Рӯзи Қудс ва ошкор шудани чеҳраи бидуни пардаи режими наслкуши саҳюнистӣ

Рӯзи Қудс 2024 дар ҳоле фаро расид, ки режими саҳюнистӣ бо вуҷуди наслкушӣ, дар ботлоқи Ғазза гирифтор шудааст.

Ибтикори имом Хумайнӣ (раҳ.) дар муаррифи охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон бо унвони Рӯзи ҷаҳонии Қудс, ибтикори мондагор ва таърихӣ буд. Бо гузашти 45 сол аз ин ибтикор, аммо Рӯзи ҷаҳонии Қудс ҳар сол бо шукӯҳтар аз соли қабл ва дар саросари ҷаҳон баргузор мешавад. Дар ин рӯз, нидои ҳимоят аз Фаластин аз сӯи ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон на сирфан мусулмонон баланд мешавад. Ҳамин мавзӯъ низ сабаби ҳарос ва асабонияти режими ишғолгари Қудс аз ин рӯзи ҷаҳонӣ шудааст.

Рӯзи Қудси соли 2024 дар шароите фаро расид, ки фишорҳо алайҳ режими саҳюнистӣ ба сатҳи бесобиқае расидааст. Ин режим агарчӣ жести бозигари пирӯз дар ҷанги Ғаззаро мегирад, аммо шикастхӯрдаи мутлақ дар ин ҷанг аст. Ҳамос аз байн нарфтааст, балкӣ ҳатто ҳимоят аз амалиёти “Тӯфони Ал Ақсо” низ назди мардуми Ғазза афзоиш ёфтааст. Эътирозҳо дар даруни арози ишғолӣ поён наёфта ва эътирози хонаводаҳои усарои саҳюнист низ афзуда шудааст, азм ва ирода барои барканории Бинямин Натаняҳу, аз нахуствазирии режими саҳюнистӣ натанҳо кам нашуда, балки ҳатто дар даруни Ҳизби Лекуд ҳам иҷмоъ барои тадовуми нахуствазирии вай вуҷуд надорад. Ихтилофҳои сиёсӣ шадидтар шудааст.

Дар сатҳи минтақаӣ асаре аз оддисозии равобит миёни кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ дида намешавад ва ин раванд мутаваққиф шудааст. Сафарҳои дипломатии мақомоти арабӣ ба Тел Авив ва мақомоти саҳюнист ба бархе кишварҳои арабӣ мутаваққиф шудааст. Дар сатҳи ҷаҳонӣ низ фишори афкори умуми ҷаҳонӣ ва инзиҷори ҷаҳонӣ аз режими саҳюнистӣ афзоиш ёфта, зеро чеҳраи бидуни пардаи ин режим барои мардуми ҷаҳон ошкор шудааст, ҳатто Амрико низ бо вуҷуди ҳимояти ҳамаҷониба аз ин режим маҷбур шуд, дар Шӯрои амният ба қатънома барои таваққуфи наслкушӣ дар Ғазза раъйи мумтанеъ диҳад, то нишонаҳои ихтилоф миёни Тел Авив ва Вашингтон ошкор шавад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин вазъият аст, ки Раҳбари муаззами Инқилоби исломии Эрон дар суханронии рӯзи аввали фарвардин 1403 унвон карданд: «Вазъияти режими саҳюнистӣ ҳам барои ҳама равшан шуд; Маълум шуд, ки режими саҳюнистӣ на фақат дар ҳифозат аз худ дучори буҳрон аст, балки дар берун омадан аз буҳрон ҳам дучори буҳрон аст; Дар ботлоқ гир мекунад, наметавонад худашро наҷот бидиҳад. Вуруди режими саҳюнистӣ дар Ғазза барои ӯ эҷоди ботлоқ кард. Имрӯз агар аз Ғазза берун биёяд, шикастхӯрда, берун ҳам наёяд, шикастхӯрда. Вазъи режими саҳюнистӣ инҷурӣ аст. Ҳамин таноқузе, ки дар тасмимҳои онҳо вуҷуд дорад ва саргиҷае, ки ба он дучор ҳастанд, мӯҷиб шуда дар дохили режими саҳюнистӣ ихтилофоти амиқ байни масъулини режими сҳиунистӣ, байни худашон ба вуҷуд биёяд, ки натавонанд тасмим бигиранд. Имрӯз режими саҳюнистӣ наметавонд тасмим бигирад.»

Бидуни тардид, ин ҷумъаи яке аз сахттарин рӯзҳои саҳюнистҳо хоҳад буд, зеро тоблуи инзиҷор ва танаффур аз ин режим машҳӯдтар аз ҳамеша дар саросари ҷаҳон ба эҳтизоз даромадааст.

ҚудсРамазонрежими ғосиби саҳюнистӣҷумъаЭрон
Comments (0)
Add Comment