Нишасти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз тирпаронии ахир дар марз

Намояндагони навоҳии сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз рухдоди ахир дар марз дидору мулоқот кардаанд, ки гуфта мешавад, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

Намояндагони навоҳии сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз рухдоди ахир дар марз дидору мулоқот кардаанд, ки гуфта мешавад, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

Ба гузориши манбаъ:

Раисони ноҳияҳои наздимарзии Ҷаббор Расулови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон мулоқот кардаанд.

Гуфтушунид дар маҳаллаи Мирзопочо воқеъ дар марзи миёни ҷамоатҳои деҳоти Қурғонча ва Ак – Босого баргузор гардид, гуфт, Нодир Усмонзода, раиси ҷамоати Қурғонча зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.

Бар пояи иттилоъи манбаъ, дар мулоқот, ки ду соат давом кард, мақомоти сарҳадбонӣ, раисони маҳаллаҳо ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Лайлак ширкат кардаанд.

Раиси ҷамоат гуфт:

“Вохурӣ дар фазои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ доир шуда, ҷонибҳо як қатор масъалаҳо аз ҷумла тирпарронии дирӯзаро мавриди таҳқиқ қарор додаанд”.

Зуҳри дирӯз дар марз миёни ҷамоатҳои Қурғонча ва Ак – Босого тирпарронӣ рух дод, ки дар пайи аз ҷониби Тоҷикистон як захмӣ барҷой гузошт.

Тавре мақомоти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон шарҳ дод, дар ҳодиса дар ҳоле як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов захмӣ гардидааст, ки ният дошт барои раҳоии писари ноболиғаш ба сарҳадбонони қирғиз муроҷиат кунад.

КДАМ таъкид кардааст:

“Сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов муаллими таърих, ягон кирдоре, ки ба принсипҳои неки ҳамсоягӣ мухолиф аст, нишон надодааст. Аммо алайҳаш аз силоҳи оташфишон истифода намуданд, ки дар натиҷа ӯ захмӣ гардидааст”.

Ин манбаъ қайд кардааст, ки алҳол шаҳрванди захмбардоштаи Тоҷикистон дар беморхона бистарӣ шудааст.

Баъди рухдоди ин ҳодиса мақомоти сарҳадбонии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Лайлак бо роҳи гуфтушунид рухдоди муноқишаро бартараф кардаанд. Баъди рухдоди ин ҳодиса мақомоти сарҳадбонии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Лайлак бо роҳи гуфтушунид рухдоди муноқишаро бартараф кардаанд.

Зимни баргузории мулоқот масъулини ноҳияҳои наздимарзӣ дар бораи пешгирӣ аз рухдоди муноқишаҳои наздимарзӣ ва таъмини сулҳу субот ва амнияти мардумони наздимарзӣ таъкид варзидаанд.

Раиси ҷамоати Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфт, ки вазъ дар сарҳад бо ноҳияи Лайлак ҳоло муътадил аст.

Ноҳияи Ҷаббор Расулов баъд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара сеюмин минтақаи ҳаммарзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар вилояти Суғд мебошад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Мулоқот дар бӯстонсарои шаҳри Гулистон доир шуда, сипас ҳайати меҳмонон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, аз осорхонаи навбунёд дидан карданд.

Мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар оид ба масъалаҳои марз таҳти роҳбарии Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уралбек Шаршиев, сардорони идораҳои сарҳадбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва раисони вилоятҳои Суғду Ботканд, Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдукарим Алимбаев сурат гирифтааст.

Дар ин бора, сардори Хадамоти матбуоти вилояти Суғд, Музаффар Юнусов, ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.

Сардори Хадамоти матбуот гуфт:  Идомаи матлаб дар …

 

ҚирғизистонмарзТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment