Сухане дар бораи Рӯзи ҷаҳонии Қудс

Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабе аз Масҷид-ул-ҳаром ба Масҷид-ул-ақсо -ки атрофашро пурбаракат кардаем- сайр дод.

Муқаддима

Қуръони Карим мефармояд:

سُبْحَانَ الَّذِي أَسْرَىٰ بِعَبْدِهِ لَيْلًا مِنَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ إِلَى الْمَسْجِدِ الْأَقْصَى الَّذِي بَارَكْنَا حَوْلَهُ

Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабе аз Масҷид-ул-ҳаром ба Масҷид-ул-ақсо -ки атрофашро пурбаракат кардаем- сайр дод. (Сураи Исро, ояти 1)

Сураи Исро маккӣ мебошад б дар шарите бар Паёмбар нозил шуда, ки ҳануз Каъба дар ихтиёри мушрикҳо буд ва Паёмбар ва пайравони андакаш мавриди озору таъқиби онҳо буданд ва маъбади Қудс ҳам назди онҳо беаҳамият буд. Худованд бар ин ду макон номи масҷид ниҳод ва дар он шароит хабар аз ҳокимияти муъминон бар ин ду макон дод. Мусулмонон бо пирӯзӣ бар Қурайш ва фатҳи Макка, Каъбаро аз вуҷуди бутҳо пок карданд ва онро масҷиди Худо қарор доданд ва дар замони халифаи дуюм, Қудс ба тасарруфи мусулмонон даромад ва маъбади Қудс номи қуръонии Масҷидулақсоро гирифт.

Зикр номи ин ду макони шариф дар канори ҳам нишон аз як розу рамзи илоҳӣ дорад. Худованд бар маъбади Қудс номи масҷид мегузорад ва онро баробар бо Масҷидулақсо қарор медиҳад. Ин нишонаи покии ин макон аст. Худованд Иброҳим (а) ва Лут (а)-ро аш ин замини муборак раҳнамун месозад ва ақидаи тавҳидии иброҳимӣ дар инҷо оғоз меёбад ва Иброҳим (а) аз ин макон, ба сӯи Ҳиҷоз ҳаракат мекунад ва дар онҷо Байтуллоҳулҳаромро бино мекунад. То ҳалқаи пайванди осмонӣ байни ин ду макон ба вуҷуд ояд. Рӯзе Иброҳим (а) аз Қудс ба сӯи Ҳиҷоз сайр мекунад ва дигар рӯз Паёмбари Акрам (с) аз Масҷидулҳаром ба сӯи Масҷидулақсо бурда мешавад.

Ин сайри навбатии Шайхуланбиё, Иброҳим (а) ва Хатамуланбиё Муҳаммад (с) як нақша ва ҳаракати илоҳӣ мебошад, ки танҳо бар асоси хости Худованд сурат гирифтааст, зеро Худованд онро дар сураи Анбиё ва Исро ба худаш нисбат додааст.

Тибқи оятҳои Қуръони Карим ошкор мешавад, ки иртиботи дақиқе байни ин ду макон барқарор аст, як рӯҳ ҳастанд дар ду бадан.

Қуръони Карим мефармояд:

وَقَضَيْنَا إِلَىٰ بَنِي إِسْرَائِيلَ فِي الْكِتَابِ لَتُفْسِدُنَّ فِي الْأَرْضِ مَرَّتَيْنِ وَلَتَعْلُنَّ عُلُوًّا كَبِيرًا

Ва дар китоб[-и Таврот] ба сӯи Бани Исроил эълон кардем, ки ҳатман ду бор дар замин фасод хоҳед кард; ва қатъан бо саркашии бузурге бартарӣ меҷӯед. (Сураи Исро, ояти 4)

Аз ин оят фаҳмида мешавад, ки саркашӣ ва фасоди яҳуд дар замин аст, на дар як минтақаи хос. Дар замони Расули Худо (с) нахустин фасоди яҳуд ба вуҷуд омад. Онҳо бо шикастани паймон, қасди нобудии Паёмбарро доштанд ва агар хостаи Худованд набуд, қудрати яҳуд бо таваҷҷӯҳ ба ҳампаймонҳое, ки онҳо аз қабилаҳои араб ва Қурайш доштанд аз байн намерафт.

