Баргузории дуюмин намози ҷумъаи моҳи Рамазон дар Масҷиди Ақсо

Дар дуюмин ҷумъаи моҳи шарифи Рамазон 120 ҳазор фаластинӣ дар саҳни Масҷиди Ақсо намоз баргузор карданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, ҳудуди 120 ҳазор фаластинӣ имрӯз дуюмин намози ҷумъаи моҳи мубораки Рамазонро бо вуҷуди тамомии маҳдудиятҳое, ки режими Исроил барои вуруд ба шаҳри Қудси Ишғолӣ иҷро кард, дар дохили Масҷиди Ақсо барпо карданд.

Шайх Аззом Хатиб, мудири кулли дафтари авқофи исломии шаҳри Қудс дар ин хусус изҳор кард: Ҳудуди 120 ҳазор фаластинӣ имрӯз дар дохили Масҷиди Ақсо намози ҷумъаро барпо карданд.

Ин теъдод бисёр камтар аз омори муддати мушобеҳи соли гузаштааст, идораи авқофи исломии шаҳри Қудс соли гузашта дар чунин рӯзе теъдоди намозгузорони ҳозир дар дохили Масҷиди Ақсоро ҳудуди 250 ҳазор тан эълом карда буд.

Ба гузориши авқофи исломии Қудс, ҳафтаи гузашта дар аввалин намози ҷумъаи моҳи Рамазони соли ҷорӣ 80 ҳазор фаластинӣ ширкат карданд.

Имрӯз теъдоди зиёде аз неруҳои полиси режими саҳюнистӣ дар вурудиҳои бахши қадимии шаҳри Қудс ва низ манотиқи атрофу кӯчаҳои он ва низ дар вурудиҳои масҷид барои ҷилавгирӣ аз вуруди намозгузорон мустақар шуданд, бо ин вуҷуд намозгузорони фаластинӣ худро ба дохили Масҷиди Ақсо расонданд.

Масъулони режими саҳюнистӣ монеъ аз вуруди мардони зери 55 сол ва занони зери 50 сол аз сокинони Каронаи Бохтарӣ шуданд, ки барои барпоии намоз худро ба вурудиҳои шаҳри Қудси Ишғолӣ рисонда буданд.

Ҳамчунин полиси Исроил доштани иҷозатномаи амниятӣ аз артиши ин режимро шарти намозгузорон барои вуруд ба Қудс эълом кард.

ҒаззаКаронаи БохтарӣМасҷиди АқсоФаластин
Comments (0)
Add Comment