Расонаи амрикоӣ: Исроил ба ҳеҷ ҳадафаш дар Ғазза нарасидааст!

Рӯзномаи амрикоии CNN навиштааст, ки Исроил ба ҳеҷ як аз ҳадафҳои эълоншудааш дар ҷанги Ғазза нарасидааст.

Рӯзномаи амрикоии CNN навиштааст, ки Исроил ба ҳеҷ як аз ҳадафҳои эълоншудааш дар ҷанги Ғазза нарасидааст.

Дар шароите, ки фишорҳои афкори умумии байналмилалӣ бар Амрико барои коҳиши ҳимоятҳо аз ҷанги Исроил дар Ғазза афзоиш ёфта, CNN навишта, ки ҳеҷ як аз аҳдофи эълоншудаи ин режим дар ҷанг бароварда нашудааст.

“Бо гузашти 6 моҳ аз ҷанг дар Ғазза, Исроил на роҳбурде барои хуруҷ аз ҷанг дорад ва на ҳеҷ барномае барои оянда”. Инро Ивана Кутозово, нависандаи аршади ин расонаи амрикоӣ матраҳ кардааст.

Ба навиштаи Ӯ, “ҷанги Ғазза шаш моҳ аст, ки идома дорад ва сабри муттаҳидони Исроил дар ҳоли тамом шудан аст. Ҳамзамон бо афзоиши теъдоди куштаҳо дар ин минтақа, ба таври физояндае ошкор мешавад, ки Исроил ҳеҷ барномаи қобили қабуле барои поён додан ба ҷанг ё ончи дар оянда хоҳад омад, надорад”.

Кутозово ҳушдор дод, ки “азм барои идомаи таъқиби Ҳамос дар Ғазза ба рағми паёмадҳои инсонии ваҳшатнок, ба таври физоянда Исроилро дар саҳнаи ҷаҳонӣ мунзавӣ карда ва давлаташ бо фишор аз ҳамаи тарафҳо мувоҷеҳ аст.”

Ба гуфтаи Ӯ, “чандин созмони байналмилалӣ ҳушдор додаанд, ки Исроил мумкин аст муртакиби наслкушӣ шавад ва ҳатто наздиктарин муттаҳидонаш акнун ба таври ошкор аз Бенёмин Нетаняҳу интиқод мекунанд. Дархостҳо барои таваққуфи ирсоли силоҳ ба Исроил дар Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё дар ҳоли афзоиш аст.”

Таҳлилгари аршади CNN, ки расонаи наздик ба демократҳо дар Амрико аст, изофа кард: “ҳамзамон бо ин таҳаввулот, Нетаняҳу ва давлаташ таҳти фишори рӯ ба густариши дохилӣ қарор доранд ва мӯътаризон бори дигар дар хиёбонҳо дар теъдоди боло хостори истеъфояш шудаанд.”

Кутузово бо баёни инки “аз байн бурдани Ҳамос ва бозгардондани гаравгонҳо” ду ҳадафи эълонии Исроил аз ҷанги Ғазза будааст, афзуд: “6 моҳ аз ҷанг гузашт ва ҳеҷ ҳадафе ҳам ҳосил нашудааст.”

АмрикоАнглисҒаззаФаластин
Comments (0)
Add Comment