Бо вуҷуди кумакҳои чандмиллиард долларии Амрико, Украина пирӯз нахоҳад шуд

Як нашрияи англӣ забон дар гузорише дар бораи Украин навиштааст, ки бо вуҷуди кумакҳои чандмиллиард долларии Амрико, Киев қодир ба пирӯзӣ нахоҳад буд.

Нашрияи Маҷаллаи Блейки Швейтсария ба нақл аз бархе афсарони украинӣ дар гузорише навишт, бо вуҷуди кумакҳои чандмиллиард долларии Иёлоти Муттаҳида Амрико, бисёре аз фармондеҳони украинӣ дигар ба пирӯзии Киев бовар надоранд.

Аз сӯи дигар рӯзи гузашта Дениз Шмиха,  нахуствазири Украин дар суханоне иддао кард, ки Австралия дар ҳоли омодасозии бастаи кумакии 100 милюн долларӣ барои Украина аст.

Бар асоси иддаои нахуствазири Украин, қарораст ин пӯл барои хариди маҳмӯлаи бузурге аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин мавриди истифода қарор гирад.

Ба гузориши Спутник, Австралия ҳамчунин муҳимоти ҳаво ба заминро ба Украин мунтақил хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки вай пештар низ иддао карда буд ки Австралия паҳподҳое ба арзиши 32.5 миллион доллар маҷмӯъаи бузурге аз сомонаҳои мушакии зидди ҳавоиро ба Киев ироа хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки Австралия дар хусуси аддаои матраҳи ин мақоми украинӣ то кунун баёнияе содир накардааст.

Ҳамчунин Валентина Матвинко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия рӯзи якшанбе эълом кард, ки он чи Ғарб дар хусуси нобӯдии Русия дар сар мепарваронад, таҳаққуқ пазир нахоҳад буд.

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия дар ин хусус идома дод: руъёи Ғарб барои нобӯдии Русия ҳаргиз муҳаққақ нахоҳад шуд.

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия дар ин хусус изофа кард: Ғарб муддатҳоаст руъёи нобудии Русияро дар сар дорад; аммо ин руъё ҳаргиз муҳаққақ нахоҳад шуд. Русия як кишвари мустақилли қудратманд аст, ки сиёсати хориҷӣ бозуи мустақилли худро дунбол мекунад.

Вай пештар дар суханоне гуфта буд: ширкати кишварҳои саросари ҷаҳон дар Маҷмаъи Байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (SPIEF) таъйид мекунад, ки мунзавӣ кардани Русия ғайри мумкин аст. Алорақми талошҳои Ғарб барои инзивои Маскав ба вижаи пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украин, аммо онҳо ҳаргиз наметавонанд кишварамро шикаст диҳанд.

Рӯзи гузашта низ вазорати дифои Русия дар баёнияе дар хусуси раванди идомаи амалиёти вижаи Русия дар Украин дар 24 соати гузашта эълом кард: неруҳои мусаллаҳи Русия шаҳраки Новобакмоток дар Донетскро озод карданд.

Вазорати дифои Русия дар ин хусус меафзояд: воҳидҳои ягони Ғарб, мавозеи судмандтареро таҳти кантрол гирифтанд; 3 зидди ҳамлаи неруҳои мусаллаҳи Украин дафъ шуд. Душман 270 низомӣ аз даст дод.

Баёнияи мазкӯр дар идома изофа мекунад: воҳидҳои ягони марказ, ташкилоти неруҳои мусаллаҳи Украинаро дар Донетск шикаст доданд, 10 зидди ҳамла дафъ шуд ва Киев 380 неруи низомӣ аз даст дод.

Ин баёния дар идома меафзояд: талафоти душман дар Донетск болиғ бар 360 неруи низомӣ буд. Неруҳои мусаллаҳи Русия ошиёнаҳои паҳподҳои таҳоҷумии Украинаро дар пойгоҳи ҳавоии Каменка дар минтақаи Днепропетровск мунҳадим карданд.

Зидди ҳамалоти артиши Украин ки аз пештар мақомот ва расонаҳои ғарбӣ ва украинӣ бо обу тоби фаровон ваъдаи онро дода буданд, саранҷом 4 июн бесарусадо ва бидуни эъломи расмӣ дар меҳварҳои мухталиф оғоз шуд ва банно бар гузоришҳо, неруҳои украинӣ на танҳо токунун муваффақ ба шикасти хутути дифои артиши Русия ва пешравии чашмгире нашуданд, балки ҳаҷми зиёде аз таҷҳизоти низомии модерни иҳдоии ғарбиҳо низ дар ин зидди ҳамалот нобуд шуда ё солим ба тасарруфи неруҳои артиши Русия даромад.

Дар ҳамин робита, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин мегуяд, ки ботаваҷҷуҳ ба ҳаросе ки ба ҷони артиши Украин афтодааст, Маскав бояд раванди кунунии амалиёти низомӣ дар ин кишварро тадовум бибахшад.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Дмитрий Песков, сухангӯи Кохи Кремлин бо ишора ба инки тарафи украинӣ дар хати мақдами ҷабҳа, ба шиддат ваҳшат зада шудааст, гуфт, ки Русия ҳоло бояд амалиёти низомиро ба саранҷом бирасонад.

Дмитрий Песков таъкид кард: дар хати мақаддами ҷабҳа, тарафи украинӣ ба шиддат тарсидааст. Иттилооти дасти аввалӣ, ки дар ихтиёр дорем ҳокӣ аз он аст, ки дар он сӯи майдони ҷанг, тарс рӯ ба афзоиш аст. Нуктаи ҳоизи аҳамият ин аст, ки ҳамин раванд ва таҳаррукро ҳифз кунем. Хеле аҳамият дорад, ки мутаваққиф нашавем ва аҳдофи амалиёти низомиро муҳаққақ кунем.

Изҳороти Дмитрий Песков дар ҳоле аст, ки Пентагон ба тозагӣ аз бастаи кумакии низомии «бесобиқа»-и Амрико ба Украин ба арзиши 6 миллиард доллар рӯнамоӣ кард. Илова бар ин, бастаи 61 миллиард долларии Кохи Сафед саранҷом пас аз моҳҳо дар Конгресси Амрико, ба тасвиби маҷлиси намояндагон расид. Дар айни ҳол, вазорати дифои Русия аз афзоиши шумори қурбониёни артиши Украин дар хатти мақдамми ҷабҳа хабар додааст.

АмрикоДмитрий ПесковДонетскКиевМаскав - КиевПентагонРусияУкраина
Comments (0)
Add Comment