узвияти комили Фаластин дар Созмони Милал

Маҷмаъи умумии Созмони Милал пас аз солҳо коршикании Амрико ба пешнависи қатъномаи узвияти комили Фаластин дар ин ниҳод рой мусбат дод.

Нишаст изтирории маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи қатъномаи иртиқоӣ “ ҳуқуқу имтиёзот “ Фаластин ки аз шуроӣ амният мехоҳад дар хости Фаластин барои табдил ба яксаду наваду чаҳорумин узви созмони милалро ба таври матлуб бознигарӣ кунад, субҳи ҷумъа ба вақти маҳаллӣ дар мақари ин ниҳод дар Ню-Йорк баргузор шуд.

Пеш нависи қатъномаи ҳимоят аз узвияти комили Фаластин дар маҷмаъи умумии Созмони Милал ки бо 143 рай мувофиқ, 9 рай мухолиф ва 25 рай мумтанеъ ба тасвиб расед, ба Фаластини ҳуқуқу имтиёзоти бештарӣ дар Созмон Милал хоҳад дод. Фаластин дар ҳоли ҳозири нозир ғайриузв аст, аммо солҳост ки барои узвияти комил дар ин ниҳоди байни алмилалӣ талош мекунад. Ин талош барои чандумини бор апрели гузаштаи тавассути Амрико дар шурои амнияти Созмони Милали вето шуда буд.

Ҳарчанд бар асоси ин қатънома ба Фаластини ҳуқуқу имтиёзоти бештарӣ монанди пайвастан ба созмонҳоу ниҳодҳои мухталифи созмони милал ки ҳам акнӯн қодир ба анҷом он нест, дода хоҳад шуд, аммо то расӣдан ба узвияти комили Фаластин дар ин ниҳоди муҳими байни алмилалии фосила зиёди аст.

Бо ин ҳоли талоши ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои таҳаққуқи ҳуқуқу ормони миллати Фаластин дар ин бурҳаи торихи ки мардуми ин сарзамини омоҷи шадидтарин наслкушии таърих аз суи низомиёни режими саҳюнистии қарор доранд, иқдомии маънодор ва сутудани аст, зеро бо тасвиби ин қатънома, Фаластин расман ба унвони кишварии воҷиди шароит барои узвияти комил ба расмияти шинохта шуд ки иқдомии ру ба ҷилаву умеди бахш аст.

Дар ҳамин иртибот “ Муҳамади Абушаҳоб “ сафир ва муовини намояндагии Иморот дар Созмони Милал ки ба намояндагии гуруҳи кишварҳои арабии пешнависи ин қатъномаро ироа карда буд мегуяд, мардуми Фаластин миллатии сулҳталабу сазовори ин фурсат ҳастанд то аз тариқи Созмони Милал ба таври муассир ба башарияти хизмат кунанд.

Ҷумҳурии Исломии Эрони ҳам бо истиқбол аз талоши маҷмаъи умумии Созмони Милал барои тасвиби пешнависи қатъномаи узвияти комили Фаластин дар ин ниҳод, эълон кард ки роҳи ҳали ҳамаҷонибаи масаълаи Фаластин фақат аз тариқи таҳаққуқи комили ҳаққи ин миллат дар таъйини сарнавишт ва эҷоди кишвари мустақили фаластинӣ бо пойтахтии Қудси шарифи имкон пазираст. Пас аз ташдиди ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза дар моҳҳои ахир, фаъолиятҳои диплумотик барои ба расмият шинохтани кишвари мустақили Фаластин ва узвияти комили он дар Созмони Милал афзоиш ёфта буд.

Бо ин вуҷӯд 18 апрели гузашта дар ҳоле ки 12 узви шӯрои амният аз ҷумлаи Русия ва Чин ба қатъномаи пазириши узвияти комили Фаластин дар Созмони Милали райи мусбат дода буданд, Амрикои ин қатъномаро вето кард. Кишвари мустақили Фаластин то ба ҳол аз суи 140 кишвар аз 193 узви Созмони Милали Муттаҳид ба расмияти шинохта шуда ва сафоратхонахоҳо ва намояндагиҳои доимии Фаластин дар 95 кишвари ҷаҳон вуҷуд дорад. Ба ҳамин далели Ҷумҳурии Исломии Эрони зимни ҳимоят аз узвияти комили Фаластин дар Созмони Милал, муътақидаст ки таҳаққуқи ин амр гоми муҳим дар расидагӣ ба беадолатиҳои торихии алайҳи мардум Фаластин аст.

Кишварҳои дорои вазияти нозир ҳарчанд метавонанд дар аксари ҷаласот ширкат кунанд аммо ҳақи рай надоранд, мавзуъи ҳоизи аҳамият дар бораи ҳимояти қотеъи кишварҳо аз иртиқои ҷойгоҳи Фаластин дар Созмони Милал дар ин бурҳа ин ки ин ҳимоятҳо пас аз ҷанги Ғазза ва наслкушии режими саҳюнистӣ афзоиш ёфта ва ин мавзуъро метавон аз паёмадҳои наслкуши ва ҷиноятҳои бесобиқаи саҳюнистҳо дар Ғазза донист.

Дар воқеъ бо вуҷуди ҳамроҳии ғарби ҳо бо Тел-Авив ва коршикании онҳо бо иртиқои ҷойгоҳи Фаластин ба унвони як кишвари узви расмии Созмони Милал аммо вазъият бар хилофи хостаи онҳо ва режими саҳюнистӣ рақам хурд ва бо исрор ва пайгирии ҷомеъаи ҷаҳонӣ иртиқои узвияти Фаластин дар муҳимтарин ниҳоди байналмиллалӣ таҳақуқ ёфт ва интизор меравад бо идомаи ин раванд дар ояндаи начандон дур миллати Фаластин низ монанди дигар кишварҳо аз ҳуқуқи комили худ дар муҳимтарин ниҳоди байналмиллалӣ бархурдор шавад.

Созмони МилалФаластин
Comments (0)
Add Comment