Мадуро: Саркӯби ҷавононро дар Амрико маҳкум мекунем

Раисҷумҳури Венесуэла саркӯби тазоҳуроти донишҷӯёни амрикоӣ тавассути неруҳои полиси ин кишварро маҳкум кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Николас Мадуро, президенти Венесуэла гуфт: Мо саркӯби ҷавонони амрикоиро тавассути неруҳои полиси ин кишвар, ки барои маҳкум кардани наслкушӣ алайҳи фаластиниён берун омадаанд, маҳкум мекунем.

Раисҷумҳури Венесуэла ҳамчунин таъкид кард: Эҳтироми комили худро ба ҷавонони амрикоӣ эълом мекунем. Онҳо дар муборизаи худ барои барқарории сулҳ шоистаи эҳтиром ҳастанд.

Мадуро аз ҷавонони саросари ҷаҳон хост то ба хиёбонҳо биёянду наслкушӣ алайҳи миллати Фаластинро маҳкум кунанд.

Донишҷӯён амрикоӣ 18 апрел дар донишгоҳи Колумбия дар шаҳри Ню-Йорк барои нишон додани мухолифати худ бо ҷанг алайҳи Навори Ғазза ҷамъомад ташкил дода ва аз мудирони донишгоҳи худ хостанд ҳамкориҳои академикияшон бо донишгоҳҳои режими саҳюнистиро мутаваққиф карда ва сармояҳои худро аз ширкатҳое ки ҳомии Исроил ҳастанд, хориҷ кунанд.

Пас аз мудохилаи неруҳои полис ва боздошти даҳҳо донишҷӯи амрикоӣ, хашм дар донишгоҳҳои ин кишвар густариш ёфта ва тазоҳурот ба даҳҳо донишгоҳи дигар дар иёлатҳои мухталифи ин кишвар расид.

Дар идома ҷунбиши донишҷӯии бесобиқа дар ҳимоят аз Фаластин дар донишгоҳҳои Амрико ба донишгоҳҳои кишварҳои дигар ба монанди Фаронса, Англис, Олмон ва Канада кашида шуд ва ҳамагии онҳо акнун шоҳиди баргузории тазоҳуротҳое дар ҳимоят аз сокинони Ғазза ва дархост барои таваққуфи ҷанг дар ин минтақа ва таҳрими ширкатҳое ҳастанд, ки силоҳ дар ихтиёри режими Исроил қарор медиҳанд.

АмрикоНиколас Мадуро
Comments (0)
Add Comment