Худованд дар сураи Ҳашр мефармояд:

هُوَ الَّذِي أَخْرَجَ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ مِنْ دِيَارِهِمْ لِأَوَّلِ الْحَشْرِ ۚ مَا ظَنَنْتُمْ أَنْ يَخْرُجُوا وَظَنُّوا أَنَّهُمْ مَانِعَتُهُمْ حُصُونُهُمْ مِنَ اللَّهِ فَأَتَاهُمُ اللَّهُ مِنْ حَيْثُ لَمْ يَحْتَسِبُوا وَقَذَفَ فِي قُلُوبِهِمُ الرُّعْبَ يُخْرِبُونَ بُيُوتَهُمْ بِأَيْدِيهِمْ وَأَيْدِي الْمُؤْمِنِينَ فَاعْتَبِرُوا يَا أُولِي الْأَبْصَارِ

Ӯ Зотест, ки касоне аз аҳли Китобро, ки куфр варзиданд, дар нахустин ҷамъомад [барои ҷанг], аз диёрашон берун кард; гумон намекардед, ки берун раванд; ва онҳо гумон карданд, ки қалъаҳояшон монеи онҳо аз [азоби] Худо аст; пас, [азоби] Худо аз ҷое, ки фикр намекарданд, ба суроғашон омад ва дар дилҳояшон ваҳшат андохт; хонаҳояшонро бо дастҳои худ ва дастони мӯъминон вайрон мекарданд; пас, эй соҳибони басират! Ибрат гиред. (Сураи Ҳашр, ояти 2)

Бар асоси ин оят, қавми яҳуд гумон намекарданд, ки рӯзе ба дасти мусулмонон мағлуб шаванд. Ба ин тартиб нахустин тавтиаи яҳуд маҳор шуд. Ояти 5 сураи Исро ба нобудӣ ва тавтиаи яҳуд ишора дорад.

Ба ин тартиб яҳудиён пас аз фасоди аввал дар баробари мусулмонон шикаст хӯрданд ва дар сатҳи ҷаҳон пароканда шуданд.

Ташкили давлати саҳюнистӣ фасоди дуюм

Фасоди дуюми Бани Исроил аз қарни нуздаҳум шакр ҷиддӣ ба худ гирифт. Дар ин замон гуруҳе аз яҳудиёни Аврупо қудрат ва нуфуз пайдо карданд ва ҷунбиши саҳюнизмро бо илҳом аз калимаи Саҳюн- ки ба маънои ҳукумати Худо ва номи кӯҳе бар фарози шаҳри Тел-Авив мебошад- бо орзуи истиқомат дар он макон, бунёд ниҳоданд. Сарони ин ҳизб монанди Теодор Гертсел, нависандаи “Таърихи яҳуд” дар Австрия ҳудиёни Аврупоро мутаваҷҷеҳи худ сохтанд ва пас аз таҳияи муқаддамот аввалин нишасти саҳюнистии ҷаҳонро дар кишвари Швейтсария ташкил доданд.

Ҷунбиши саҳюнизм

Ҷунбиши саҳюнизм бо ҳадафи таҳаққуқи аҳдофи худ дар пайи сарзамине барои сукунати яҳудиён ва ташкили давлат мегардад. Барои таъсиси як давлати исроилӣ муқаддамоте лозим буд.

А: бо муроҷиъат ба китоби Таврот ва китобҳои тахрихии яҳуд ва кумак гирифтан аз оятҳои таҳриф шуда ва тафсири гуруҳӣ ва саҳюнистӣ ба ҳаракати худ виҷҳаи тақаддус ва покӣ доданд. Дар Сифри пайдоиш ояти 12 аз боби ҳафтум, Худованд хилофат ва моликияти сарзаминеро ба Иброҳим яъне Ниёи бузург ваъда додааст. Дар ин ваъда ҳатто макони дақиқи ин моликият бар замин зикр шудааст. “Дар он рӯз Худованд бо Ибром дар инҷо омили сарзамин аҳд басту гуфт, ин заминро аз Наҳри Миср то Наҳри Азим яъне Фурот ба насли ту бахшидаам”.

