Ҳузури миллионии эрониҳо дар роҳпаймоии Рӯзи Қудс

Роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс бо ҳузури қишрҳои мухталифи мардум дар шаҳрҳои мухталифи Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, хабаргузории Форси Эрон гузориш дод, ки роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар ин кишвар бо ҳузури қишрҳои мухталифи мардум, мақомот, ҳунармандон, варзишгарон ва… дар сарорсари Эрон баргузор шудааст.

Тибқи ин гузориш мардуми рӯзадори Эрон дар минтақаҳои мухтали ин кишвар аз соатҳо пеш аз оғози расмии ин роҳпаймоӣ, аз масирҳои эълом шуда роҳпаймоии ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластинро оғоз карданд.

Дар ин маросим мақомоти аршади ин кишвар аз ҷумла, раисҷумҳур, раиси маҷлиси ин кишвар, мақомоти низомӣ ва… иштирок доштанд.

Ҳамчунин бисёре аз мардум ба ҳамроҳи хонаводаи худ дар ин роҳпаймоӣ ҳузур ёфтанд ва дар миёни ҷамъият кӯдакону наврасони бисёре ҳам ҳузур доштанд.

Мардуми Эрон дар роҳпаймоии Рӯзи Қудс шиори “марг бар Исроил”, “марг бар Амрико” ва “ҳаргиз хориро намепазирем” сар дода безории худ аз ҷиноятҳои режими Исроил ва ҳомиёнашро эълом карданд.

Бисёре аз мардум ҳам парчами Эрон ва ҳам парчами Фаластинро бо худ ба ҳамроҳ доштанд. Мардуми шаҳрҳои мухталифи Эрон имрӯз ҳаракати худро аз масоҷид ва майдонҳои аслии шаҳрҳо ва деҳаҳои худ ба самти маҳалли баргузории намози ҷумъа оғоз кардаанд.

ҚудсРӯзи ҚудсФаластинЭрон
Comments (0)
Add Comment