Кишварҳои исломӣ ба худ, уммати исломӣ ва ормони Фаластин хиёнат накунанд!

Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори масъулони низоми исломӣ ва сафирони кишварҳои исломӣ ба муносибати иди саъиди Фитр рӯзи даҳуми апрели 2024 бо баёни табрики ид ва баракатҳои моҳи Рамазон ва зарурати ҳифзи дастовардҳои он дар тули сол ба масъалаи Ғазза ва ҷиноятҳои саҳюнистҳои хабис ва ҳимоятҳои кишварҳои ғарбӣ аз ҷиноятҳои ишғолгарон таъкид кард кишварҳои исломӣ вазифа доранд, ки робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии худро бо режими хуношоми наслкуш қатъ кунанд ва ин хостаи мо ва ҳамаи миллати исломӣ аст.

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим

Валҳамду лиллаҳи раббилоламин вассалоту вассалому ало сайидино ва набийино Абилқосими ал-Мустафо Муҳаммад ва ало Олиҳи алтайибина аттоҳирина алмаъсумина алҳудоти алмаҳдийина алмунтаҷабина сиямо бақиятиллоҳи филаразин

Табрик арз мекунам ба ҳамаи ҳуззори муҳтарам, масъулони муҳтарами дастгоҳҳои мухталифи кишвар ва ба ҳамаи миллати Эрон, ин иди саъидро; ҳамчунин табрик арз мекунам ба меҳмононамон, ки дар ин ҷо ҳастанд, сафирони кишварҳои исломӣ ва ба ҳамаи миллатҳои мусулмон. Умедворем ин шоа Аллоҳ ин ид, ба маънои воқеии калима барои ҳамаи уммати исломӣ ид, мояи шодӣ ва баракат бошад.

Ман аввалан лозим медонам бори дигар ба фазои маънавии мумтози моҳи Рамазон дар кишварамон ишора кунам. Таъкид барои ин аст, ки мо ин фазои маънавиро қадр бидонем ва онро ҳифз кунем. Ин ҷаласоти дуо ва тазарруъ ва намозҳои ҷамоат ва масоҷиди обод ва кумакҳои муъминонае, ки мардум мекунанд ва ифторҳои дар масоҷид ва дар хиёбонҳо; яъне ҳам аз ҷанбаи маънавӣ ҳақиқатан мардум дар ин моҳи Рамазони барҷастагӣ нишон доданд, бо тиловати Қуръон ва [ғайра], ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ, бо кумакҳо ва корсозиҳо барои мардум ва кумак ба маҳрумон ва [монанди инҳо], ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ; ин роҳпаймоие, ки дар рӯзи Қудс анҷом гирифт, як ҳаракати сиёсии байналмилалии шигифтиофарин буд. Куҷо чунин чизеро мешавад пайдо кард? Имсол дар рӯзи Қудс, он тавре ки афроди ошно ва корбалад итилоъ доданд, ба маънои воқеии калима як хурӯши умумӣ дар кишвар буд; ҷамъиятҳои мутароким, беш аз солҳои гузашта ба саҳна омаданд. Инҳо воқеан ҷойи ташаккур дорад. Бандаи ҳақир воқеан аз миллати азизамон ба хотири пешгомӣ ва пешравӣ дар ҳамаи ин арсаҳои мухталиф, самимона ташаккур мекунам.

Аммо ташаккури забонӣ кофӣ нест. Шумо бародарону хоҳарони азизе, ки ин ҷо ҳастед, ағлаб ҷузви масъулони дастгоҳҳои мухталифед, чӣ дастгоҳҳои давлатӣ, чӣ марбут ба қувваи қазоия, чӣ марбут ба қувваи муқаннана, чӣ марбут ба рӯҳоният ва таблиғоти динӣ, чӣ марбут ба масоили низомӣ, ағлаби ҳуззори муҳтарам масъулони кишвар ҳастед; аз ин миллат бояд ташаккури амалӣ кард. Ҳамин матолибе, ки оқои раисҷумҳур фармуданд, бандаи саддарсад таъйид мекунам; яъне ҳамин корҳо бояд анҷом бигирад; бояд барномарезӣ бишавад, бояд пешрафт бикунад. Хуб, биҳамдиллоҳ масъулон эҳсоси масъулият мекунанд, инро инсон мефаҳмад, инсон мебинад ва талош мекунанд; ин талошро идома бидиҳанд ва аз ҳамаи ҷиҳат мунзабит кунанд.

Ҳаводиси Ғазза чизе нест, ки инсон битавонад бе таваҷҷуҳ ба он аз масоили ин айём ва ин ид ва ин моҳи Рамазон гузар кунад. Ҳақиқатан масъалаи Ғазза, имрӯз як масъалаи муҳимест; раъси масоили дунёи Ислом аст. Ҳама бояд воқеан дар ин замина эҳсоси масъулият кунем. Дили миллатҳои мусулмон ва ҳатто ғайри мусулмон бо ин мардуми мазлум ҳамроҳ аст. Шумо мебинед дигар ин роҳпаймоиҳо ва тазоҳуротеро, ки дар дунё ба нафъи фаластиниҳо ва мардуми Ғазза ва мазлумони ин минтақа иттифоқ меафтад, ин роҳпаймоиҳо ҳам, бесобиқа аст; дар ҳеҷ кадом аз қазоё инчунин чизе мо суроғ надорем. Ин ки дар Африқо, дар Осиё, дар Аврупо, дар худ кишвари Амрико мардум дар хиёбонҳо биёянд ва ба нафъи мардуми Фаластин шиор бидиҳанд, дар тӯли ин даҳҳо соле, ки ғасби Фаластин иттифоқ афтода бесобиқа аст. Пас пайдост як кори ҷадиде дорад анҷом мегирад; як таҳаввули ҷадиде дар олами Ислом дорад ба вуқуъ мепайвандад; як ҳодисае дорад иттифоқ меафтад; бояд ба ин тавваҷуҳ кунем.