Гертсел дар иттилоияи 1841 яҳудиён аҳли Чорлестон бо иборати : “Фаластини мо. Хоки муқаддаси ваъдадода шудаи мо. Ин хонаи Худо, Маъбади мост” ҳаракатҳои нажодпарастона ва афкори саҳюнистиро бар пояи дин устувор месозад. Дар ҳақиқат фаҳми гуруҳӣ аз Китоби Муқаддасро ба абзори як сиёсат табдил медиҳад ва ба он сиёсат ранги покӣ мебахшад. Қобили зикр аст, ки Гертсел-асосгузори саҳюнизм сиёсӣ- ибтидо даъвои мазҳаб надошт ва ҳадафи вай ташкили давлати яҳуд буд. Ҳатто дар ибтидо сарзамини муқаддас макони хоссе набуд ва барои ҳадафҳои миллатпарастиаш Уганда, Кипр, Аргентина, Мозамбик ё Конго фарқе намекард. Баъдҳо бо таваҷҷӯҳ ба мухолифати дӯстони яҳудияш эълом мекунад:

“Фаластин меҳани таърихии фаромӯш ношудании мост….. ин ном ба танҳоӣ, фарёди иттиҳоди тавонманде барои мо хоҳад буд”.

Бояд зикр кард, ки аз ҳамон ибтидо гуруҳе аз бузургони яҳуд бардошти саҳюнизмро қабул надоштанд. Дар нишасте, ки дар Монроли Амрико дар соли 1897 баргузор шуд, ба пешниҳоди Исҳоқ Мирвойз-шахсе, ки беш аз ҳаркас намояндаи яҳудиёни Амрикои он замон буд- қонуне ба тасвиб расид, ки ду қироъат аз Тавротро аз асос дар баробари якдигар қарор медод. Қироъати сиёсӣ ва қабилаии саҳюнизм ва қироъати маънавӣ.

“Мо ҳар кореро, ки самт ва сӯи он эҷоди як давлати яҳуд бошад, ба куллӣ рад мекунем. Ибтикороте аз ин навъ фаҳми ғалат аз рисолати Исроилро…, ки паёмбарони яҳуд, нахустин даъватгарони он буданд ошкор месозад… мо бар ин боварем, ки ҳадафи яҳудият на сиёсӣ мебошад ва на маънавӣ… чашмандози он як даврони масеҳоӣ мебошад, ки дар он ҳамаи одамҳо тааллуқи худро танҳо ба як уммати бург боз хоҳанд шинохт, то салтанати Худовандро бар замин мустақар намоянд”.

Омили дигаре, ки сарони саҳюнизм аз он суд бурданд достони “қавми баргузида” буд. Яҳуд иддао мекунад, ки танҳо қавми мавриди таваҷҷӯҳ ва баргузидаи Худост ва таваҷҷуҳҳои хосси Худованд ба ӯ тааллуқ гирифтааст ва даст ба ҳар амале, ки бизанад ҳатман хости Худованд дар он кор будааст. Дар Сифри Хуруҷ боби 4 ояти 22 чунин омадааст:

“Исроил писари ман ва нахустзодаи ман аст”.

Б: Истифода аз шароити таърихии Ҷанги Ҷаҳонии дуюм ва бархурди Олмон бо яҳудиён, ки ба сурати достони куштори 6 миллион яҳудӣ матраҳ гардид.

Ҳақиқат ин аст, ки пеш аз матраҳ шудани куштори яҳудиён, бар асари таблиғоти Калисо ва масоили дигар, нафрати умумӣ нисбат ба ин қавм дар Аврупо вуҷуд дошт. Жол Мишел, таърихнависи фаронсавӣ мегӯяд: “яҳудӣ бадбахт ва таҳти анвои бадбахтӣ мебошад”. Ба ин тартиб ҳаракатҳои миллатгароии ифротӣ дар байни аврупоиён ва ба вижа олмониҳо шиддат гирифта ва мавҷи яҳудиситезӣ дар он кишвар рӯ ба густариш буд.

Барои аз байн бурдани нафрати мардуми Аврупо аз як тараф ва тавҷеҳи аъмоли отии бузургони саҳюнизм аз сӯи дигар нақшаи яҳудикушии Гитлер тарроҳӣ ва баҳонаи қавӣ барои ташкили давлати миллии яҳуд гардид.

Афсонаи куштори яҳудиён

Шавоҳиди таърихӣ нишон медиҳад, ки ин масъала ба шиддат таҳриф шуда ва мавриди зиёдаравӣ аз ҳад қарор гирифта ва бо ҳамоҳангии ҷараёни саҳюнизми байналмилалӣ ва бо ҳадафи фароҳам кардани куҷи иҷбории ҳамаи яҳудиёни Аврупо ба сарзаминҳои Фаластин анҷом шудааст.

