Барпоии намози бомдод дар Масҷидулақсо бо 65 ҳазор нафар

Идораи авқофи исломии Фаластин эълон кард, ки беш аз 65 ҳазор намозгузори фаластинӣ намоз субҳро дар Масҷидулақсо иқома карданд.

Идораи авқофи исломии Фаластин дар Байтулмуқаддас эълон кард, ки беш аз 65 ҳазор намозгузори фаластинӣ намози субҳро дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон дар Масҷидулақси иқома карданд.

Фаластиниҳо аз тамоми манотиқи сарзамини ишғолӣ имрӯз барои ҳузур дар намози охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон роҳии Байтулмуқаддас шудаанд ва аз саҳаргоҳ хиёбонҳои ба самти Масҷидулақсо пур аз ҷамъият буд.

Ҳузури густардаи намозгузорони фаластинӣ дар Масҷидулақсо бо вуҷуди маҳдудиятҳо ва коршикании густардаи ишғолгарони саҳюнист ва ҷилавгирии шадид аз вуруди фаластиниҳо ба ин макони муқаддас сурат гирифт.

Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда, намозгузорони фаластинӣ пас аз иқомаи намози субҳ дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон дар саҳни Масҷидулақсо дар ҳимоят аз Ғазза ва муқовимат он шиор сар доданд.

Манобеи хабарӣ гузориш додаанд, ки низомиёни ишғолгари исроилӣ пас аз намози субҳи имрӯз дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба намозгузорон дар Масҷидулақсо ҳамла карданд.

Хабарнигори шабакаи хабарии “Алҷазира” гузориш дод, ки як паҳподи режими ишғолгари исроилӣ ба самти ҷамъияти намозгузор дар Масҷидулақсо гази ашковар шиллик кард, ки сабаби ҳолати хафагӣ дар байни сафҳои намозгузорон шуд.

Дар пайи идомаи фарохонҳои гурӯҳҳо ва шахсиятҳои фаластинӣ барои басиҷи умумӣ ҷиҳати ҳимоят аз Масҷидулақсо дар баробари тавтеаҳои ишғолгарон, шайх Икирма Сабри, хатиби Масҷидулақсо дар изҳороти матбуотӣ аз мардуми Фаластин хост, то дар моҳи мубораки Рамазон аз ҳамаи маконҳо ба Масҷидулақсо биёянд ва ҳамвора дар ин макони муқаддас ҳузур дошта бошанд.

Вай бо таъкид бар инки ишғолгарон бо таҳрикот ва таҷовузгариҳои худ ҳаққи озодии ибодатро нақз мекунанд, хостори идомаи вуруди фаластиниҳо ба Масҷидулақсо ба шакли густардатар шуд.

БайтулмуқаддасҒаззаҚудсмоҳи РамазонМуқовиматнамози бомдодРежими саҳюнистӣРӯзи ҷаҳонии ҚудсФаластин
Comments (0)
Add Comment