Русия: Таҳдиди асосӣ ба Осиёи Марказӣ аз ҷониби Афғонистон аст

Вазири дифои Русия дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмонҳои ҳамкориҳои Шанхай иброз дошт, ки хатари асосӣ ба Осиёи Марказӣ аз сӯи гуруҳҳои террористии ҳозир дар Афғонистон мебошад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Остона гуфт: “Таҳдиди асосӣ дар Осиёи Марказӣ аз гурӯҳҳои радикалии террористии воқеъ дар Афғонистон аст.”

Ба гуфтаи Шойгу, вазъ дар ин ҷо мушкил боқӣ монда, манбаи густариши терроризму ифротгароӣ маҳсуб мешавад.

Вазири дифои Русия афзуд, дар ҳамин ҳол, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико талошҳо барои барқарор кардани мавқеъҳои пас аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон дар Осиёи Марказӣ ва ҷанубиро тақвият додааст.

Дар сӯҳбат бо ҳамкасбон аз кишварҳои узви СҲШ Шойгу изҳор дошт, ки мушовирони хориҷӣ дар ташкили тахрибкорӣ, ки Украина дар қаламрави Русия анҷом медиҳад, ширкат мекунанд.

Банақшагирӣ ва омодасозии чунин чорабиниҳо бо иштироки бевоситаи машваратчиёни хориҷӣ сурат мегирад.

Вай гуфт: “Тақрибан ҳар рӯз бо ризоияти пинҳонии Ғарб Киев аз силоҳҳои дарёфткардааш истифода мекунад, то ба инфрасохтори ғайринизомӣ осеб расонад.”

Маълумоти иктишофӣ дар вақти воқеӣ интиқол дода мешавад, омӯзиши кадрҳои низомии Украина ба роҳ монда шудааст, мутахассисони низомии ғарбӣ ва зархаридон дар минтақаи ҷанг қарор доранд.

Рӯзи ҷумъаи 26 апрел дар Остона нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҷараён дорад. Дар чорабинӣ масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ҳамкориҳои минбаъдаи вазоратҳои дифоъ дар формати СҲШ баррасӣ мешаванд”.

Дар нишати Остона вазири дифои Тоҷикистон, Шералӣ Мирзо низ ҳузур дорад.

АфғонистонРусияТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment