Ҳузури 10 миллион намозгузор дар Масҷидуннабӣ дар даҳаи аввали моҳи Рамазон

Ҳузури 10 миллион намозгузор дар Масҷидуннабӣ дар даҳаи аввали моҳи шарифи Рамазон Масҷидуннабӣ (с) дар Мадинаи Мунаввара тайи даҳ рӯзи аввали моҳи Рамазон шоҳиди ҳузури ҳудуди даҳ миллион намозгузор ва зоири Умра буд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Идораи расидагӣ ба умури Масҷидуннабӣ теъдоди дақиқи намозгузорони ин масҷид дар даҳаи аввали Рамазонро 9 миллиону 828 ҳазор нафар эълом кард.

Бар асоси ин гузориш, дар ин муддат ҳудуди 740 ҳазор нафар ифтихори зиёрати Қабри Расули Худо (с) дар Масҷидуннабиро доштанд.

Идораи расидагӣ ба умури Масҷидуннабӣ ҳамчунин аз баҳрамандии 26 ҳазору 910 нафар пиронсол ва афроди маъюб аз хадамоти вижа дар ин масҷид тайи ҳафтаи гузашта хабар дод.

Теъдоди касоне, ки дар ин муддат аз хадамоти роҳнамоӣ ба зоирон дар Масҷидуннабӣ истифода карданд беш аз 132 ҳазор нафар эълом шудааст.

Дар даҳаи аввали моҳи Рамазон, наздик ба 200 ҳазор шишаи оби Замзам миёни намозгузорон ва 2 миллиону 900 ҳазор бастаи ифторӣ миёни рӯзадорон тавзеъ шуд.

Пеш аз ин, Идораи расидагӣ ба умури Масҷидуннабӣ аз омодагии коркунону неруи хадамотии ин масҷид дар айёми Рамазони имсол барои мудирияти ҷамъияти зиёди зоирон ва намозгузорон хабар дода буд.

МадинаМасҷидуннабӣРамазон
Comments (0)
Add Comment