Се ҳадафи тарҳрезони амалиёти террористии Маскав

Коршиноси масоили Русия се ҳадафро барои тарҳрезони амалиёти террористӣ дар Маскав баррасӣ карда ва таъкид кардааст, ки ғайр аз ДИИШ метавон аз гумонбарони дигар дар ин замина ном бурд.

Ба гузориши Тоҷикпресс. Маҳдӣ Сайф Табрезӣ, коршиноси масоили Русия бар ин ақидааст, ки яке аз аҳдофи пушти пардаи иқдоми террористии Маскав эҷоди ихтилоф байни мардуми Русия ва мусулмонони дунё буд, ки дар он афроде бо шиорҳои исломӣ ба куштори шаҳрвандони рус пардохтанд.

Вай ҳамчунин дар бораи дигар аҳдофи эҳтимолӣ гуфт: Яке аз аҳдофи ин иқдоми террористӣ суръат бахшидан барои вуруд ба ҷанги ҷаҳонии сеюм метавонад бошад. Ин ки ин навъ ақвом ба таҳрики эҳсосоту ҳаяҷонҳои дар ду тараф биянҷомад ва русҳо иқдоми эҳсосӣ анҷом диҳанд ва аз он самт ҳам НАТО бихоҳад ба ин иқдомот тасреъ бахшад. Ин метавонад ҷаҳонро вориди як даргирии бузургтар карда ва пои НАТО-ро ба ҷанги Украина боз кунад.

Табрезӣ ҳамчунин дар хусуси гумонбарони ин иқдоми террористӣ изҳор дошт: Бо тавваҷуҳ ба баёнияе, ки гуруҳи террористии ДИИШ барои қабули масъулияти ҳодисаи террористии Маскав содир кард, айни замон муҳимтарин гумонбари ин иқдоми террористӣ шинохта мешавад, аммо дар канори он метавонем аз гумонбарони дигаре ҳам ном бибарем. Дастгоҳи иттилоотии Украина метавонад дар садри ин феҳраст қарор бигирад.

Вай афзуд: Дар рутбаи баъдӣ метавон аз созмонҳои иттилоотии ғарбӣ ном бурд. Бо тавваҷуҳ ба ин ки сафорати Амрико ва Англис дар ду ҳафтаи гузашта шаҳрвандони худро аз ҳузур дар ҳаргуна таҷаммуъ ва ҳузур дар фурӯшгоҳҳо хусусан консертҳо манъ карданд, шояд битавонем аз дастгоҳҳои иттилоотии ғарбӣ ба унвони тарҳрезон ва омилони ин иқдоми террористӣ ном бибарем. Дар рутба баъдӣ метавонем аз режими саҳюнистӣ ва дастгоҳҳои иттилоотии он ёд кард.

МаскавРусия
Comments (0)
Add Comment