Созмони ҳамкории исломӣ ҳамла ба бинои UNRWA дар Қудсро маҳкум кард

Созмони ҳамкории исломӣ ба шиддат ҳамлаи теъдоде аз шаҳракнишинони саҳюнистӣ ба бинои Созмони имдодрсонӣ ба оворагони Фаластин (UNRWA) вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид дар Қудси ишғолиро маҳкум кард.

Ба гузориши маркази иттилоърасонии Фаластин, ин Созмони байналмилалӣ дар баёнияе эълом кард: ин иқдом идомаи терроризми созмонёфта ва ҷиноёти мудовиме аст, ки ишғолгарон ва шаҳракнишинон дар арозии Фаластини ишғолӣ муртакиби он мешаванд.

Ин созмон афзуд: ин таҷовузи хатарнок дар чорчуби талоши ишғолгарони режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ барои нобудии нақшофаринии UNRWA ва хушкондани манобеъи молии он ва барчидани беш аз 160 маркази вобаста ба ин Созмони байналмилалӣ аст, чунончи аз ибтидои таҷовузи ишғолгарони режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба Навори Ғазза токунун ҳудуди 188 нафар аз кормандони UNRWA ба қатл расида ва ин дар таорузи комил бо қавонини байналмилалии ҳуқуқи башарӣ ва қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид аст.

Дар бахши дигаре аз ин баёния омадааст: масъулияти комили идомаи ин ҷиноёт алайҳи ҳуқуқи башари фаластинӣ ва ниҳодҳои муртабит бо Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамчунин кормандони созмонҳои фаъол дар умури башардӯстона ва имдод расонӣ бар ӯҳдаи ишғолгарони исроилӣ аст.

Созмони ҳамкории исломӣ ҳамчунин аз ҷомеаи байналмилалӣ хост ба масъулиятҳои худ дар қиболи ин гуна ҷиноёт ва таҷовузоти мукаррар ва зарурати ҳимояти байналмилалӣ аз мардуми Фаластин пойбанд бошанд.

Лозим ба зикр аст ду рӯзи қабл теъдоде аз шаҳракнишинони саҳюнистӣ ба бинои Созмони UNRWA дар Қудси ишғолӣ ҳамла карда ва ин созмони байналмилалӣ ин иқдомро иръоб ва харобкорӣ тавсиф кард.

UNRWAҚудсСозмони Милали МуттаҳидСозмони Ҳамкории ИсломӣФаластин
Comments (0)
Add Comment