Душанбе мизбони ройзаниҳоии сиёсии Тоҷикистон ва Озарбойҷон

 Дар маҳалли Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, даври ҷадиди ройзаниҳои сиёсии вазоратхонаҳои умури хориҷаи ин кишвар ва Озарбойҷон баргузор шуд.

Дар тозатарин даври ройзаниҳои сиёсии вазоратхонаҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон масоили ҷории ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона баррасӣ шуд.

Дар маҳалли Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, даври ҷадиди ройзаниҳои сиёсии вазоратхонаҳои умури хориҷаи ин кишвар ва Озарбойҷон баргузор шуд. Дар ин музокирот раёсати ҳайатҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷонро Содиқ Имомӣ ва Самир Шарифов, муовинони вазоратхонаҳои умури хориҷаи ду кишвар бар ӯҳда доштанд.

Ду тараф ба тафсил масоили ҷории ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва дигар заминаҳоро баррасӣ ва ба омодасозии мӯҳтавои тамосҳои ояндаи ду кишвар дар сатҳи олӣ таваҷҷуҳи вижа карданд.

Дар бахши дигари ин ройзаниҳо ҳамчунин дар хусуси таомули ду кишвар дар чорчуби созмонҳои байналмилалӣ баҳс ва табодули назар сурат гирифт.

Дар поёни ин музокирот ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои консулӣ байни ниҳодҳои дипломатики ду кишвар ба имзо расид.

Илова бар ин, тайи ин рӯз, севумин даври ройзанӣ дар мавриди масоили консулӣ байни вазоратхонаҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба раёсати Баҳодур Сафарзода ва Амил Сафаров, руасои идораҳои консулии ниҳодҳои дипломатики ҳар ду кишвар баргузор шуд.

Тайи ин музокирот, ки дар як фазои созанда ва дӯстона анҷом шуд, бар аҳамияти баргузории ройзаниҳои дуҷониба дар ҳавзаи консулӣ таъкид шуд ва вазъияти мавҷуд ва чашмандози тавсеаи равобити дуҷонибаи каснулӣ ба тафсил баррасӣ шуд.

Вазорати умури хориҷаи ТоҷикистонДушанбеОзарбойҷонТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment