Қатъномаи Шӯрои амният барои оташбас дар Ғазза ва паҳлӯҳои он

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи оташбас дар Ғаззаро ба раъй гузошт ва ҳамаи ҳозирон ба ғайр аз Амрико раъйи мусбат доданд.

Қатъномаи Шӯрои амният барои барқарории оташбас дар Ғазза илова бар инки ҳамчун як шикасти сиёсӣ барои Вашингтон ва Телавив аст, метавонад фишорҳои афкори умумии ҷаҳон алайҳи режими саҳюнистиро афзоиш диҳад.

Саранҷом бо худдории Амрико дар баҳрагирӣ аз ҳаққи вето, қатъномаи пешниҳодии аъзои ғайридоими Шӯрои амният дар бораи ҷанги Ғазза тасвиб шуд. Бо ин ҳол, вокуниши мақомоти амрикоӣ ва саҳюнистӣ пас аз тасвиби ин қатънома, ибҳомҳоеро дар бораи он эҷод кард. Дар ин навишта ба ихтисор зимни ишора ба мӯҳтавои қатънома, паёмадҳои он баррасӣ мешавад.

Қатънома дар чӣ шароите содир шуд?

Шашумин моҳи наслкушии режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза рӯ ба поён аст. Тайи 171 рӯзи гузашта беш аз 32 ҳазору 330 фаластинӣ ба шаҳодат расида ва беш аз 74 ҳазор ва 600 фаластинии дигар ҳам маҷрӯҳ шудаанд. Режими саҳюнистӣ аз вуруди кумакҳои башардӯстона ҷилавгирӣ мекард ва сиёсати гурусна нигаҳ доштани мардуми Ғазза ба вижа кӯдаконро дар пеш гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, ҳамлаҳо ва муҳосираи марказҳои дармонӣ ва бемористонҳо низ ҳамчунон идома дорад. Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ки борҳо аз наслкушӣ дар Ғазза интиқод карда буд, дар рӯзҳои ахир бо сафар ба минтақа аз ҷумла ба Рафаҳ, вазъияти инсонӣ дар Ғаззаро “дилхарош” тавсиф кард ва онро “расвоии ахлоқӣ” барои режими саҳюнистӣ донист.

Дар сатҳи ҷаҳонӣ низ Шӯрои амният бо истифодаи Амрико аз ҳаққи вето амалан ба ниҳоди беэътибор ва нокоромд барои мутаваққиф кардани наслкушӣ дар Ғазза табдил шуд. Веҷҳаи Амрико низ бо ветои се қатънома амалан тахриб шуд ва иддаои ҳуқуқи башарии он зери савол рафт.

Дар чунин шароите, тайи як ҳафтаи гузашта талошҳо барои тасвиби қатъномае дар Шӯрои амнияти Созмони Милал афзоиш ёфт. Ҷумъаи гузашта Русия ва Чин қатъномаи пешниҳодии Амрикоро вето карданд, зеро ин қатънома барги дигаре аз ҳимоятҳои Вашингтон аз наслкушӣ дар Ғазза буд ва таъсире бар мутаваққиф кардани ин ҷинояти саҳюнистҳо надошт. Дар идома, аъзои ғайридоими Шӯрои амният пешнависи қатъномаи ҷадидеро ироа карданд, ки бо раъйи мумтанеи Амрико, заминаи тасвиби он фароҳам шуд.

Қатъномаи нав чӣ мегӯяд?

Ин қатънома, ки бо раъйи мусбати 14 узв аз 15 узви Шӯрои амният ва раъйи мумтанеи Амрико тасвиб шуд, се бахши муҳим дорад, ки иборат аст аз: оташбас ба шакли фаврӣ дар тӯли моҳи мубораки Рамазон, озодии фаврӣ ва бидуни қайду шарти ҳамаи асирони саҳюнист ва ҳамчунин бардошта шудани тамоми монеаҳо дар фароҳам овардани кумакҳои инсонӣ ба Ғазза. Ҳамчунин дар ин қатънома амалиёти Тӯфони Ақсо дар 7-и октябр маҳкум нашудааст. Нуктаи дорои аҳамият инки бо фишори Амрико, иборати оташбаси доим дар ин қатънома ҳазф шуда ва пайгирӣ барои оташбас ба шакли доим ба баъд аз моҳи мубораки Рамазон андохта шудааст. Дар матни ниҳоии қатънома маҳкумияти Ҳамос матраҳ нашудааст; Мавзуе, ки Ҷон Керби ҳамоҳангкунандаи иртибототи роҳбурдии Шӯрои амнияти миллии Кохи сафед аз он ба унвони далели аслии раъйи мумтанеи Вашингтон ба қатънома ёд кардааст.

Паёмадҳои тасвиби қатънома чист?

