Дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин: мо пирӯз мешавем!

Дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар нишасти хабарӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: мо пирӯз хоҳем шуд.

Дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар нишасти хабарӣ дар маҳалли Вазорати хориҷаи Эрон зимни қадрдонӣ аз ҳимоятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз миллати Фаластин гуфт: мо пирӯз хоҳем шуд.

Зиёд Нухола, дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин, ки дар айни ҳол дар Эрон ҳузур дорад дар маҳалли Вазорати умури хориҷаи ҶИЭ мавриди истиқболи Амирабдуллоҳиён қарор гирифт ва пас аз он бо вай дидору гуфтугӯ кард.

Вай дар поёни ин дидор дар нишасти хабарӣ бо баёни инки Эрон ҳамвора дар канори миллати Фаластин истодааст ва тайи моҳҳои гузашта нақши муҳиме дошта ва дар канори муқовимати Фаластин истода ва ин барои мо мавзуъ аҷибе набуд, афзуд: аз замони пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора аз мардуми Фаластин ва муқовимати ин миллат ҳимоят мекунад ва ин мавзуъ бар ҳеҷ кас пӯшида нест.

Нухола идома дод: Эрон баҳои ин масъаларо ҳам пардохт кардааст, аз ҷумла таҳримҳое, ки алайҳи он кишвар иҷро шудааст.

Нухола баён кард: дар солҳои гузашта Ҷумҳурии Исломии Эрон пуштибон ва ҳомии миллати Фаластин будааст. Эрон дар ҳамаи сатҳҳои сиёсӣ, низомӣ ва амниятӣ аз миллати Фаластин ҳимоят кардааст.

Дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластин афзуд: аз Эрон ва миллати Эрон, ки ҳамвора дар канори адолат ва миллати мазлуми Эрон меистад ва аз мардуми Эрон ва раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон ташаккур мекунам.

Нухола баён кард: мо пирӯз хоҳем шуд ва пойдории миллати Фаластин улгуе барои ҳамаи миллатҳои ҷаҳон хоҳад буд ва дар поёни набарди Тӯфони Ақсо пирӯзмандона бо шумо дидор мекунам.

ҒаззаЗиёд НухолаТеҳронТӯфони АқсоФаластинҶиҳоди Исломии ФаластинҶумҳурии Исломии Эрон
Comments (0)
Add Comment