Ниёзмандии беш аз 12 миллион кӯдак дар Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона

Ниҳоди ҳамоҳангкунанда кумакҳои башардӯстонаи Cозмони Милали Муттаҳид барои Афғонистон эълом кард, 12, 3 млн кӯдак дар Афғонистон ба кумак ниёз доранд.

Ниҳоди ҳамоҳангкунанда кумакҳои башардӯстонаи Cозмони Милали Муттаҳид барои Афғонистон эълом кард, 12, 3 млн кӯдак дар Афғонистон ба кумак ниёз доранд.

Ба гузориши манбаъ:

Ниҳоди ҳамоҳангкунанда кумакҳои башардӯстонаи СММ барои Афғонистон мегуяд, ки ҳудуди 23,7 млн тан, аз ҷумлаи 12,3 млн кӯдак дар Афғонистон дар соли ҷории милодӣ ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.

Ин созмон дар гузоришии вазъияти башарӣ дар Афғонистони зери султаи толибон*-ро тайи моҳи март ба баррасӣ гирифта ва нигоштааст, ки ин ниҳод барои расидагӣ ба буҳрони башарӣ дар Афғонистон ба 1,7 млрд доллар ниёз дорад.

Бар асоси ин гузориш, кишварҳо ва ниҳодҳои кумаккунанда то кунун танҳо 35 дарсад аз ин буҷетро таъмин кардаанд.

Ба гуфта ин ниҳод, дар моҳи март, Имороти муттаҳидаи араб ва идораи ЮНИСЕФи бештарини кумакро ба Афғонистон ироа кардаанд.

Созмони дар боло зикршуда дар ин гузориш ҳамчунон вазъияти башарӣ дар Афғонистонро вахим арзёбӣ кард.

Ин ниҳод тасреҳ кардааст дар канори соири чолишҳо, борандагиҳои ахир дар кишвар низ бар зиндагии афғонҳо таъсири манфӣ гузоштааст.

Афғонистонкӯдакфақр
Comments (0)
Add Comment