Паёмадҳои тасвиби ин қатъномаро чунин метавон баён кард:

  1. Фазои Шӯрои амният дар ҳангоми баррасӣ ва тасвиби ин қатънома, ошкоро зидди режими саҳюнистӣ буд. Тақрибан ҳамаи аъзои Шӯрои амният дар бораи вазъияти вахими Ғазза ибрози нигаронӣ карданд. Амор Бенҷомо, намояндаи Алҷазоир дар Шӯрои амният гуфт: “қатъомае тасвиб шуд, ки хостори оташбаси фаврӣ дар Навори Ғазза бо ҳадафи поён додан ба кушторҳое аст, ки мутаассифона дар тӯли 5 моҳи гузашта ҳамчунон идома доштааст. Ин ҳаммоми хун барои муддати тӯлонӣ идома доштааст.” Яке аз сабабҳои аслии асабонияти мақомоти саҳюнист аз ин қатънома ҳам марбут ба ҳамин фазои ғолиби зидди саҳюнистӣ аст.
  2. Тасвиби ин қатънома як шикасти фоҳиш барои Амрико буд. Расади рафторҳо ва изҳороти мақомоти амрикоӣ гӯёи ин аст, ки давлати Ҷо Байден дар муқобили режими саҳюнистӣ дармонда шудааст. Давлати Байден аз як сӯ аз ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза ҳимоят мекунад ва аз сӯи дигар бо таваҷҷуҳ ба вахим будани шадиди вазъияти инсонӣ дар Ғазза ва фишорҳои ҷаҳонӣ, хостори ирсоли кумакҳои башардӯстона аст. Ин таноқузи ошкор дар рӯйкарди Амрико дар қиболи ҷанги Ғазза аст. Аз сӯи дигар, Амрико барои коҳиши фишорҳои ҷаҳонии шаклгирифта алайҳи ин кишвар ночор шуд ба қатъномаи пешниҳодӣ дар Шӯрои амният раъйи мумтанеъ диҳад ва дар айни ҳол, пас аз тасвиби ин қатънома, сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико муддаӣ шуд, ки ин қатънома илзомовар нест. Бинобарин, аз як сӯ вето накардани қатънома сабаби аланӣ шудани ихтилоф миёни режими саҳюнистӣ ва Амрико шуд ва аз сӯи дигар костан аз вазни қатънома ва Шӯрои амният низ сабаби шиддат гирифтани интиқодҳо аз ин изҳори назари сафири Амрико шуд.
  3. Тасвиби ин қатънома пирӯзии сиёсии муҳиме барои ҷунбиши Ҳамоси Фаластин буд чаро, ки Ҳамос дар ин қатънома маҳкум нашуд. Қатънома ба оташбас ба шакли фаврӣ ва ҳамчунин ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғазза таъкид дорад. Агарчи озодии асирони саҳюнист низ дар қатънома тасвиб шуд, аммо бидуни тардид Ҳамос ин иқдомро сирфан пас аз оташбас ба шакли доим ва пойдор анҷом хоҳад дод.
  4. Ин қатънома сабаби таваққуфи наслкушӣ дар Ғазза нахоҳад шуд. Мақомоти саҳюнист билофосила пас аз тасвиби қатънома эълон карданд, ки онро иҷро нахоҳанд кард. Бенӣ Ганетз, узви кобинаи ҷанги режими саҳюнистӣ гуфт: “қатъномаи Шӯрои амният барои мо ҳеҷгуна аҳамияте надорад.» Матио Милер, сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико ҳам гуфт: “қатъномаи тасвибшуда дар Шӯрои амнияти Созмони Милал дар бораи оташбас ба шакли фаврӣ дар Ғазза илзомовар набуда ва иҷрои он аз тариқи музокирот анҷом хоҳад шуд.” Ба таъхир андохтани иҷрои қатънома ба тавофуқ дар музокирот дар ҳоле аст, ки токунун чандин даври музокира ва миёнҷигарӣ анҷом шудааст, аммо Ҳамос ва режими саҳюнистӣ ба тавофуқе наздик нашудаанд. Бинобарин, ин ду изҳори назар нигарониҳоеро дар робита бо иҷро нашудани қатънома ба вуҷуд овардааст. Ҳамин нигарониҳо дар хусуси иҷро нашудан низ вокуниши Чин ва ҳамчунин дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро дар пай доштааст. Сафир ва намояндаи доими Чин дар Созмони Милал гуфт: “қатъномаҳои Шӯрои амният илзомовар аст.” Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар сафҳаи иҷтимоии худ дар шабаки Х навишт: “ин қатънома бояд иҷро шавад. Адами иҷрои он қобили бахшиш нахоҳад буд.”

Натиҷа

Сарфи назар аз инки қатъномаи тасвибшуда дар Шӯрои амният дар амал иҷро шавад ё не, ин қатънома шикасти сиёсии Амрико ва режими саҳюнистӣ буд ва метавонад фишорҳои афкори умумии ҷаҳонӣ алайҳи режими саҳюнистиро афзоиш диҳад. Ҳамчунин ин қатънома метавонад ҳамлаи эҳтимолии заминии режими саҳюнистӣ ба Рафаҳро ба таъхир андозад. Нуктаи муҳими дигар инки қатъномаҳои Шӯрои амният илзомовар аст, аммо созукори иҷрои Созмони Милал маҳдуд аст. Шӯрои амният метавонад иқдомҳои танбеҳӣ алайҳи режими саҳюнистӣ бигирад (агарчи Амрико монеи ин иқдомҳо хоҳад шуд). Иҷро нашудани қатънома нокоромадӣ ва беэътибории Шӯрои амниятро ташдид хоҳад кард.

АмрикоҒаззақатъномаоташбасРафаҳРежими саҳюнистӣТелавивФаластинҲамосҷинояти саҳюнистӣ
Comments (0)
Add Comment