Ҳалокати 3 зан дар пайи селҳои харобиовар

Тайи ду рӯзи охир қариб тамоми минтақаҳои Тоҷикистонро селу обхезӣ фаро гирифта, дар баробари хисорот ба хоҷагиҳо мутаассифона талафоти ҷонӣ низ дар пай доштаст.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо ва иншооти ёрирасон бар асари обхезию селҳои рӯзҳои охир дар Тоҷикистон осеб дида, дар вилояти Суғд ҳолати марги сокини маҳаллӣ ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи ин гузориш, селхезиҳо дар минтақаҳои куҳии Суғд, навоҳии Хатлон, ноҳияи Дарвози ВМКБ ва Душанбею атрофи он ба қайд гирифта шудаст.

Шоми 5 май асари боришоти шадид ҷавонзани 20-солаи деҳаи Бодомзори ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ҳангоми чарондани чорво зери сел монда ба ҳалокат расидааст. Ҷасади зан ёфт шуда, ба мақомот супорида шудааст.

Субҳи барқвати 5 май дар ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб низ бар асари селоб ду сокини маҳаллӣ занони 40 ва 67-сола ба ҳалокат расидаанд. Барои шиносоӣ бо вазъият, сардори Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулоддаи Тоҷикистон, Рустам Назарзода аз ҷои ҳодиса боздид кардааст.

КҲФ гузориш додааст, ки сел дар деҳаҳои шаҳри Ваҳдат, аз қабили А.Абдулвосиева, Нӯъмони Розиқ, Чуянгарон, Симиганҷ, Ромит, Роҳатӣ, ба номи К.Исмоилов ва кӯчаҳои маркази шаҳр низ фаромад, иншооту роҳҳоро хароб кардаст. Сокинон аз минтақаҳои хатарзо ба ҷои амн кӯчонда шуданд.

Чунин ҳолатҳои обхезию сел дар шаҳру навоҳии дигари атрофи Душанбе низ ба қайд гирифта шудаанд.

Инчунин сел пули мошингарди Нуробод-Сангвор-Дарвоз-Сари Ҷар дар ноҳияи Нурободро пурра хароб карда, ҳаракат дар ин масирро мутаваққиф намудаст.

КҲФ таъкид намудааст, ки барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ гуруҳҳои махсус ташкил карда шуда, зарари хисорот ҳисоб карда мешавад.

сел
Comments (0)
Add Comment