Хонаҳои фаластиниҳо зери оташи ҳамлаҳои заминӣ ва ҳавоӣ 

Ба гузориши хабарнигори шабакаи Ал-Маёдин, ин ҳамлаҳои ҳавоии артиши режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ минтақаи Ҷиболиёро дар баргирфт. Ҳамлаҳои тӯпхонаии ин режими хуношом низ бахшҳои мухталифи шимоли Навори Ғаззаро ҳадаф қарор дод.

Мушакҳои замин ба замини низомиёни ҷинояткори режими саҳюнистӣ, бахшҳои шарқии минтақаи Бейт Ҳанун воқеъ дар шимоли Навори Ғаззаро зери оташ гирифт. Ин ҳамлаҳои мушакӣ ҳамчунин урдугоҳи Ан-Насирот воқеъ дар маркази Навори Ғазза ҳадаф қарор дод.

Хабарнигори шабакаи Ал-Маёдин таъкид кард, ки тӯпхонаи режими ғосиб ва хуношоми саҳюнистӣ минтақаҳои Ал-Мағорақа, Натсарми ва Аз-Заҳроро дар маркази Навори Ғазза ҳадаф қарор додааст.

Артиши режими палиди саҳюнистӣ ҳамчунин аз ҳаво ва замин шимоли устони Ал-Васитро ҳадаф қарор додааст. Ин ҳамлаҳои тӯпхонаӣ маҳаллаи Аз-Зайтун воқеъ дар ҷануби шарқи шаҳри Ғаззаро низ дарбар гирифтааст.

Ҷангандаҳои ин режим низ тайи чандин ҳамла шаҳри Хон Юнусро воқеъ дар ҷануби Навори Ғазза бомбаборон карданд.

Идораи маркази омори Фаластин рӯзи гузашта эълом кард, ки неруҳои ишғолгари саҳюнистӣ ҳар соат 4 кӯдак дар Ғаззаро ба шаҳодат мерасонанд ва бо гузашти беш аз 180 рӯз аз ин ҷанг, 43 ҳазору 349 кӯдак бидуни падар ва модари худ ё яке аз онҳо зиндагӣ мекунанд.

Тибқи ин омор токунун беш аз 14 ҳазор ва 350 тан аз шуҳадои ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ғаззаро кӯдакон ташкил медиҳанд ва 44 дарсади қурбониёни ин ҷанг кӯдак буда ва дар маҷмӯъ беш аз 70 дарсади қурбониён, зан ва кӯдак ҳастанд.

Бар асоси ин омор аз замони таҷовузгарии режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ба Ғазза дар 7 октябр 2023 токунун илова бар куштори бевақфаи кӯдакони Ғазза, 117 кӯдак ҳам дар Каронаи Бохтарӣ ба шаҳодат расида ва 724 кӯдак ҳам дар ин минтақа захмӣ шудаанд. Ҳамчунин аз миёни 1620 нафаре, ки дар минтақаҳои мухталифи Каронаи Бохтарӣ овора шудаанд 710 нафар аз онҳо кӯдак ҳастанд.

ҒаззаКаронаи БохтарӣРежими саҳюнистӣсаҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment