Дархости Тоҷикистон аз Ҳолланд барои истирдоди ҷинояткорони таҳти ҷустуҷӯ

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 1 майи соли 2024 дар Душанбе бо сафири Ҳолланд дар Тоҷикистон Николаас Якоб Схермерс мулоқот ва ӯ дар баробари дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳамчунин масъалаи боздошт ва ба Тоҷикистон супурдани афродеро, ки таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд, баррасӣ кардааст.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 1 майи соли 2024 дар Душанбе бо сафири Ҳолланд дар Тоҷикистон Николаас Якоб Схермерс мулоқот ва ӯ дар баробари дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳамчунин масъалаи боздошт ва ба Тоҷикистон супурдани афродеро, ки таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд, баррасӣ кардааст.

Схермерс, ки қароргоҳаш дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон аст, ахиран аз Душанбе боздид кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон,   “дар ҷараёни вохӯрӣ тақвияти ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва муборизаи босамар бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи воситаҳои нашъадор, мубодилаи иттилоот ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон таъкид гардид. Доир ба ҳолати кунунии дурнамои вазъи минтақа, ҷаҳон ва дигар масоили мубрами рӯз табодули афкор сурат гирифт”.

Дар иттилоияи расмӣ ҳамчунин таъкид шудааст, ки “дар рафти вохӯрӣ масъалаи муҳим ин дастгир намудан ва ба Тоҷикистон истирдод намудани шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта баррасӣ гардид” ва “дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо аз вусъат ёфтани ҳамкориҳои манфиатбахш изҳори хушнудӣ карданд”.

Дар Ҳолланд, бино ба ҳисобҳо, беш аз 500 зодаи Тоҷикистон паноҳ бурдаанд. Як қисми онҳо, ба мисли журналисти дигарандеш Мавҷуда Соҳибназарова, раҳбари Ҷунбиши оппозитсионии “Ислоҳот ва рушд” Шарофиддин Гадоев, чанд тан аз фаъолони “Гуруҳи 24”, аз мухолифони сиёсии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд ва ба далелҳои сиёсӣ тарки Тоҷикистон кардаанд.

Шарофиддин Гадоев рӯзи 3 май дар сӯҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, аслан нигарони ояндааш дар Ҳолланд нест ва фикр намекунад, ки ба ӯ ё дигар мухолифини сиёсӣ хатари истирдод аз ин кишвари аврупоӣ ба Тоҷикистон таҳдид кунад.

Гадоев мегӯяд: “Ҳолланд як кишвари қонунманд аст ва фикр намекунам, ки ба суханон ё хости мақомоти кишварҳои худкомае, чун Тоҷикистон, амал кунад. Бар илова, собиқаи худи ман дар ёдатон бояд бошад, ки вақте соли 2019 маро аз Русия рабуда, ба Тоҷикистон бурданд, Ҳолланд ба унвони кишваре, ки ба ман паноҳандагӣ дода буд, то охир пойфишорӣ кард ва ноил шуд, ки мақомоти Тоҷикистон маро ба Аврупо баргардонанд”.

Шарофиддин Гадоев мегӯяд, ӯ ҳанӯз қабл аз ин мулоқот аз мақомоти кишварҳои Аврупо даъват карда буд, то дархостҳои ҳукумати Тоҷикистон барои истирдоди мухолифини сиёсиашро хеле мӯшикофона бисанҷанд ва ба ҳар ҳарфе, ки мақомоти тоҷик мегӯянд, бовар накунанд.

Моҳи феврали соли 2019 Шарофиддин Гадоевро бо фиреб аз Аврупо ба Маскав, пойтахти Русия бурда, ба дом афтонданд ва дар онҷо ба мақомоти Тоҷикистон супурданд. Овардани ӯ ба Душанбе сарусадои зиёде пайдо кард ва мақомот мегуфтанд, ки Гадоев гӯё худаш бо “изҳори пушаймонӣ” ба Ватан баргаштааст. Вале алакай дар аввали моҳи март Душанбе таҳти фишори давлатҳои Аврупо, пеш аз ҳама, Ҳолланд, маҷбур шуд, ки Гадоевро ба Аврупо баргардонад.

Кишварҳои Аврупо дар гузашта барои паноҳҷӯён як макони хеле амн ба шумор мерафт ва дар пайи шадид шудани саркӯбҳои сиёсиву динӣ дар Тоҷикистон ҳазорон нафар аз зодагони ин кишвар, асосан тарафдорони созмонҳои оппозитсионие, чун ҳизби наҳзат ва “Гуруҳи 24”, пайравони равияҳои диние, чун Салафия, ба Аврупо паноҳ оварданд.

Вале дар ин авохир ба мақомоти Тоҷикистон муяссар шуд, ки дар чанд маврид ба истирдоди тарафдорони мухолифин ҳатто аз кишварҳои Аврупо ноил шаванд, ки намунаҳои аз ҳама машҳураш ихроҷ ё истирдоди Мустафо Ҳаётов аз Полша, Ҳизбулло Шовализода аз Австрия, Абдуллоҳи Шамсиддин ва Билол Қурбоналиев аз Олмон ва намунаи охирин: ихроҷи Фаррух Икромов аз Полша мебошанд. Ба истиснои Мустафо Ҳаётов, ки дар Тоҷикистон раҳояш карданд, бақия ҳама зиндонӣ шуданд ва танҳо сарнавишти Икромов баъди ихроҷаш маълум нест.

Ин намунаҳои комёб шудани Душанбе ба ихроҷ ё истирдоди мухолифинаш мақомоти тоҷикро барои таҳкими ин муваффақият ва талош барои истирдоди шумори бештари мухолифонаш аз Аврупо таҳрик медиҳад. Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон соли гузашта якбора аз чанд кишвари аврупоӣ дидан кард ва гуфта мешуд, ки бо мақомоти ин кишвар аз ҷумла масъалаи истирдоди афроди таҳти ҷустуҷӯро ҳам баррасӣ кардааст. Ҳамин тавр, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар поёни моҳи апрел дар ҳошияи сафари расмии президент Эмомалӣ Раҳмон ба Италия бо вазири дохилаи ин кишвар Маттео Пянтедози созишномаи ҳамкорӣ дар масоили амниятиро имзо кард ва дар мулоқот бо ҳамтои италиявиаш зикр кардааст, ки “баъзе аз ҷинояткорон ба Аврупо, аз он ҷумла ба Ҷумҳурии Италия бо баҳонаи гирифтани паноҳандагӣ сафар карда пинҳон гаштаанд” ва “ҳамкории муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонад барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони мазкур мусоидат намояд”.

 

истирдодТоҷикистонҲолланд
Comments (0)
Add Comment