Идомаи эътирозоти донишҷӯёни Амрико ва боздоштҳои густарда дар Каролинаи Шимолӣ

Ба гузориши хабаргузории "Алҷазира" эътирозоти зидди саҳюнистии донишҷӯёни Амрико дар ҳимоят аз Фаластин ва мардуми мазлуми Ғазза дар бисёре аз донишгоҳҳои Амрико ҳамчунон идома дорад.

Эътирозоти донишгоҳиёни Амрико дар ҳимоят аз Ғазза дар ҳоле идома дорад, ки боздоштҳо низ идома дорад, аз ҷумла гузориш шуда дар донишгоҳи Каролинаи Шимолӣ, 36 муътаризе ки дар муҳавватаи донишгоҳ таҳассун карда буданд, дастгир шуданд.

Вашингтон Пуст ҳам гузориш додааст, ки Донишгоҳи Браун дар ҳоли баррасии хурӯҷи сармоягузорӣ аз Исроил дар соли ҷорӣ аст.

Вебгоҳи Аксиос ҳам дар гузорише эълом кард, ки маҷлиси намояндагон аз руасоаи Донишгоҳҳои Йел, Мичиган ва Калифорния мехоҳад дар мавриди тазоҳуроти тарафдорони Фаластин шаҳодат бидиҳанд.

Эътирозот дар Донишгоҳи Калифорния ҳам ҳамчунон идома дораду масъӯлони ин донишгоҳ барои муътаризони донишҷӯ хат ва нишон кашида ва ҳушдор додаанд: агар донишҷӯён дар синфҳояшон ихтилол эҷод кунанд, иқдомоти инзиботии шадиде аз ҷумлаи ихроҷ ё таълиқ дар бораи онҳо анҷом хоҳем дод.

Донишгоҳи Калифорния ҳамчунин афзӯдааст, ки персонели худ барои иҷрои қонун дар муҳавватаи донишгоҳро бештар кардааст.

Донишҷӯёни муътариз дар донишгоҳи Кулумбия ҳам эълом карданд: Мо хоҳони адами вуруди неруҳои полис ба муҳаввата донишгоҳ ҳастем, чун музокирот бо мудирияти донишгоҳ шикаст хӯрду мудирияти донишгоҳ бо ҳусни ният бо мо музокира накард.

Ба гуфта донишҷӯёни муътаризи Донишгоҳи Кулумбия, ин донишгоҳ нақши худро дар ироаи хадамоти омӯзишӣ тазъиф кардааст.

Ҳамчунин як зани муътариз дар донишгоҳи Кулумбия эълом кард: ин ҳамбастагӣ бо Фаластин ба муддати 12 рӯзи як тазоҳуроти мусолиматомез бӯда ва ширкаткунандагон дар маърази хатари ихроҷ ва дастгирӣ қарор доранд.

Хезиши донишгоҳҳоии саросари Амрико дар ҳимоят аз муқовимати Фаластин ва мухолифат бо лашкаркашии режими саҳюнистӣ барои ҳамла ба Рафаҳ сабаб шудааст то бори дигари ин суол дар маҳофили илмӣ ва расонаҳо матраҳ шавад, ки чаро насли ҷавон ё ба иборати дақиқтар «насли z» бархилофи падарони худ ҳомии Фаластин буда ва ҳечгуна ҳамдилие бо ишғолгарони Қудс надорад? афрод ё ниҳодҳои наздик ба лобиҳои Исроил ё ҳамсӯ бо сиёсатҳои Кохи Сафед саъй доранд то ин таҷаммуъоти донишҷӯӣ – хиёбониро ношӣ аз фиреб ва инҳирофи насли ҷадиди дониста ва хоҳони бархӯрди неруҳои амниятӣ бо ҳомиён муқовимат шаванд.

Ҷомеъа шиносони Амрико шикофи кунунӣ миёни насли ҷадид ва қадими амрикоиҳо дар ҳимоят аз Исроилро ношӣ аз пайомадҳои ҷанги Ироқ – Афғонистон, афзоиши нуфӯзи ҷунбиши сиёҳ пӯстон, сиёсатҳои ифротии режими палид ва ҷнояткори саҳюнистӣ, тағироти ҷамъиятӣ ва интишори тасовири ғайри низомиёни фаластинӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ медонанд.

Имрӯз яке аз муҳимтарин ҷилваҳои ҳамбастагии насли ҷадиди амркоиҳо бо мардуми Фаластин, силсила тазоҳурот ва эътисоботи донишҷӯӣ дар қалби Иёлоти Муттаҳида аст. Донишҷӯёни донишгоҳҳои Кулумбия, Браун, Эмерсон, Ҳарвард, Ҷорҷ Вашингтон, Ню-Йорк, Флорида, Амурӣ, Огайо, Ройс, Массачусетс, Мишгён, Йел, Техас … ҳамсадо бо соири ҷомеъаи Амрико хостори таваққуфи наслкушӣ дар Ғазза ва худдории режими саҳюнистӣ аз лашкаркашӣ ба Рафаҳ ҳастанд. Дар миёни афроди ширкаткунанда дар ин таҷаммуъот илова бар мусулмонон, Араб – Амрикоиҳо, сиёҳ пӯстон; насли ҷавон ва сафедпусти Амрико низ дида мешавад, ки бар хилофи падарони худ ҳақиқатро бидуни восита дунбол карда ва мухолифи апартейд ҳоким дар Фаластини ишғолӣ ҳастанд.

АмрикоҒаззаДонишгоҳи БраунИсроилКаролинаи ШимолӣФаластин
Comments (0)
Add Comment