Дар кишвар заводи бузурги тиббӣ сохта мешавад

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишнома бо ҷамъияти "Разес Фарма" барои сохтмон ва истифодабарии маҷмааи истеҳсоли маводи дору ва молҳои тиббиро тасвиб кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, ҷамъияти “Разес Фарма” бо маблағгузории беш аз 70 миллион сомонӣ дар кишвар корхонаи тавлиди маҳсулоти тиббиро бунёд мекунад.

Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон “Разес Фарма” дар ин бора аз сӯи Маҷлиси намояндагон тасдиқ шуд.

Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Хуршеда Қодир, зимни шарҳи созишнома гуфт, “Разес Фарма” тасмим гирифт, ки бо ҷалб намудани сармояи хориҷӣ таҷҳизоти истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббии ҳозиразамонро ворид созад.

Вай гуфт: “Дар оянда зимни ба кор даровардани он талаботи кишварро ба маводи доруворӣ, аз ҷумла доруҳо дар шакли ҳаб, капсула, шарбат, суспензия, маҳлулҳои даҳонӣ, крем, гел, сӯзандоруҳои равғанӣ, дар ҳаҷми муайян таъмин намояд”.

Ӯ афзуд, ки ин иқдом барои истеҳсоли маҳсулоти ватании рақобатпазир ва воридотивазкунанда, инчунин, таъмини кишвар бо маводи доруворӣ, ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, таъсиси ҷойҳои корӣ ва пардохти андозҳо мусоидат мекунад.

Дар ҳолати пурра ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намудани “Разес Фарма” воридоти ин намуди маҳсулот марҳила ба марҳила коҳиш меёбад.

Ба гуфтаи Хуршеда Қодирӣ, барои сохта ба истифода додани комплекси истеҳсолӣ беш аз 70 миллион сомонӣ сармоягузорӣ гардида, зиёда аз 200 ҷойи кориро фароҳам меорад.

дорутиббӣТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment