Дар эътирозҳои зидди Исроил дар Амрико 50 устоди донишгоҳ ва 2400 донишҷӯ боздошт шуданд

Як шабакаи амрикоӣ ба нақл аз гузоришҳои полис ва созмонҳои давлатӣ эълом кард, ки дар ҷараёни эътирозоти донишҷӯии ахир дар сартосари Амрико дасти кам 50 устоди донишгоҳ ва беш аз 2400 донишҷӯ боздошт шудаанд.

Ба гузориши шабакаи хабарии “CNN” ба нақл аз парвандаи полис гузориш дод, ки аз рӯзи 18 апрел, ки эътирозот дар донишгоҳҳои амрикоӣ оғоз шуда, дасти кам 50 устоди донишгоҳ дар эътирозоти донишҷӯӣ тавассути полис дастгир шудаанд. Бар асоси гузоришҳои полис, беш аз 2400 донсҷӯ дар беш аз 50 донишгоҳ дар сартосари Амрико ба далели мушорикат дар эътирозот ба режими саҳюнистӣ боздошт шудаанд. Ҳимоят аз мардуми Ғазза ва эътирозот алайҳи сиёсатҳои давлати Байден дар ҳимояти ҳамаҷониба аз режими саҳюнистӣ таҳти унвони «ҷунбиши ҳамбстагӣ» дар донишгоҳи Колумбияи Амрико оғоз шуд ва пас аз он ба дигар донишгоҳҳои муҳим ва барҷастаи Амрико ва ҳатто кишварҳои дигар расид. Истифодаи неруҳои амниятии Амрико аз хушунат ва токтикҳои полиси Амрико барои муқобила бо мӯътаризон ва саркӯби таҳассунҳои ором дар ҳафтаҳои ахир, иддаоҳои давлати Амрико дар озодии баёнро зери савол бурдааст.

Вусъат ва ҳаҷми ҷунбиш

Домана ин эътирозот тайи ҳафтаҳои гузашта ба беш аз 49 донишгоҳи дигар дар сартосари Амрико ва бархе дигар аз кишварҳои ғарбӣ монанди: Австралия: (Донишгоҳҳои Мелбурн ва Сидней); Канада: (донишгоҳҳои Макгил ва Конкордия); Фаронса: (Муассисаи мутолиоти сиёсии Париж ва Донишгоҳи Сорбонна); Италия: (Донишгоҳи Сапиенза); Англистон: (донишгоҳҳои Лидс, коллеҷи Лондон ва Донишгоҳи Уорвик) кашида шуд. Густурдагии ин ҷунбиш нишонгари хашми донишҷуёни Амрико ва Аврупо аз вусъати ҷиноёти зидди башарии режими ҳоким бар Исроил ва ҳомиёни амрикоӣ – аврупоии ӯст.

Иллат ва сабабҳои ҷунбиш

Яке аз илали асосии ҷунбиш реша дар ширкати ҷиноятомези режими Амрико дар куштори Ғазза ва ҳимоят ва пуштибонии модӣ ва маънавӣ аз режими апартайди Исроил дорад, ки бо виҷдон ва фитрати поки инсонҳо аз ҳар маром ва ақидае дар тазод ва таоруз афтодааст ва аз онҷо, ки давлатҳои ҳоми аамме аз Амрико ва Аврупо ва Шӯрои Амният, нисбат ба ин куштор ва зулми фоҳиш дар ҷиҳати ҳалли мушкил, аксуламали мусбате надоштаанд, балки тамоми абзорҳои мавриди ниёзи режими саҳюнистиро бо таваҷҷуҳ ба лобии қавии онҳо дар Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо таъмин карддаанд. Донишҷуён ва фитратҳои поке, ки ин зулми ошкорро бар наметобанд, даст ба эътироз задаанд то ҳокимиятро ба таҷдиди назар дар сиёсатҳои ҳимоятии худ ба Исроил водор кунанд. Лизо ин амр ва ба вижа ҳимоятҳои «Ҷо Байден» раисҷумҳури демократи Амрико аз режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ва зулми фоҳиш ба мардуми Ғазза, виҷдони инсонии донишҷӯёнро ҷариҳадор ва ба эътироз во доштааст.

Эҳёи ормон ва аҳдофи Фаластин

Дэвид Ҳерст, таҳлилгари англисии пойгоҳи “Middle East” дар таҳлили худ дар бораи мавҷи эътирозоти фарогири донишҷӯӣ дар ҳимоят аз ормони Фаластин ва маҳкумияти ҷанг ва ҷиноёти режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Навори Ғазза менависад: «Ҷунбиши эътирозии зидди ҷанги Ғазза боиси эҳёи ормон ва аҳдофи миллии Фаластин шуда ва насли ҷадиде аз яҳудиёни амрикоӣ кам-кам ин иддаоро, ки саҳюнизм молики ривоятҳои онҳо аст, ба чолиш мекашанд.

Ҳамчунин меафзояд, ки ин эътирозот ҳоло таъсири амиқ, бар худи Ғазза гузошта, чун мардуми Фаластин, ки ин ҳамларо таҳаммул мекунанд дигар эҳсос намекунанд, ки ба ҳоли худ раҳо шудаанд.» ва таъкид мекунад, ки ҳимоят аз Фаластин ҳама ҷоро фаро гирифта ва ин рухдодҳо бидуни авоқиб нахоҳанд буд. «Ҷунбиши зидди ҷанги Ғазза дар ояндаи наздик боиси эҳёии ормони Фаластин ба тарзе, ки ҳаргиз собиқа надорад, хоҳад шуд. Дар урдугоҳҳои оворагони фаластинӣ дар Лубнон, деворнигораҳо дар ситоиши набардҳои ҷунбишҳои Фатҳ ва Созмони озодӣбахши Фаластин ҷои худро ба сумволҳои ҷадиде дар таҳсини ҳамлаи ҳафтуми октябр додаанд. Намоди мусаллас бар акс, ки барои чатрбозони Ҳамос дар замони фуруд ба рӯи девори марзӣ дар Ғазза дар ҳафтуми октябр истифода мешавад ҳоло ҳама ҷо ба чашм мехӯрд.

Ҷамъияти фаластиниҳои сокин дар табъид дар ҳар тазоҳуроте дар саросари ҷаҳон сардамдор ҳастанд ва иқдомоташон бархилофи майли режими ҷинояткори Исроил ва ҳомиёнаш аст. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими ғосиби Исроил тасаввур мекард агар солмандони онҳоро бикушад, писарон ва духтарони онҳо муборизаро фаромӯш хоҳанд кард, аммо Нетаняҳу ба акс боиси тақвият ва бозофаринии алоқаи фаластиниҳо бо сарзамини аз даст рафтаи худ дар ҳама ҷо шудааст. Аз фаластиниҳои сокини урдугоҳи оворагони Ҳатин дар Урдун бипурсед сарзамини онҳо куҷост ва ҷавоби қотеи онҳо ин аст: Ғазза ё Каронаи Бохтарӣ?

АмрикоҒаззадонишҷӯИсроилКаронаи БохтарӣФаластин
Comments (0)
Add Comment