Таблиғҳои густарда бар рӯи ин куштор ва хондани он ба “куштор ва қурбонӣ намудани яҳудиён” дар ҷараёни Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм ин фурсатро барои саҳюнизми байналмилалӣ фароҳам овард, ки эълом кунад:

“Эҷоди давлати Исроил. Посухи Худованд ба қурбони бузург аст”.

Шавоҳиди бисёре вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад ин афсонаи ғамангез ба ин сурат таҳриф шуда ва имкони вуқуъ надоштааст. Яъне куштори беш аз 6 миллион барои танҳо як урдуи Освенсим-Биркена.

Бар асоси охирин омори расмӣ ва таъид шуда рақами эълом шуда барои куштори урдугоҳи Освенсим-Биркена аз 4 миллион нафар ба 1 миллион нафар коҳиш ва ислоҳ гардид. Аммо саҳюнизми байналмилалӣ ҳануз ҳам ба такрори рақами 6 миллион яҳудии кушта шуда исрор меварзад ва алоқае надорад, ки таслими ҳақиқати байналмилалӣ шавад. Нуктаи қобили назаррас ин ки дар ҷараёни Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм ҳудуди 50 миллион нафар кушта шуданд, ки танҳо 17 миллион нафари он марбут ба Шӯравӣ мебошад. Агар бихоҳем куштореро ба наслкушӣ таъбир кунем, тибқи қоида бояд ин кушторро матраҳ кард. Яъне ҳатто агар адади худсохтаи саҳюнизми байналмилалиро бипазирем, ки ҳақиқат бисёр бисёр камтар аз онро нишон медиҳад боз ҳам дар Шӯравӣ низ беш аз 2.5 баробари ин рақам тавассути нозиҳо кушта шуданд, аммо касе аз он ба наслкушӣ таъбир наменамояд. Зеро касе аҳдофи сиёсии вижаеро аз ин ҷараён дунбол намекунад. Ҳатто агар теъдоди аҷиби саҳюнизмро бипазирем фақат ҳудуди 10 дарсад аз куштаҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дуюмро яҳудиён ташкил медиҳанд ва 90 дарсадро миллиятҳои дигар. Аз ҷумла танҳо 9 миллион нафар олмонӣ дар ин ҷанг кушта шуданд. Аммо касе ишорае ба наслкушӣ дар мавриди соири куштаҳо надорад.

Шавоҳид нишон медиҳад, ки истифодаи пуртакрор аз ин калима яъне наслкушӣ “бо ҳадафи хоссе сурат гирифтааст ва чунонке зикр шуд ин ки “Худованд дар ивази наслкушии яҳуд, ки дар ҷараёни Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм иттифоқ уфтод ва боиси куштору оворагии яҳудиён гардид. Сарзамини Исроилро ба онҳо подошт дод то онҳоро ки қавмӣ муқаддас буданд аз оворагӣ наҷот диҳад.”

Ҳосили сухан ин ки нишонаҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки султаи Гитрелӣ ва ҷанги даҳшатноки нозисм чизе ғайр аз як яҳудкушӣ буд ва яҳудиён наметавонанд танҳо қурбониён балки ҳадди ақал аслитарин қурбониёни ин ҷанг бошанд. Он тавре, ки навъе аз таблиғоти саҳюнистӣ саъй дар ҷо андохтани он дорад. Таблиғоте, ки аз тарафи саъй дар тарсондани яҳудиёне, ки ҳозир набуданд аз Аврупо ба сарзамини дигаре куч кунанд дошт ва аз тарафи дигар заминаро барои мазлум нишон додан ва фареби афкори ҷаҳониён барои ишғоли як сарзамини дигар омода мекард.

Замини бехалк барои халки безамин

Саҳнаи бахдӣ сенарияи аз пеш барномарезӣ шудаи саҳюнизми байналмил, ки то он замон муваффақ ба куштори порае аз яҳудиён барои тарсондани бақияи онҳо ва маҷбур сохтани онҳо ба муҳоҷират намуда буд, пайдо кардани замине барои ин халқи безамин буд.

Фурсати ба даст омада пас аз Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ва фурӯпошидани ҳукумати Усмонӣ ин заминаро ба хубӣ фароҳам сохт.

Бадин тартиб, ки дар марҳилаи ибтидоӣ ва бо як барномарезии аз пеш таъин шуда ба харидани заминҳои Фаластин аз шайхҳои сарватманд ва бетааҳҳуд, ки молики ин заминҳо буданд карданд ва кам кам дигар заминҳои ғайри қобили фурӯш, ки соҳибони онҳо розӣ ба фурӯшашон намешудандро ҳам ба зур ё ҳелаву найранг ба даст оварданд. Дар марҳилаи баъдӣ барои ин ки нишон диҳад ин заминҳо ҳақиқатан соҳибе надоштааст заминҳои харида шуда ё ба зур ба даст овардаро бо хок яксон намуданд ва сипас Голдмайер инчунин эълом менамояд, ки “халқи Фаластин вуҷуд надорад… ин тавр нест, ки мо омада бошем, ки онҳоро пушти дар бугзорем ва заминҳояшонро аз онҳо бигирем, онҳо вуҷуд надоранд”.

Моҳияти кори саҳюнизм дар ин марҳила ба ҳадде касиф ва саросар аз дуруғ буд, ки ҳатто баъзе аз андешмандони яҳудие, ки ҳануз инсоф ва виҷдони худро ба саҳюнизми байналмилал нафурӯхтаанд, ба шиддат ин корҳоро маҳкум карданд ва кӯшиш карданд ин ҷиноятро ба гӯши ҷаҳониён бирасонанд.

Профессор Исроил Шаҳак дар китоби нажодпарастии давлати Исроил менависад:

“Барои ин ки мардум бовар кунанд, ки пеш аз Исроил, Фаластин як “биёбон” буд, садҳо деҳаро бо хонаҳояшон, бо ҳавлиҳояшон, бо гуристонҳояшон ва гурҳояшон бо булдозер нобуд карданд”.

Дар марҳилаи баъдӣ, назарияи сарзамини бузурги муқаддасро таблиғ карданд ва шуруъ ба тасарруфи сарзаминҳои ҷадиде намуданд ва сокинон онро ба зур ихроҷ мекарданд. Нигоҳе ба раванди густариши ҷамъияти яҳуд дар сарзамини Фаластин метавонад бисёр ҷолиб бошад. Дар соли 1947 дар арафаи таъсиси давлати Исроил дар Фаластин, аз як ҷамъияти 1 миллиону 250 ҳазор нафарӣ, 600 ҳазор нафар яҳудӣ буданд ва боқӣ яъне 650 ҳазор нафар араб. Дар муддати як сол пас аз ташкили давлати Фаластин яъне дар соли 1949, ин ҷамъият ихроҷ гардида ва танҳо 160 ҳазор нафар боқӣ монданд.

Аммо ҳамин ҷамъияти 160 ҳазор нафарӣ то соли 1970, дубора ба 450 ҳазор нафар табдил шуданд. Иттиҳодияи ҳуқуқи башари Исроил фош мекунад, ки давлати Исроил барои ҷилавгирӣ аз рушди ҷамъияти араб, ки зоду валади бисёр доштанд аз 11 июни 1967 то 15 ноябри 1969, беш аз 20 ҳазор хонаи арабҳо дар Исроил ва дар Каронаи Ғарбии Руди Урдунро бо динамит тарконда ва вайрон кардааст ва ба ҷои он барои барҳам задани таркиби ҷамъиятӣ ба сохти шаҳракҳои яҳудинишин оғоз кардааст. Рӯзномаи Ломонд дар 18 апрели 1991 ба нақл аз як рӯзномаи исроилӣ мегӯяд:

“Аз солҳои ҳафтод ба баъд ҳаргиз чунин шитобе дар амри биносозӣ дар ин қаламрав набудааст. Ариэл Шарон, вазири хонасозии Исроил бо ҳаяҷони бисёр дар канори истиқрори қароргоҳҳои ҷадид, тавсеаи онҳое, ки аз пеш вуҷуд доранд ва сохтани роҳҳо ва омодасозии арсаҳои барои сохтимон аст”.

Сиёсати шаҳраксозӣ ҷадидан бо суръати бештар дар мавриди Байтулмуқаддас ва дигар минтақаҳои ишғолшуда иҷро мегардад. Ҳадаф аз ин гуна амалиёт барҳам задани сохтори ҷамъиятии ин шаҳр ва дар инзиво қарор додани мусулмонон мебошад. Дар баробари он арабҳои сокини ин минтақа ба зур маҷбур ба муҳоҷират шудаанд.

Назорати саҳюнизм бар болои матбуоти ҷаҳонӣ

Саҳюнистҳо бо нақшакашӣ ва заминасозиҳои дарозмуддат бар матбуоти фарогири ҷаҳон султа ва назорат ёфтанд. Тибқи ин барнома саҳюнистҳо бо кантроли зеҳни мардуми ҷаҳон ба вижа мардуми Амрико ва Аврупо чеҳраи худро аз афродӣ хабис, ҳилагар, тамаъкор, хунрез ва тарсу ба сурати шахсони шуҷоъ, боҳуш, аҳли кору ҳадафгаро нишон доданд.

Дар соли 1869, Рашорон-хохоми яҳудӣ- дар суханони худ дар шаҳри Прог дар бораи аҳамияти матбуот дар назари яҳудиён гуфт: “Агар тило нахустин қудрати мо барои султа бар ҷаҳон аст, матбуот бояд дуюмин қудрати мо бошад”.

Дар банди 12-уми қонуни раҳбарони саҳюнист, ки ба унвони аҳдномаи нахустин нишасти саҳюнизм дар соли 1897 содир шуда омадааст:

“Тамоми каналҳое, ки бозгӯкунандаи андешаҳост бояд ба таври куллӣ дар дасти мо бошад”. “Адабиёт ва матбуот. Муҳимтарин ва қудратмандомвл каналҳои таблиғотӣ ва таълимӣ аст ва бояд зери назорати мо бошад”.

Душманон набояд расонае дар ихтиёр дошта бошанд, ки ба василаи он андешаҳои худро баён кунанд. Дар ғайри ин сурат бояд арсаро чунон бар онҳо танг кунем, ки натавонанд аз тариқи ин расона ба мо ҳамла кунанд”.

“ҳеч хабаре ба ҳеч куҷо намерасад магар ин ки мо иҷозат дода бошем. Барои дастёбӣ ба ин хоста бояд бар расонаҳои хабарие-, ки теъдодашон дар ҷаҳон кам аст- назорат дошта бошем. Дар он сурат танҳо хабарҳое, ки мо интихоб мекунем ба гӯши ҷаҳониён мерасад”.

Хуб аст ишора шавад, ки ҳамлаи таблиғотии саҳюнистҳо барои зебосозии чеҳраи худ дар назди афкори умумии ҷаҳон, бо як ҳамлаи таблиғотии дигар барои нозибо нишондодани чеҳраи арабҳо ва мусулмонон ҳамроҳ буд. Ин ҳамла ҳамзамон ду ҷиҳат ба худ гирифт. Ҷиҳати нахуст, қасд дошт таърихи Исломро тағйир диҳад ва хатари ин динро ба масеҳиёни Аврупо ва Амрико фаҳмонад. Ҷиҳати дигари таблиғоти саҳюнистҳо ин буд, ки арабҳоро ба унвони мардуми ақибмонда ва шаҳватталаб муаррифӣ кунанд ва онҳоро мардуме нишон диҳанд, ки муҳру отифа надошта ва ҷоҳилу нодонанд.

Қобили зикр аст, ки саҳюнистҳо дар ин замина то ҳадди зиёде ба аҳдофи худ расиданд ва акнун афкори умумии Амрико ва Аврупо ба мусулмонон он тавр нигоҳ мекунанд, ки аз саҳюнистҳо шунидаанд.

Фасоди дуюм маҳкум ба шикаст аст

Саҳюнизм бо ҳимояти золимон ва такя бар таблиғоти дуруғин, ҳела, найрангу хушунат Фаластинро ишғол кард ва бар қонуни бархе аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ ҳам ҳоким гашт. Дар ин замина ҳам поп ва Калисо ҳам бо фаромӯшии ихтилофҳои таърихии масеҳият бо яҳуд ба саҳюнизм кумак кард. Дар ҳоле, ки ба тасреҳи инҷилҳои мавҷуд, шахсоне бо доштани мақоми расмии мавриди пазириши ҳамаи яҳудиён ба унвони намояндагони кулли қавми яҳуд ҳукми эъдоми Масеҳ (а)-ро содир карданд. Дар июни 1985 Кумитаи равобити мазҳабӣ бо яҳудият-ташкилоте, ки таҳти сарпарастии Дабирхонаи иттиҳоди масеҳиён идора мешавад- пас аз 3 сол кору кӯшиши бо давом бо шубҳа ба сиҳҳати инҷилҳо ва эҳтимоли таҳрифи онҳо ба маҳкумияти таърихии яҳуд поён дод ва баёнияе барои заминасозии шинохти расмии Исроил содир кард.

Айни замон саҳюнизм бо дар ихтиёр гирифтани хабаргузориҳои бештари ҷаҳонӣ, сарвати боло ва ҳимоятҳои Амрико ва ҳампаймонони Амрико фитнаи бузурге дар олам бар по карда ва бо чапана нишон додани ҳақиқатҳо худро чеҳраи ҳақ нишон дода истодааст. Мутаассифона бисёре аз ғарбиҳо тасаввур мекунанд, ки муборизони фаластинӣ ва лубнонӣ хашин, террорист ва мухолифи сулҳ мебошанд. Он қадар таблиғот асар гузошта, ки таҷовуз ва ишғолро пушондааст. Гӯё сарзамини бесоҳиб ва бемардум дар интизори муҳоҷироне буда, ки аз қадим бар ин замин тааллуқ доштаанд.

Албатта пас аз оғози Тӯфони Ақсо дар 7 октябри соли гузашта ин нигоҳ то ҳадди бисёр зиёде тағйир карда ва чеҳраи ҳақиқӣ ва кӯдаккушӣ саҳюнистҳо бештар худро барои марудми дунё ошкор кардааст.

Режими ғосиб мушкиле аз ҷониби кишварҳои арабӣ эҳсос намекунад ва муваффақ ба нуфуз дар бисёре аз ин кишварҳо шудааст. Дигар роҳбарони араб дар пайи нобудии Исроил ё ҳатто муқобила бо он нестанд. Балки бо оддисозии равобит мехоҳанд ба тиҷорат бипардозанд. Режими саҳюнистӣ аз тариқи Туркия ба марзҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон расидааст. Дар ҷабҳаи мусулмонон ва арабҳо парокандагӣ ва чанд дастагӣ ба чашм мехӯрад ва саҳюнизм худро шикастнопазир тавассур мекунанд. Инҳо такрори таърих ва авҷгирии фитнаро нишон медиҳад. Қуръони Карим мефармояд:

إِنْ أَحْسَنتُمْ أَحْسَنتُمْ لِأَنفُسِكُمْ وَإِنْ أَسَأْتُمْ فَلَهَا فَإِذَا جَاءَ وَعْدُ الْآخِرَةِ لِيَسُوءُوا وُجُوهَكُمْ وَلِيَدْخُلُوا الْمَسْجِدَ كَمَا دَخَلُوهُ أَوَّلَ مَرَّةٍ وَلِيُتَبِّرُوا مَا عَلَوْا تَتْبِيرًا

Агар некӣ кунед, барои худатон некӣ кардаед; ва агар бадӣ кунед, пас, барои худ [бадӣ кардаед]. Ва ҳангоме ки ваъдаи дигар фаро расад, [боз бандагони Худро мефиристем], то чеҳраҳои шуморо андӯҳгин созанд; ва то дохили Масҷид[-ул-ақсо] шаванд, чунон ки бори аввал ба он даромада буданд; ва то ба ҳар чӣ даст ёбанд, комилан нобуд кунанд. (Сураи Исро, ояти 7)

Коршиносон пирӯзии Инқилоби Исломии Эронро нишондиҳандаи шикасти фитна ва фасоди дуюми яҳуд дониста ва бар ин боваранд, ки умеди вуруд ба Масҷидулақсо бори дигар пайдо шудааст.

Имрӯз ҷавонони Фаластин ва Лубнон бо ноумедӣ аз роҳбарони хиёнаткори ва бо такя бар дини Ислом муборизаи бузурге бар алайҳи ишғолгарони яҳудӣ оғоз кардаанд, ки амният ва хоби роҳатро аз душман гирифтааст. Агарчи талоши зиёде карданд, ки бо муҳоҷирати фаластиниҳо ва тағйири ҳувияти онҳо масъалаи Фаластинро барои ҳамеша ба фаромӯшӣ супоранд, аммо чеҳраҳои мубориз бо пайравӣ аз Инқилоби Исломии Эрон ва ҳимоятҳои роҳбару миллати ин кишвар умедашон зинда шуда ва ба ҳаракати худ шиддат бахшидаанд.

ҒаззаКаронаи БохтарӣҚудсРӯзи ҷаҳонии ҚудсФаластин
Comments (0)
Add Comment