Полиси Лос-Анҷелес бо тамоми қувва омодаи саркӯби донишҷӯёни муътариз шуд

Дар идомаи эътирозоти донишҷӯӣ ба иқдомоти ғайрибашарии режими Исроил дар Ғазза, ки дар донишгоҳҳои Амрико фарогир шуда ва Кохи Сафедро таҳти фишор қарор дода, акнун полиси Лос-Анҷелес низ бо ба кор гирифтани тамоми қува ба донишҷӯёни ҳомии Фаластин ҳушдори тарки маҳалли ҷамъомадро додааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Шабакаи хабарии CNN гузориш дод: чоршанбе шаб шоҳиди ҳузури густардаи неруҳои полис дар донишгоҳи Лос-Анҷелеси Калифорния (UCLA) буда ва полис бо баландгӯ ба муътаризон (ҳомиёни Фаластин ва Ғазза) дар ин донишгоҳ дастури тахлия ва тарки маҳалро дод.

Бинобар ин гузориш, полиси Лос-Анҷелес ба афроде, ки дар ин донишгоҳ ҷамъ омадаанд ҳушдор дод дар сӯрати адами пайравӣ аз ин дастур, ба унвони зидди қонун бо онҳо бархӯрд хоҳад шуд.

Истифода аз чандин ниҳоди полис барои тахлияи донишгоҳ

CNN гузориш дод: барои поксозии ҷамъомади сӯрат гирифта дар ин донишгоҳ аз чандин деҳа неруи полис истифода мешавад, ки шомили идораи полиси Лос-Анҷелес, полиси бузургроҳҳои Калифорния ва идораи полиси Лос-Анҷелес дар сӯрати барҳам хӯрдани вазъият дар шаҳр мебошанд.

Дар ҳоле неруҳои полис дар Лос-Анҷелеси иёлати Калифорния худро барои бархӯрд бо донишҷӯёни ҳомии Фаластин омода мекунанд, ки мақомоту полиси Амрико рӯзи гузашта пас аз саркӯби эътирозоти донишҷӯӣ ба вижа дар донишгоҳи Колумбияи Ню-Йорк ва юриш ба ин донишгоҳ ва дастгирии даҳҳо донишҷӯи ҳомии Фаластин бо хушунат дар нишасти хабарӣ ба дифоъ аз амалкарди худ пардохтанд.

Боздошти беш аз 1500 донишҷӯ дар Амрико дар камтар аз 15 рӯз

Саркӯбҳои донишҷӯёни амрикоии ҳомии Фаластин дар донишгоҳҳои Амрико ҳамчунон идома дошта ва токунӯн беш аз як ҳазору 500 нафар дар камтар аз 15 рӯз аз оғози эътирозҳо тавассути неруҳои амниятӣ ва полиси Амрико боздошт шудаанд.

Танҳо дар рӯзи сешанбеи гузашта беш аз 400 муътариз дастгир шуданд, ки аз ин теъдод, ҳудуди 300 нафар дар донишгоҳи Колумбия ва донишкадае дар Ню-Йоркро дар бар мегиранд.

Ин эътирозҳо дар пайи ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи давлати Байден аз режими саҳюнистӣ ва куштори бевақфаи мардуми Ғазза ба талофии шикасти ин режим дар амалиёти Тӯфони Ақсо дар ҳафтуми октябри 2023 ва низ адами иҷрои ҳаргуна оташбаси фаврӣ ва ба манзури поён додан ба кумакҳои низомӣ ва амниятии Вашингтон ба Тел-Авив сӯрат гирифтааст.

Истифода аз хушунат ва абзорҳои полисӣ барои муқобила ва саркӯби ҷамъомадҳо ва эътирозоти ором ва рӯзафзӯни донишҷӯён ва ҷавонони амрикоӣ ва вуруди полис ба муҳити донишгоҳӣ, мухолифи иддаоҳои он кишвар дар бораи асли озодии баён ва озодии эътироз буда ва муҳиту марокизи илмиро амниятӣ месозад.

Ингуна саркӯбҳои хушунатомез дар идомаи сиёсати ҳимояти ошкор аз кушторҳову ҷиноёти ҷангии Исроил ба шумор меравад ва сабаби ташвиқи он режим ба идомаи танишофаринӣ, ҷангафрӯзӣ ва наслкушӣ хоҳад шуд.

АмрикоҒаззаФаластин
Comments (0)
Add Comment