Таъкид ба тавсеаи равобит дар гуфтугӯи мақомоти Тоҷикистон ва Индонезия

Дар дидори сафири Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи Индонезия чашмандози тавсеаи бештари ҳамкориҳо байни ду кишвар баррасӣ шуд.

Ардашер Қодирӣ, сафири Тоҷикистон дар Индонезия бо Ритану Марсуди, вазири умури хориҷаи ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Тайи ин дидор вазъияти кунунии равобити дуҷониба ва чашмандози тавсеаи бештари таомулот байни Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ ва дар мавриди тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ибрози алоқа шуд.

Илова бар ин, ду тараф тақвияти ҳамкориҳое чандҷониба ду кишвар дар чорчуби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалиро мавриди баҳс ва баррасӣ қарор доданд.

Пеш аз ин, дипломати тоҷик дар дидор бо Босуки Ҳодимулҷуну, вазири фавоиди умумии Индонезия, вазъияти кунунии равобити дуҷониба ва низ рӯйдодҳои оянда дар ҳавзаи дипломосии об баррасӣ шуд.

Ҳамоиш ҷаҳонии об дар таърихи 18-25 май дар Индонезия, севумин конфронси байналмилалии «об барои тавсеаи пойдор, 2018-2028» , ки қарор аст рӯзҳои 10-13 июни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор шавад, мавриди таваҷҷуҳи вижаи ду тараф қарор гирифт.

Равобити дипломатик байни Тоҷикистон ва Индонезия дар 27 августи 1994 барқарор шуд.

2018-2028Индонезияоб барои тавсеаи пойдорТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment