Оятуллоҳ Хоманаӣ: режими ҷинояткорро пушаймон хоҳем кард!

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломии ҶИЭ дар паёме ба муносибати шаҳодати сардори посдори Ислом, сарлашкар Муҳаммадризо Зоҳидӣ ва ҷамъе аз ҳамразмони вай ба дасти режими ғосибу ҷинояткори саҳюнист, таъкид кард: “онҳоро аз ин ҷиноят ва монанди он пушаймон хоҳем кард.”

Матни паёми раҳбари инқилоби исломии ҶИЭ ба шарҳи зер аст:

Бисмиллоҳир раҳонир раҳим

Сардори рашид ва фидокори Ислом, сарлашкари посдор Муҳаммадризо Зоҳидӣ, дар канори ҳамрзми бузургавораш сардор Муҳаммадҳодии Ҳоҷӣ Раҳимӣ, бо ҷинояти режими ғосиб ва манфӯри саҳюнист ба шаҳодат расиданд. Салом ва раҳмати Худо ва авлиёаш бар онон ва дигар шаҳидони ин ҳодиса ва лаънату нефрин бар сардамдорони режими золиму таҷовузгар.

Шаҳидони мо аз Худованди меҳрубони худ, нишонаи қабули муҷоҳидати дарозмуддати худро дарёфт карданд ва ҳамакунун дар ҷамъи авлиё ва солеҳон, аз неъматҳои илоҳӣ баҳраманданд.

Сардор Зоҳидӣ аз даҳаи шаст (ҳиҷрии шамсӣ) дар майдонҳои хатар ва муҷоҳидат, чашминтизори шаҳодат буд. Онҳо чизеро аз даст надода ва подоши худро дарёфт кардаанд, вале ғами фуқдони онон барои миллати Эрон ба вижа ҳаркасе ки ононро мешинохт, сангин аст.

Режими хабис ба дасти диловармардони мо муҷозот хоҳад шуд. Онҳоро аз ин ҷиноят ва монандҳои он пушаймон хоҳем кард, ба хосту иродаи илоҳӣ.

Ва дуруду саломи Худо бар бандагони солеҳу шоиста

Сайидалии Хоманаӣ

14 фарвардини 1403

2 апрели 2023

ИсроилОятуллоҳ ХоманаӣРежими саҳюнистӣСурияҳамлаи террористиҶИЭ
Comments (0)
Add Comment