Тасвиби узвияти комили Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид

Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо 143 раъйи мувофиқ ба пебшнависи узвияти комили Фаластин дар ин Созмон раъйи мусбат дод ва Шӯрои Амниятро ба бознигарии мусбат дар узвияти комили Фаластин дар Созмони Милал тавсия кард.

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Маёдин”, Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба узвияти комили Фаластин дар ин Созмон раъйи мувофиқ дод.

Қатъномаи маҷмаъи умумии Созмони Милал барои узвияти комили Фаластин дар ин Созмон бо 143 раъйи мувофиқ, 9 раъйи мухолиф ва 25 раъйи мумтанеъ ба тасвиб расид.

Пас аз тасвиби ин қатънома, дархости таҷдиди назар барои узвият ба Шӯрои Амният ирсол хоҳад шуд.

Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид эълом кард тавсияҳое ба Шӯрои Амният барои бознигарии мусбат дар узвияти комили Фаластин дар ин ниҳод ироа додааст.

Ин маҷмаъ таъкид кард, ки Фаластиниён воҷиди шароити узвияти комил дар Созмони Милали Муттаҳид ҳастанд.

Қатъномаи маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид бар тақвияти ҳуқуқ ва имтиёзоти кишвари Фаластин дар Созмони Милал бидуни ниёз ба судури муҷаввиз ба он дар маҷмаъи умумӣ таъкид кардааст.

Ин қатънома ҳамчунин ба Фаластин иҷоза медиҳад то пешниҳодот ва ислоҳияҳоеро дар ҷаласоти Созмони Милали Муттаҳид матраҳ кунад, коре, ки қаблан қодир ба анҷоми он набуд.

Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин аз ин иқдоми маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид истиқбол кард ва гуфт, ки Фаластин ба талошҳои худ барои узвияти комил дар Созмони Милали Муттаҳид то лаҳзаи охир идома хоҳад дод.

Аз сӯи дигар, “Исроил Катс” вазири умури хориҷаи режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба суръат аз ин тасмим интиқод кард ва онро музҳик ва ҷоизае барои ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) тавсиф кард, ки ба музокирот барои озодии усарои ӣсроилӣ зарба мезанад.

Раиси маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид  ҳам дар оғози ин ҷаласа аз ҳамаи тарафҳо хост барои дастёбӣ ба тавофуқи оташбас дар Навори Ғазза талош кунанд.

Навори ҒаззаСозмони МилалСозмони Милали МуттаҳидФаластин
Comments (0)
Add Comment