Ин ки масъалаи фаластинӣ бишавад масъалаи аввал, дар куҷо? Дар Лондон, дар Порис, дар кишварҳои аврупоӣ, дар Вашингтон, чизи кӯчаке нест. Тасаллуте, ки саҳюнистҳо дар тӯли ин солҳо бар дастгоҳҳои расонаии дунё доштанд, чизе нест, ки иҷозат бидиҳад ба нафъи Фаластин ва зидди онҳо садое пахш бишавад; имрӯз ин садо дар ҳамаи дунё дорад пахш мешавад. Пул ҳам харҷ мекунанд, фарёд ҳам мезананд, дифоъ ҳам мекунанд, [аммо] мардуми дунё зидди инҳо ҳастанд, мухолифи саҳюнистҳоянд. Инҳо масоили муҳимест; бояд бо чашми ибрат ба инҳо нигоҳ кард. Як ҳодисаи дорад иттифоқ меафтад.

Ҳама бояд ба вазоифашон амал кунанд; [аммо] давлатҳо инсофан ба вазоифашон амал намекунанд. Ҳоло давлатҳои аврупоиро, ки ман дар намоз ишора кардам; баъзе аз онҳо гоҳе ҳарф мезананд он ҳам на як ҳарфи муҳкам ва қавӣ, як чизе ба унвони ин ки чаро ин корро мекунед, локин дар амал мутлақан асаре аз давлатҳо дида намешавад, балки баръакс, кумак мекунанд. Амрико кумак мекунад, кумаки таслиҳотӣ, кумаки молӣ, кумаки сиёсии Англис кумак мекунад, баъзе кишварҳои дигари аврупоӣ кумак мекунанд; лекин таассуфбортар ин аст, ки баъзе кишварҳои исломӣ ҳам ба режими саҳюнистӣ кумак мекунанд! Кай? Он вақте ки машғули куштани бачаҳо ва занҳо ва кӯдакон аст; ин ба назари ман аслан қобили фаҳм нест, аммо мутаасифона дорад иттифоқ меафтад.

Кумак ба режими саҳюнистӣ аз тарафи кишварҳои исломӣ, хиёнат аст; хиёнат ба уммати исломӣ аст. Хиёнат ба худашон ҳам ҳаст; ба хотири ин ки бо ин кор дастгоҳҳои рӯ ба заъфи саҳюнистиро тақвият мекунанд ва ин тақвият ба зарари худашон ҳам тамом хоҳад шуд. Саҳюнистҳо вақте вориди кишваре бишаванд ин тавр нест, ки ба нафъи он кишвар кор бикунанд; вақте нуфӯз карданд, мисли пашша хӯни он кишварро ба нафъи худашон мемаканд. Кумак ба режими саҳюнистӣ, кумак ба нобӯдии худашон аст; уммати исломӣ ҳам ки ба ҷои худ маҳфуз. Бояд инро мутаваққиф кунанд. Ин пешниҳоди қаблии мо буда, алъон ҳам пешниҳоди ҳатмии мост: давлатҳои исломӣ робитаи иқтисодӣ ва сиёсии худро бо режими саҳюнистӣ қатъ кунанд; лоақал ба таври муваққат, то вақте ки ин ҷиноятро инҳо анҷом медиҳанд робитаҳо қатъ бошад, кумаке нашавад ва иртибот вуҷуд надошта бошад. Ин таваққуъ аз давлатҳои исломис ; фақат ҳам таваққуи мо нест; таваққуи миллатҳои мусулмон аст. Агар алъон дар кишварҳои исломӣ ҳамапурсӣ кунанд, бетардид ҳама назар медиҳанд ба ин ки давлатҳояшон бояд бо режими саҳюнистӣ қатъи робита кунанд; дар ин тардиде нест. Умедворем “ин шоа Аллоҳ” Худои Мутаол ҳамаи моро бедор кунад; моро ба вазоифамон ошно кунад; моро қодир бар анҷоми ин вазоиф бигардонад.

Бори дигар, идро ба ҳамаи шумо табрик арз мекунам. Умедворам “ин шоа Аллоҳ” баракоти моҳи Рамазон, баракоти ид барои миллати азизамон, барои масъулони муҳтарамамон ва фаъолони гуногуни бахшҳои мухталиф мондагор бошад ва ҳама истифода кунанд ва “ин шоа Аллоҳ” ба зудӣ осори муваффақият ва пешрафтро ҳам дар арсаи дохилӣ ва ҳам дар арсаи хориҷӣ ба чашм мушоҳида кунем.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Якуми шавволи 1445 ҳ.қ.

 

ҒаззаОятуллоҳ ХоманаӣРежими ИсроилФаластин
Comments (0)
Add Comment