Нетаняҳу: Пеш аз расидан ба ҳадафҳоямон ҷангро қатъ намекунем

Бенямин Нетаняҳу дар 163-юмин рӯзи ҷангу ҷиноятҳои режимаш дар Навори Ғазза гуфт, то замоне, ки ба аҳдофи худ нарасидааст ҷангро мутаваққиф намекунад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ имрӯз якшанбе дар 163-юмин рӯзи ҷангу ҷиноёти режими Исроил дар Навори Ғазза гуфт, то замоне, ки ба аҳдофи худ нарасидааст ҷангро мутаваққиф намекунад.

Нахуствазири режими саҳюнистӣ афзуд: Агар ҷангро акнун ва пеш аз таҳаққуқи аҳдофамон мутаваққиф кунем, ба маънои шикасти Исроил дар ин ҷанг хоҳад буд.

Нетаняҳу бо асабоният аз Байден, раисҷумҳури Амрико гуфт: Оё виҷдони ахлоқии худро аз даст додаӣ?

Нахуствазири режими саҳюнистӣ хитоб ба Байден гуфт: Оё ҳодисаи 7 октябрро фаромӯш кардаӣ, ба ҷои ин ки ба Исроил фишор оваред ба Ҳамос фишор биоваред.

Нахуствазири режими саҳюнистӣ ба фишорҳои байналмилалӣ ишора карду гуфт: Онҳо барои таваққуфи ҷанг ба баргузории интихобот фишор меоваранд, вале мо таслим нахоҳем шуд.

Нетаняҳу идома дод: Ҳеҷ фишори байналмилалӣ наметавонад моро аз дастёбӣ ба тамоми аҳдофи ҷанг боз дорад ва мо ба самти Рафаҳ ҳаракат хоҳем кард ва ин кор чанд ҳафта тӯл хоҳад кашид.

Дар ҳамин росто Исроил Котс, вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ низ гуфт: Омодаем баҳои бозгардондани асирон аз Ғаззаро пардохт кунем, вале барои таваққуфи ҷанг омода нестем.

Вазири хориҷаи режими саҳюнистии афзуд: Таҳаққуқи пирӯзӣ бидуни вуруд ба Рафаҳ ва анҷоми амалиёти заминӣ дар он мумкин нест!

Режими Исроил бомдоди имрӯз дар рӯзи 163-юми ҷанг алайҳи Навори Ғазза, хонаеро дар маркази Навори Ғазза бомбаборон кард, ки дар асари он, 12 тан шаҳид шудаанд.

Вазорати беҳдошти Ғазза низ имрӯз эълом кард, ки теъдоди шуҳадои Ғазза аз ҳафтуми октябри гузашта токунун ба 31 ҳазору 645 нафар ва теъдоди маҷрӯҳон ҳам ба 73 ҳазору 676 нафар расидааст.

Ин вазоратхона эълом кард, ки режими саҳюнистӣ тайи 24 соати гузашта, 9 маврид куштор дар Навори Ғазза муртакиб шуд, ки дар натиҷаи он 92 нафар шаҳид ва 130 нафари дигар ҳам маҷрӯҳ шуданд.

Ҳамлаи ваҳшиёнаи ишғолгарон ба бемористони Шифо ва дуздидани 80 нафар

Манобеи хабарӣ гузориш доданд, ки бомдоди имрӯз душанбе, низомиёни ишғолгари артиши саҳюнистӣ таҳти пӯшиши ҳамалоти шадиди ҳавоӣ ва тӯпхонаии ин артиш ба бинои пизишкии Шифо юриш бурда ва 80 нафарро рабуда ва ба макони номаълуме мунтақил карданд.

Вокунишҳо ба таҷовузи Исроил ба бемористони Шифо

Гуруҳҳои фаластинӣ дар вокуниш ба ҳамлаи ваҳшиёнаи артиши режими саҳюнистӣ ба бинои пизишкии Шифо дар ғарби шаҳри Ғазза бо судури баёнияе зимни маҳкум кардани тадовуми ҷинояҳои ишғолгарон алайҳи бахшҳои ғайринизомии Ғазза аз ҷумла бемористонҳову марокизи беҳдошт, ки охирин мавриди он бемористони Шифо буд эълом карданд: Ҳадаф қарор додани бемористонҳо дар чорчуб такмили ҷанги наслкушии режими ишғолгар алайҳи мардуми Фаластин ва нақзи ошкори тамоми Конвенсияҳову қавонини байналмилалӣ мебошад.

Ин гуруҳҳо таъкид карданд: Ҳадаф аз ин ҷиноёти душман комилан равшан буда ва он ҳам ҷилавгирӣ аз муолиҷаи маҷрӯҳон ва беморон ва аз байни бурдани ҳаргуна шонси зинда мондани онҳост.

Бенямин НетаняҳуҒаззаИсроилФаластин
Comments (0)
Add Comment