Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо сафири Амрико дар Душанбе

 Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Мануел Микаллер, сафири Амрико дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафири Амрико масоили марбут ба тақвияти гуфтугӯи сиёсӣ, амнияти минтақаӣ ва густариши равобит байни ду кишвар дар заминаҳои мухталиф баррасӣ шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Мануел Микаллер, сафири Амрико дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард. Дар ин дидор масоили марбут ба тақвияти гуфтугӯи сиёсӣ, амнияти минтақаӣ ва густариши равобит байни ду кишвар дар заминаҳои мухталиф баррасӣ шуд.

Зимни ин дидор дар мавриди мавзуъҳои мубрами равобити дуҷониба табодули назар ва сатҳ ва мӯҳтавои равобити чандҷониба дар рӯҳияи дӯстӣ ва мушорикати баландмуддат мусбат арзёбӣ шуд.

Ду тараф ба вижа бар мавзуъҳои тақвияти гуфтугӯиҳои сиёсӣ ва амният ва суботи минтақаӣ, густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Амрико дар заминаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва башардӯстона, ҳамчунин иртиқои тамос ва музокироти созанда дар қолаби «c5+1» таваҷҷуҳи вижа карданд.

АмрикоДушанбеМануел Микаллерсафири АмрикоСироҷиддин МуҳриддинТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment