Рӯзи “кӯдаки фаластинӣ”; рӯсиёҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ муқобили дарди кӯдакони Ғазза

Созмонҳову ниҳодҳои оморӣ ва ҳуқуқи башарӣ ба муносибат “Рӯзи кӯдаки фаластинӣ” иттилооти такондиҳандае аз дарду ранҷи кӯдакони фаластинӣ ба вижа дар Навори Ғазза баъд аз таҷовузи ваҳшиёнаи душмани ишғолгар нашр кардаанд, ки нишон медиҳад ҳар соат 4 кӯдак дар Ғазза ба шаҳодат мерасад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, рӯзи 5 апрел ҳар сол мусодиф бо рӯзи “кӯдаки фаластинӣ” аст, ки ин рӯз дар ҷаҳон, имсол дар сояи ҷанги наслкушии режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза баргузор шуд; ҷанге, ки бисёре онро ҷанги Исроил бо кӯдакони Ғазза медонанд.

Ишғолгарон ҳар соат 4 кӯдакро дар Ғазза ба шаҳодат мерасонанд

Ба ҳамин муносибат ниҳодҳои расмӣ ва ҷомеаи мадании фаластинӣ ва байналмилалӣ гузоришҳои такондиҳандае дар бораи вазъияти кӯдакони фаластинӣ ва нақзи ибтидоитарин ҳуқуқи онҳо ба вижа аз замони оғози таҷовуз ба Ғазза дар 7 октябри 2023 мунташир карданд, ки ҳамин амр созмонҳои ҳуқуқи башариро барангехт то фарохоне барои созмондиҳии як кампайн ҷиҳати поён додан ба таҷовуз алайҳи кӯдакони Ғаззаи содир кунанд.

Бар асоси гузориши идораи марказии омори Фаластин, ки рӯзи панҷшанбеи гузашта мунташир шуд режими ишғолгар аз замони оғози таҷовузоти худ ба Ғазза дар 7 октябри 2023 токунӯн беш аз 14 ҳазору 350 кӯдакро кушта, ки шомили 44 дарсади кулли шаҳидони Ғазза мешавад. Ҳамчунин беш аз 70 дарсади қурбониёни ин ҷанги вайронгари режими ишғолгар алайҳи Ғазза, зану кӯдак ҳастанд. Ба таври куллӣ ҳар соат ҳудуди 4 кӯдаки фаластинӣ дар Ғазза ба шаҳодат мерасад.

Ҷинояти саҳюнистҳо дар боздошти кӯдакони фаластинӣ

Дар ин гузориши омада, ки ҳамчунин аз 7 октябр 455 нафар дар Каронаи Бохтарӣ ба шаҳодат расидаанд, ки 117 нафар аз онҳо кӯдак ҳастанд ва 710 кӯдак ҳам дар миёни 1620 нафаре, ки дар Каронаи Бохтарӣ хонаҳояшон тавассути артиши душман хароб ва овора шудаанд, вуҷуд дорад.

Дар робита бо кампайнҳои боздоштие, ки артиши ишғолгар алайҳи фаластиниҳо ба роҳ андохта ҳам дар соли 2023, 1085 кӯдак дар Каронаи Бохтарӣ боздошт шуданд, ки 500 маврид аз ин боздоштҳо марбут ба баъд аз оғози ҷанг алайҳи Ғазза аст. 318 кӯдак ҳам дар Қудси Ишғолӣ боздошт шуданд ва 204 нафар аз ин кӯдакон ҳамчунон дар боздошт ҳастанд.

Ин омор нишон медиҳад, ки ҳудуди 43 ҳазору 349 кӯдак дар Ғазза бидуни волидайни худ ё яке аз онҳо зиндагӣ мекунанд. Дасти кам 28 кӯдак ҳам то имрӯз ба далели сӯи тағзия ва ташнагӣ дар бемористонҳо ҷони худро аз даст додаанд ва шиддати гуруснагӣ дар миёни кӯдакон дар шимоли Ғазза ва Рафаҳ ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст.

Осеби равонии беш аз 816 ҳазор кӯдак дар Ғазза

Идораи марказии омори Фаластин дар идомаи гузориши худ таъкид кард, ки беш аз 816 ҳазор кӯдак дар Ғазза аз замони оғози таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба ин минтақа ниёз ба кумакҳои равонӣ доранд ва таъсироти амиқи тарсу изтиробу афсурдагӣ дар натиҷаи ҷанги ваҳшиёнае, ки душман алайҳи Ғазза ба роҳ андохта, дар зеҳну равони ин кӯдакон ошкоро дида мешавад.

Дар соҳаи таълимӣ ҳам омор нишон медиҳад, ки 620 ҳазор донишомӯзи духтару писар дар Ғазза аз таҳсил маҳрум шудаанд. Теъдоди донишомӯзоне, ки номи онҳо ба таври расмӣ дар феҳрасти шаҳидон омадааст ҳам 6 ҳазору 50 нафар буда ва теъдоди донишомӯзони маҷрӯҳ ба 10 ҳазору 219 тан мерасад. 105 донишомӯз ҳам тавассути ишғолгарон боздошт шудаанд, ки ҳамагӣ аз Каронаи Бохтарӣ ҳастанд.

Рӯзи ҷаҳонии ҳамбастагӣ бо кӯдакони фаластинӣ

Дар ҳамин замина ҷунбиши ҷаҳонии дифоъ аз кӯдакон хостори он шуд, ки таърихи 5 апрел ба унвони рӯзи ҷаҳонии ҳамбастагӣ бо кӯдакони фаластиние, ки таҷовузоти бесобиқаеро таҷриба мекунанд эълом шавад.

Ин ҷунбиш дар баёнияе эълом кард, ки кампайне бо мушорикати соири созмонҳову ҷунбишҳои марбута барои равшан кардани ҷиноёти режими ишғолгари Исроил алайҳи кӯдакон роҳандозӣ кардааст бо номи “Рӯзи кӯдаки фаластиниро рӯзи ҷаҳонии ҳамбастагӣ бо кӯдакони Фаластин эълом медорем”.

Бар асоси баёнияи ин ҷунбиш, таҷовузоти режими ишғолгар бар кулли системаи ҳуқуқи кӯдакон, ба вижаи ҳуқуқи аввалия, монанди ҳақи ҳаёт, бақо, тавсеа ва соири ҳуқуқи марбут ба беҳдошт, омӯзиш, об, ғизо, дору, беҳдошт ва саломат таъсир гузоштааст. Илова бар он кӯдакон дар Каронаи Бохтарӣ бар асоси системаи додгоҳи низомии Исроил, ки онҳоро аз ҳуқуқи аввалияи худ маҳрум мекунад, дар маърази боздошт, муҳокима ва зиндон ҳастанд.

Исроил дар камоли оромиш муртакиби анвои ҷиноятҳои ваҳшатнок мешавад

Ҷунбиши мазкур хостори таваққуфи фаврии таҷовузоти Исроил ба Навори Ғазза шуд то ҷони ғайринизомиён ба вижа кӯдакон дар амон бимонад ва таъкид кард, ки Исроил дар камоли оромиш муртакиби анвои ҷиноятҳои тарснок мешавад. Коре, ки мо метавонем дар ин марҳила анҷом диҳем ин аст, ки бо шабакаи равобити худ дар саросари ҷаҳон аз ҷумла созмонҳои ҷомеаи маданӣ, созмонҳои ҳуқуқи башар ва созмонҳои ҳуқуқи кӯдак иртибот барқарор кунем то ҷинояти наслкушии Исроил дар Ғаззаро барои ҷаҳон фош намоем.

Аз сӯи дигар сухангӯи Сандӯқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) эълом кард, ки кӯдакони Ғазза ҳар рӯз дар маърази ҷангу ваҳшату гуруснагӣ ҳастанд; дар ҳоле, ки ҷаҳон фақат нишаста ва тамошо мекунад. Ғазза дигар барои беш аз як миллион кӯдаке, ки дар он ҳастанд ҷои муносибе барои зиндагӣ нест.

Дар шароите, ки кӯдакони Ғазза бузургтарин қурбонии ҷиноёти ваҳшиёнаи режими ишғолгар ва ҷанги гуруснагии ин режим алайҳи Ғазза ҳастанд, Филип Лазарини, Комиссари генералии UNRWA, ҷанги кунунии режими саҳюнистӣ дар Ғаззаро ҷанг алайҳи кӯдакон донист ва гуфт, ки теъдоди кӯдаконе, ки танҳо дар 4 моҳ дар Ғазза ҷони худро аз даст додаанд аз ҳамаи кӯдаконе, ки дар хилоли 4 сол дар ҳамаи даргириҳои ҷаҳон ҷон бохтаанд бештар аст.

Газетаи “Индепендент”-и Англис дар мақолае ба нақл аз як пизишк, ки муддате дар Ғазза будааст эълом кард, ки бештарин омили марги кӯдакони Ғазза бомбаборон буда аст ва теъдоди зиёде ҳам ба далели бемориҳои ношӣ аз ҷанг ва низ гуруснагӣ ҷонашонро аз даст додаанд. Кӯдакон, модарони бордору ширдеҳ ва афроди маъюб бештар дар маърази хатари сӯи тағзия ҳастанд, зеро Исроил ҳамчунон аз вуруди миқдори кофии ғизо ва об ба дохили Ғазза ҷилавгирӣ мекунад ва илова бар он бомбаборони систематики нонпазиҳо ва тавлидоти кишоварзӣ низ идома дорад ва 95 дарсади сокинони Ғазза аз ноамнии ғизоӣ ранҷ мебаранд.

ҒаззаИсроилкӯдакКӯдаки фаластинӣРежими саҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment