Боздошти беш аз 900 нафар дар эътирозҳои донишҷӯёни Амрико

Рӯзномаи "Вашингтон Пост" дар гузорише аз боздошти беш аз 900 донишҷӯ дар 10 рӯзи гузашта бахотири эътироз ба ҷиноятҳои Исроил дар Ғазза хабар дод.

Ба гузориши ТоҷикПресс, сакуби тазоҳуроткунандагон дар донишгоҳи Колумбия дар НЮ-Йорк мавҷе аз фаъолиятро дар донишгоҳҳои тамоми Амрико ба роҳ монд, ки бар асоси охирин гузоришҳо беш аз 900 нафар боздошт шудаанд.

Дар тамоми Амрико роҳбарони донишгоҳ кӯшиш кардаанд, то тазоҳуротҳоро сакуб кунанд, тазоҳуротҳое, ки бештари вақтҳо сабаби дахолати хушунатомези полис шудааст, наворҳое, ки аз Иёлоти Муттаҳида нашр мешавад нишон медиҳад, ки садҳо донишҷӯ ва ҳатто аъзои ҳайати илмии донишгоҳҳо ба зур боздошт мешаванд. Ҳомиёни Фаластин хостори афв донишҷӯён ва аъзои ҳайати имлие ҳастанд, ки ба далели эътироз ба ҷиноятҳои Исроил дар Ғазза сакуб ё ихроҷ шудаанд.

Афсарони полис ва роҳбарони донишгоҳҳо дар рӯзҳои ахир бо муътаризони тарафдори Фаластин дар теъдоди физояндае аз донишгоҳҳои саросари Амрико даргир шудаанд ва донишҷӯёнро боздошт карда, урдугоҳҳоро барчида ва донишҷӯёнро ба паёмадҳои таҳсилӣ таҳдид кардаанд.

Мавҷи тозае аз фаъолиятҳои донишҷӯӣ алайҳи ҷанги Ғазза бо дастгирии ҳадди ақал 108 муътариз дар донишгоҳи Колумбия дар 18 апрел, пас аз ҳузури мудирон дар муқобили конгресс ва қавли саркӯби он оғоз шуд. Аз он замон, мудохилоти полис дар чандин донишгоҳ, аз ҷумла дар бархе аз бузургтарин шаҳрҳои Амрико, сабаби дастгирии беш аз 900 нафар шудааст.

Хостаи асосии бисёре аз муътаризон ин аст, ки донишгоҳҳо сармояи худро аз ширкатҳои муртабит бо режими саҳюнистӣ, ки мегӯянд аз ҷанги Ғазза суд мебаранд, берун бикашанд.

Донишгоҳи Иёлатии Портланд эълом кард дарёфти ҳадоё ва кумакҳои молӣ аз ширкати Боинг- ки бо режими Исроил иртибот дорад-ро то замоне, ки Коллеҷ баҳс дар мавриди ахлоқро баргузор кунад, мутаваққиф хоҳад кард. Раиси донишгоҳ дар тасмими худ барои таваққуфи кумакҳои молӣ ба хости донишҷӯён ва муаллимон ишора кард.

Кохи Сафед: Намехоҳем касе осиб бубинад

Бо вуҷуди бархурдҳои хашини полис бо донишҷӯён ва муътаризон, Кохи Сафед муддаӣ аст, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ба ҳаққи тазоҳуроткунандагон барои шунидани садояшон- ба сурати мусолиматомез- эҳтиром мегузорад. Мо намехоҳем шоҳиди садама дидани касе дар ин раванд бошем.

Ҷон Керби, мушовири иртибототи амнияти миллии Кохи Сафед ABCNEWS гуфт: Бархе аз эътирозот бо саркӯби полис мувоҷеҳ мешаванд. Раисҷумҳур медонад, ки эҳсосоти бисёр шадиде дар мавриди ҷанг дар Ғазза вуҷуд дорад. Ӯ инро дарк мекунад, ба он эҳтиром мегузорад ва ҳамонтавр, ки борҳо гуфтааст, мо яқинан ба ҳаққи эътирози мусолиматомез эҳтиром мегузорем. Мардум бояд ин тавонро дошта бошанд, ки назароти худро баён карда ва барои ба иштирок гузоштани дидгоҳҳои худ ба сурати умумӣ муҷоз бошанд, аммо ҳамаи инҳо бояд сулҳомез бошад.

Навъи рафтор ва саркӯби донишҷӯёни муътариз, иддаоҳои дурӯғи мақомоти амрикоро бар ҳамагон ошкор кардааст, яке аз муҳитҳое, ки ба иддаои ғарбиҳо ва тарафдоронашон бояд озодӣ дар он бештар риоя шавад, ниҳодҳои илмӣ ва академик мебошад. Дар кишварҳои ғарбӣ ин муҳитҳо бо сахтгириҳои бештаре роҳбарӣ мешаванд ва ҳатто як изҳори назари кучак ҳам метавонад сабаби ихроҷи асотид ва донишҷӯ аз донишгоҳ шавад.

АмрикоҒаззадонишгоҳдонишҷӯИсроил
Comments (0)
Add Comment