Bloomberg: Арабистон дидгоҳҳои зидди Исроилро саркӯб мекунад

Ба гузориши хабаргузории Bloomberg, дар моҳҳои ахир шаҳрвандони Арабистони Саудӣ барои табодули эҳсосоти зидди саҳюнистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври физояндае боздошт шудаанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, бар асоси ин гузориш, Риёз нигарон аст, ки ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ҳамос ва миллати Фаластин ва ҳамлаҳои неруҳои муқовимат, Осиёи Ғарбиро ба як ҷанги ҳамаҷониба ворид созад.

Шабакаи хабарии Bloomberg гузориш медиҳад, ки дар миёни боздоштҳои ахир яке аз мудирони ширкате будааст, ки дар тарҳи Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ барои таҳкими иқтисод даст дорад. Гуфта мешавад, ки ин мансабдор дар бораи ҷанги Ғазза изҳорот додааст, ки танишзо дониста мешуд. Бино ба гузоришҳо, як маҳбуси дигар аз шаҳрвандони Саудӣ хостааст, то брендҳои амрикоиро, ки дар Арабистони Саудӣ фаъолият мекунанд, бойкот кунанд.

Як манбаи наздик ба ҳукумати Арабистони Саудӣ дар мусоҳиба бо Bloomberg таъкид кардааст, ки ин боздоштҳо ба далели зиён расидан ба амният ин кишвар аст. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки омори дақиқи шумори боздоштшудагон аз рӯзи 7 октябр (оғози амалиёти Тӯфони Ақсо) дар даст нест.

Ин саркӯб дар ҳолест, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамкориро бо Риёз идома медиҳад, то роҳе барои оддисозии равобити Арабистон бо режими Исроил пайдо кунад. Чанде пеш Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико дар сафар ба Риёз гуфта буд, ки кори сахте барои дастёбӣ ба тавофуқе барои расидан ба оддисозии равобити Арабистон бо Исроил анҷом шудааст ва ин созишнома ба сурати назарӣ комил шудааст.

BloombergАрабистони СаудӣИсроилРежими саҳюнистӣ
Comments (0)
Add Comment