Бозтоби Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар расонаҳои байналмилалӣ

Баргузории бошукӯҳи маросими Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Эрон ва дигар кишварҳо бозтобҳои густардаеро дар расонаҳои байналмилалӣ доштааст.

Баргузории бошукӯҳи маросими Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Эрон ва дигар кишварҳо бозтобҳои густардаеро дар расонаҳои байналмилалӣ доштааст.

Хабаргузории Мизон: маросими Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар нуқтаҳои мухталифи Эрон баргузор шуд ва миллионҳо нафар дар ин маросим ҳузур доштанд. Ин маросим ҳамчунин дар кишварҳои дигар баргузор мешавад.

Ин ҳузури мардумии пуршукӯҳ барои ҳимоят аз мардуми Фаластин ва ба таври вижа мардуми Ғазза дар расонаҳои байналмилалӣ бозтоби густардае дошт.

 Роҳпаймоии густарда дар пойтахти Урдун

Ал-Маёдин аз тазоҳуроти густарда дар Амон, пойтахти Урдун ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс хабар дод.

 Спутник: роҳпаймоии Рӯзи Қудс дар Эрон баргузор шуд

Спутники Русия гузориш дод, ки роҳпаймоии Рӯзи Қудс дар Эрон ҳамроҳ бо маросими ҷанозаи пайкари мусташорони низомии ба шаҳидшуда аз сӯи режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба консулгарии Эрон дар Димишқ баргузор шуд.

Russia Today: Эрониҳо дар маросими Рӯзи Қудс ширкат карданд

Сомонаи Russia Today навишт, ки эрониҳо ҳамзамон баргузории роҳпаймоии Рӯзи Қудс дар маросими ҷанозаи пайкари 7 тан аз мусташорони низомие, ки дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба консулгарии Эрон дар Димишқ ба шаҳодат расиданд, ширкат карданд.

Ширкаткунандагон парчами Эрон, Фаластин ва Ҳизбуллоҳи Лубнонро ба ҳамроҳ аксҳои мусташорони шаҳидшуда бо шиори “шаҳидони роҳи Қудс” барафроштанд.

 Рӯзи Қудс дар Баҳрайн

Мардуми Баҳрайн ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс ва бо ҳадафи ҳимоят аз ормони Фаластин ва маҳкумияти ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ роҳпаймоӣ карданд.

Баргузории маросими Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Покистон

Мардуми Покистон имрӯз ва дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон дар ҳимоят аз мардуми Фаластин ба ҳамроҳи дигар кишварҳои исломӣ Рӯзи ҷаҳонии Қудсро гиромӣ доштанд.

Роҳпаймоии Рӯзи Қудс дар Малайзия

Мардуми Малайзияи ҳам ҳамчун кишварҳои дигар, имрӯз дар маъракаи сиёсии роҳпаймоӣ ҳузур доштанд ва садои эътирози худро ба ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ расонда ва аз мардуми мазлуму бедифои Фаластин ҳимоят карданд.

Соно: маросими Рӯзи Қудс дар Димишқ баргузор шуд

Хабаргузории расмии Сурия (Соно): мардуми Сурия дар урдугоҳи Ярмук дар Димишқ маросими бузургдошти Рӯзи Қудсро баргузор карданд.

Ал-Манор: роҳпаймоии густарда Рӯзи Қудс дар Эрон

Пойгоҳи хабарии Ал-Манор: роҳпаймоии густарда дар Эрон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс ва маросими ҷанозаи пайкари шаҳидони консулгарии Эрон дар Димишқ баргузор шуд.

Ал-Олам: роҳпаймоии Рӯзи Қудс дар Эрон баргузор шуд

Ин рӯзномаи арабӣ ҳам гузорише аз ҳузури мардуми ғайратмандони инқилобии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳия карда ва забар аз ҳузури бошукғҳи мардуми ҶИЭ барои ҳимоят аз Ғазза дар шаҳрҳои мухталифи кишварашон додааст.

Рӯйтерз: роҳпаймоии Рӯзи Қудс дар Эрон баргузор шуд

Рӯйтерз навишт, ки ҳамзамон бо баргузории роҳпаймоии Рӯзи Қудс, маросими ташйиъи пайкари ҳафт шаҳиди ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнисти ба консулгарии Эрон дар Сурия баргузор шуд.

Таймзи режими саҳюнистӣ: роҳпаймоиҳои ҳимоят аз Фаластин дар Эрон баргузор шуд

Таймзи режими саҳюнистӣ: миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон дар Рӯзи Қудс тазоҳурот мекунанд ва роҳпаймоиҳои ҳимоятӣ аз Фаластин дар 2 ҳазор нуқта дар саросари Эрон баргузор мешавад.

Фурот аз роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Эрон гуфт

Пойгоҳи хабарии Фурот бо интишори тасовире аз ҳузури мардуми Эрон дар роҳпаймоии Рӯзи Қудс навишт: занони эронӣ пайкарҳои намодини кӯдакони шаҳидро дар Ғазза ҳамл мекунанд, то баёнгари бераҳмии ишғолгарон бошад.

Шабакаи Қудс: Эрониҳо дар роҳпаймоии Рӯзи Қудс ширкат карданд

Шабакаи Қудс бо интишори филме навишт: мардуми Эрон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар роҳпаймоӣ ширкат карданд.

 Ахбория: роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар шаҳрҳои Эрон оғоз шуд

Шабака Ахборияи Сурия навишт: роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Теҳрон, пойтахт ва шаҳрҳои мухталифи Эрон дар ҳимоят аз истодагии миллати Фаластин ва маҳкумияти ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳ онҳо оғоз шуд.

 Ал-Аҳд: роҳпаймоии Рӯзи Қудс дар Эрон баргузор шуд

Пойгоҳи хабарии Ал-Аҳди Лубнон дар гузорише навишт: маросими Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар шаҳрҳои мухталифи Эрон баргузор шуд.

Ал-Маёдин: роҳпаймоии Рӯзи Қудс дар Теҳрон оғоз шуд

Шабакаи хабарии Ал-Маёдин дар бораи ин маъракаи сиёсӣ ва ҷаҳонӣ навишт: роҳпаймоиҳои Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар шаҳрҳои мухталифи Эрон оғоз шудааст.

 

бозтоби расонаӣҚудсроҳпаймоӣРӯзи ҷаҳонии ҚудсФаластинҷинояти саҳюнистӣЭрон
Comments (0)
Add Comment