Дар Шветсия беҳурматӣ ба Қуръонро такрор карданд

Як зани масеҳӣ таҳти ҳимояти полиси Шветсия рӯзи гузашта дар шаҳри Малмо, нусхае аз Қуръони Каримро ба оташ кашид.

Ба гузориши ТоҷикПресс, полиси Шветсия барои таҷаммуъи қуръонсӯзӣ дар яке аз шаҳрҳои ҷанубии ин кишвар, ки рӯзи гузашта дар Малмо баргузор шуд, иҷозатнома содир кард.

Тасовир ва наворҳои нашр шуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки ҳамроҳ бо ин зан, ки як салиб дар даст дорад, марде ки парчами режими саҳюнистиро бар дӯши худ андохта, дар канори ин зан истодааст.

Тибқи гузоришҳо, ин фарди муҳин, ҳамон зане аст, ки ҳафтаи гузашта ва дар наздикии Стокголм ба Қуръони Карим беҳурматӣ карда буд.

Дар навори нашр шуда, нишон дода мешавад, ки ин зан бо ҳофизати комили полиси Шветсия даст ба ин иқдоми муҳин мезанад ва мусулмонон низ дар ҳоле, ки парчами Фаластин ба даст доранд, алайҳи он шиор медиҳанд ва аз муқаддасоти исломӣ дифоъ мекунанд.

Баргузории ҷамъомади монанди ин дар Шветсия, ки дар он ба китоби Худованд тавҳин мешавад, интиқодоти мусулмонони саросари ҷаҳонро барангехта ва равобити Стокголм бо кишварҳои исломиро тира кардааст.

Дар ҳоле, ки ҷиноятҳои Исроил дар Фаластин сархатти расонаҳои ҷаҳон аст ва мардуми кишварҳои мухталиф ба хусус донишҷӯён дар ҳоли шинохт ва эътироз алайҳи режими кӯдаккуши саҳюнистӣ мебошанд, ин режим кӯшиш дорад бо иқдом ба беҳурматӣ ба Қуръони Карим, афкори умумиро аз ҷиноятҳои худ дур созад.

Яқинан ин найранги такрории режими саҳюнистӣ дигар корсоз нахоҳад буд ва ҷаҳон лаҳза-лаҳза Исроили ҷинояткорро бештар шинохта ва аз он эълони безорӣ меҷӯяд.

Қуръони КаримШветсия
Comments (0)
Add Comment