Кохи сафед аз амалиёти саҳюнистӣ ба Рафаҳ ҳимоят мекунад?

Режими саҳюнистӣ савдои ҳамлаи густардаеро ба Рафаҳ дар сар дорад ва дар ин байн ихтилофҳои сиёсӣ байни Амрико ва саҳюнистҳо афзоиш ёфтааст.

Ҷон Керби, сухангӯ ва ҳамоҳангкунандаи иртибототи роҳбурдии Шӯрои амнияти миллии Кохи сафед эълон кард: мо аз як амалиёти заминии бузург дар Рафаҳ, ҳимоят намекунем ва равишҳои ҷойгузинро барои шикасти Ҳамос пешниҳод кардаем ва гуфтугӯ бо Исроил идома дорад.

Сухангӯ ва ҳамоҳангкунандаи иртибототи роҳбурдии Шӯрои амнияти миллии Амрико рӯзи панҷшанбе ба вақти маҳаллӣ дар ҷамъи хабарнигорон афзуд: раисҷумҳур ва тимаш чандин ҳафта аст, ки ба сароҳат гуфтаанд, ки мо аз як амалиёти заминии бузург дар Рафаҳ, ҳимоят намекунем. Раисҷумҳур инро ошкоро гуфтааст, ва ин мавзуъро борҳо ва сареҳ ба Нетаняҳу эълон кардааст.

Керби тасреҳ кард: ҳар навъ амалиёти заминии бузург дар Рафаҳ дар воқеъ мавзеи Ҳамосро дар мизи музокира тақвият мекунад, на Исроил. Мо равишҳои ҷойгузинеро барои шикасти Ҳамос пешниҳод кардем, ки шомили амалиёти заминии бузург дар Рафаҳ намешавад ва ин гуфтугӯҳо бо давлати Исроил идома дорад.

Байден намехоҳад дастаи хоссе аз силоҳҳои амрикоӣ дар амалиёт ва макони хос истифода шавад

Ӯ идома дод: раисҷумҳур гуфт, ки агар Исроил дар воқеъ ба амалиёти заминии бузург дар Рафаҳ идома диҳад, Ӯ дастаи хоссе аз таслиҳотро барои пуштибонӣ аз чунин амалиёте ироа нахоҳад кард. Байден ба ироа қобилиятҳои мавриди ниёзи Исроил идома хоҳад дод, аммо намехоҳад дастаи хоссе аз силоҳҳои амрикоӣ дар як навъ амалиёти хос дар як макони хос истифода шавад.

Ин сухангӯи давлати Байден дар айни ҳол муддаӣ шуд: Исроил ҳануз чунин амалиётеро оғоз накардааст; бинобарин раисҷумҳур дар мавриди ончи дар оянда иттифоқ меафтад, сӯҳбат мекунад.

Идомаи ҳамкории ИМА бо Исроил бо ҳадафи нобудии Ҳамос

Керби идома дод: ин интихобе аст, ки Исроил бояд анҷом диҳад ва мо умедворем онҳо чунин амалиётеро анҷом надиҳанд. Мо ба ҳамкорӣ бо онҳо идома хоҳем дод, то рӯйкардҳои ҷойгузинеро тавсеа диҳем, ки шонси бештаре барои муваффақияти стратегӣ ва нобудии таҳдид алайҳи мардуми Исроил аз сӯи Ҳамос дошта бошад.

Ӯ тасреҳ кард: Байден ҳамчунин дирӯз гуфт, ки мутааҳҳиди ирсоли тамоми абзорҳои низомии мавриди ниёзи Исроил барои дифоъ аз худ дар баробари ҳамаи душманонаш аз ҷумла Ҳамос идома хоҳад дод. Ӯ ба ироаи қобилиятҳои мавриди ниёзи Исроил идома хоҳад дод.

Ҳамоҳангкунандаи иртибототи роҳбурдии Шӯрои амнияти миллии Кохи сафед изофа кард: раисҷумҳур ҳамчунин илова кард, ки мо маҳмулае аз бомбаҳо ба Исроиилро таълиқ кардем. Мо нигарониҳои худ дар мавриди истифода аз ин навъи бомбаҳо дар муҳитҳои мутарокими шаҳрӣ баҳс мекунем.

Талошҳои стратегии Байден барои шикасти пойдори Ҳамос

Ӯ гуфт: «ба таври густардатар, раисҷумҳур тими худро муваззаф кардааст, ки ба ҳамкорӣ бо Исроил барои ислоҳи стратегияи он ҷиҳати таҳмили шикасти пойдори Ҳамос идома диҳанд. Шикасти пойдори Ҳамос қатъан ҳадафи Исроил боқӣ мемонад ва мо дар ин ҳадаф муштарак ҳастем. Аз назари Байден ҳамла ба Рафаҳ ин ҳадафро пеш намебарад, ба шикасти пойдори Ҳамос кумак намекунад.»

Сухангӯ ва ҳамоҳангкунандаи иртибототи роҳбурдии Шӯрои амнияти миллии Кохи сафед идома дод: марз байни Ғазза Миср наметавонд барои қочоқи аслиҳа ва силоҳ ба Ҳамос истифода шавад.

Музокирот барои тавофуқи оташбас идома дорад/ раис CIA минтақаро тарк мекунад

Керби ҳамчунин гуфт: Вилям Бурунз, раиси Созмони иттилооти марказии Амрико (CIA) тибқи барномаи қаблии минтақаро тарк мекунад, аммо ҳайатҳои дигар ҳамчунон дар Қоҳира дар ҳоли музокира ҳастанд; бинобарин ин музокирот ҳамчунон идома дорад.

Ин сухангӯи давлати Байден тасреҳ кард: хуруҷи Бурунз ба маънои поёни даври кунунии музокирот нест. Мо бо тарафҳо дар иртибот хоҳем буд ва тамаркузи худро бар ин мавзуъ ҳифз хоҳем кард.

 Ба Исроил барои ҳадаф қарор додани Синвор кумак мекунем

Ҳамоҳангкунандаи иртибототи роҳбурдии Шӯрои амнияти миллии Амрико идома дод: мо ҳамчунин метавонем ба Исроил кумак кунем, то раҳбарон аз ҷумла оқои Яҳё Синворро ҳадаф қарор диҳанд, коре, ки сароҳатан ба таври мудовим бо исроилиҳо анҷом медиҳем.

Керби афзуд: мо ҳамчунин метавонем дар ҷиҳати эҷоди як сохтори ҳукуматии ҷойгузин барои Ҳамос кор кунем, зеро ҳамонтавр, ки қаблан борҳо гуфтаем, Ғазза пас аз ҷанг наметавонад шабеҳи ончи бо контроли Ҳамос будааст, бошад. Мо ҳамчунин ҳамкорӣ бо исроилиҳо барои эҷоди фазоҳои амн бо паноҳгоҳҳои беҳдоштӣ, ғизо, об, имконоти пизишкӣ ва таҷҳизоти пизишкӣ ва кормандони пизишкӣ дар Ғазза идома хоҳем дод.

Ӯ изофа кард: мо ҳамчунон дар чорчуби ин гурӯҳи машваратии стратегӣ кор мекунем, то мутмаин шавем, ки Исроил метавонад дубора ба аҳдофи худ бирасад ва ин корро ба гунае анҷом диҳем, ки аз талафоти бештари ғайринизомиён ва аз даст додани бештари зерсохтҳои ғайринизомӣ ҷилавгирӣ шавад.

Аз Исроил дур нашудаем

Ҳамоҳангкунандаи иртибототи роҳбурдии Шӯрои амнияти миллии Амрико ҳамчунин тасреҳ кард: ин далел ки ба навъе аз Исроил дур шудаем, хилофи воқеият аст. Байден раисҷумҳуре буд, ки чанд рӯз пас аз ҳамалоти 7-и октябр аз Исроил дидан кард. Ин раисҷмҳуре аст, ки кумакҳои низомии бештареро ба Исроил фиристод ва ин раисҷмҳуре аст, ки халабонони амрикоӣ халабонони ҷангандаро дар осмон қарор дод, то ба сарнагунии беш аз 300 мушак ва паҳподи шилликшуда тавассути Эрон дар авосити апрел кумак кунанд; бинобарин ин истидлол, ки мо ба навъе дар ҳоли тарки Исроил ҳастем ё моил нестем ба онҳо кумак кунем, то Ҳамосро шикаст диҳанд, бо воқеиятҳо ҳамхонӣ надорад.

Кобинаи ҷанги режими Исроил дар таътихи 6-уми майи 2024 низ ба рағми мухолифатҳои байналмилалӣ, ҳамлаи заминӣ ба шаҳри Рафаҳ, воқеъ дар ҷануби Навори Ғаззаро таъйид кард ва артиши ин режим, аз 7-и май бахши фаластинии гузаргоҳи Рафаҳ дар шарқи ин шаҳрро ишғол кардааст ва ба ин тартиб, Рафаҳ шоҳиди ҳамлаҳои ҳавоӣ ва гулӯлаборони шадиди режими Исроил дар тамоми манотиқи худ аз ҷумла манотиқи маскунӣ буда ва ин режим бо ҳамла ба самти гузаргоҳи Рафаҳ, танҳо дарвозаи фаластиниҳои Ғаззаро ба рӯи ҷаҳон баст.

Ин амалиёт танҳо чанд соат пас аз он оғоз шуд, ки ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) эълон кард, ки пешниҳоди оташбаси Миср ва Қатарро пазируфтааст; аммо Исроил иддао кард, ки ин пешниҳод хостаҳои зарурии ин режимро таъмин намекунад.

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико чаҳоршанбе шаб дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии CNN эълон кард дар сурате, ки Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дастури як ҳамлаи густарда ба Рафаҳ дар навори Ғаззаро содир кунад, интиқоли таслиҳоти амрикоӣ ба ин режимро мутаваққиф хоҳад кард.

Байден бо ишора ба бомбаҳои ду ҳазор пондие, ки Амрико дар ихтиёри Исроил қарор додааст, изҳор кард: шаҳрвандони Ғазза бар асари ин бомбаҳо кушта шудаанд. Ба сароҳат эълон кардам агар онҳо (Исроил) вориди Рафаҳ шаванд – то кунун ба Рафаҳ нарафтаанд – таслиҳотеро, ки ба таври таърихӣ дар робита бо Рафаҳ ва дигар шаҳрҳо истифода мешавад, таъмин намекунам.

Раисҷумҳури Амрико тасреҳ кард: Амрико ба таъмини силоҳҳои дифоӣ барои Исроил аз ҷумла сомонаи дифои ҳавоии «гунбад оҳанин» идома хоҳад дод, аммо дар сурате, ки ҳамлаи заминии густарда ба Рафаҳ оғоз шавад, ирсоли дигар таслиҳотро хотима хоҳад дод. Мо дар робита бо гунбади оҳанин ва тавоноии Исроил барои посух ба ҳамлаҳое, ки ахиран дар Ховари Миёна рух дод, ба тазмини амнияти Исроил идома медиҳем. Аммо қасд надорем силоҳ ва гулӯлаҳои тӯпхона ироа диҳем.

Байден бо иддаои инки иқдомоти Исроил дар Рафаҳ аз хатти қирмиз рад нашудааст, ҳар чанд, ки иқдомоти ин режим сабаби таниш дар минтақа шудааст, афзуд: онҳо вориди марокизи ҷамъиятӣ нашудаанд. Ончи онҳо дар марз анҷом доданд, дуруст буд.

Ӯ бо баёни инки ба Нетаняҳу ва дигар мақомоти Исроил гуфта, ки ҳимояти Амрико аз амалиёт дар марокизи ҷамъиятӣ маҳдуд аст, афзуд: ба Нетаняҳу ва кобинаи ҷангии Исроил эълон кард, ки агар онҳо вориди ин марокизи ҷамъиятӣ шаванд, ҳимояти моро нахоҳанд дошт.

Луид Остин, вазири дифои Амрико низ рӯзи чаҳоршанбе дар Маҷлиси санои ин кишвар гуфт, ки ирсоли таслиҳот ба Исроил ба далели амалиёти Рафаҳ мутаваққиф шуд ва тасмими ниҳоӣ дар бораи чигунагии сарнавишти ин маҳмула нагирифтаем.

Вай афзуд: Амрико намехоҳад шоҳиди як амалиёти низомии бузург дар Рафаҳ бошад ва тамаркузи мо рӯи ҳифозат аз ғайринизомиҳо аст.

Ҳамчунин матио Миллер, сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико бо баёни инки Вашингтон ҳамлаи Исроил ба Рафаҳро таъйид накардааст, дар бораи таълиқи ирсоли бомбаҳои 2 ҳазору 500 пондӣ ба Исроил гуфт: мо як маҳмула кумаки кӯтоҳмуддатро мутаваққиф кардаем ва дар ҳоли баррасии дигар маҳмулаҳо ҳастем.

Шабакаи хабарии CNN рӯзи панҷшанбе ба вақти маҳаллӣ ба нақл аз ду мақоми исроилӣ гузориш дод: пас аз инки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико гуфт, агар Исроил ҳамлаи заминии тамомиёр ба шаҳри Рафаҳро анҷом диҳад, кобинаҳои ҷанг ва амниятии Исроил асри панҷшанбе ташкили ҷаласа хоҳанд дод.

Ба гуфтаи ин мақомот, таҳдиди Байден дар бораи таълиқи бархе кумакҳои низомӣ, мавзуи аслии гуфтугӯ хоҳад буд. Кобинаи ҷангии режими Исроил арзёбиҳо дар мавриди муҳиммоти боқимондаи Исроил, мудирияти онҳо дар оянда ва ояндаи ҳамлаҳои низомии Исроилро баррасӣ хоҳад кард.

Шабакаи CNN гузориш дод: дар ҳоли ҳозир ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки таҳдиди Байден Исроилро аз густариши ҳамлаҳои низомӣ дар Рафаҳ мунсариф кунад ва мақомоти исроилӣ ба таври аланӣ ва хусусӣ аз инки мӯътақиданд Амрико Исроилро дар як лаҳзаи ҳассос дар ҷанг раҳо кардааст, мухолифат ва хашми худро иброз кардаанд.

Ба гуфтаи ожонси паноҳндагони фаластинии Созмони Милал (Онруво), амалиёти низомии Исроил дар Рафаҳ, дастикам 80 ҳазор фаластиниро овора кардааст.

АмрикоҒаззаИсроилМуқовиматРафаҳРежими саҳюнистӣСозмони МилалФаластин
Comments (0)
Add Comment