Изъони Ҷу Байден ба афзоиши исломҳарросӣ дар Амрико

Ҷу Байден раисҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа 15 феврал зимни изъон ба афзоиши исломҳарросӣ дар ин кишвар аз замони ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза гуфт: Мусулмонон дар саросари ҷаҳон ба далели эътиқодоташон шароити душвореро таҳаммул мекунанд.

Байден дар рӯзи ҷаҳонии мубориза бо исломҳарросӣ, гуфт ки “аз хушунат ва нафрате, ки мусулмонон дар саросари ҷаҳони ағлаб ба далели эътиқодоти мазҳабиашон бо он мувоҷеҳ мешаванд ва аз зуҳӯри зишти исломҳарросӣ дар пайи ҷанги вайронгари Ғазза огоҳ ҳастем”.  Байден дар баёнияи худ иддао кард: Исломҳарросӣ дар кишвари мо ҷое надорад. Бо ин ҳол мусулмонон дар Амрико ғолибан дар тӯли зиндагии рӯзмарраи худ, тарси беасос, табъизи ошкор, озору азият ва хушунатро таҳаммул мекунанд.

Изъони раисҷумҳӯри демокроти Амрико ба афзоиши исломҳарросӣ дар Амрико ба вижа пас аз вуқӯъи ҷанги Ғазза бо тавваҷуҳ ба рӯйдодҳо ва вақеаҳое, ки ин кишвар алайҳи мусулмонон рӯх медиҳад маъно пайдо мекунад. Албатта ташддиди исломҳаросӣ дар Иёлоти Муттаҳида аз замони раёсатҷумҳурии Доналд Трамп раисҷумҳӯри собиқи ин кишвар ки рӯйкарди башиддати исломситезона ва алайҳ мусулмонон дорад рӯх додааст.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар, густариши исломҳарросии пас аз амалиёти Тӯфони Алақсо дар 7 октябрро бо иттиҳомот ба мусулмонон пас аз ҳамалоти 11 сентябри 2001 дар Амрико, муқоиса кардаанд. Шӯрои равобити амрикоӣ – исломӣ эълом кард ки дар тӯли се моҳи охири соли 2023 милодӣ, се ҳазору 578 мавриди шикоят дар бораи нафрати алайҳи мусулмонон ва фаластиниён сабт кардааст. Ин рақам нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 178 дарсад афзоиш доштааст.

Яке аз мавориди бориз ва бисёр ваҳшиёнаи иқдомоти хушунатомез алайҳи мусулмонон пас аз вуқуъи ҷанги Ғазза қатли як кудаки 6 солаи фаластинӣ ва маҷрӯҳ кардани модар ӯ тавассути як Ростгарои ифротии амрикоӣ дар Иёлоти Illinois Амрико дар авосити октябри 2023 яъне ҳудӯди як ҳафта аз оғози ҷанги Ғазза буд . Ба гуфтаи полис , ин писари хурдсол дар хоншон дар “Плаинфмелд” тавассути “Ҷозеф Чубо” соҳибхонаи 71 сола, 26 зарба чоқу хӯрд ва дар бемористон даргузашт. Мақомот гуфтанд ки модари 32 сола ӯ низ даҳҳо зарба чоқу хӯрд. Зориб аз ҳаводорони мутаъассиби режим саҳюнистӣ аст ин иқдоми ҷинояткорона ба ҳаддии ғайри инсонӣ ва ғайри қобили тавҷеҳ буд ки ҳатто Кохи Сафед низ ночор ба маҳкӯм кардани он шуд.

Дар айни ҳол ҷинояти бе собиқаи алайҳи модар ва кӯдаки мусулмон дар Чикаго бо тавваҷуҳ ба афзоиши ҷави нафратпароканӣ алайҳи мусулмонон дар Амрико дар сояи набарди байни режими саҳюнистӣ ва гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ рӯх дод. Ҷинояти ин шаҳрванди амрикоӣ нишондиҳандаи густариши ифротгароӣ ва хушунатҳои нажодпарастона ва ношӣ аз танаффур ба вижа исломҳарросӣ ва нафрат аз мусулмонон дар Иёлоти Муттаҳида аст. Дар ин росто “Кристопҳер Врай” раиси FBI дар бораи афзоиши ифротгароии хушунатомез ҳушдор дод ва гуфт: Шаке нест, ки таҳдидҳо дар ҳоли афзоиш ҳастанд.

Бо тавваҷуҳ ба раванди физояндаи таҳдидот алайҳи мусулмонон дар Амрико, шӯрои равобити исломии Амрико хостори таваққуфи исломситезӣ ва фаластиниситезӣ дар миёни сиёсатмадорону расонаҳои Амрико шудааст. Исломҳарросӣ ва хушунати физояндаи алайҳи мусулмонон дар Амрико ки пас аз ҳамалоти 11 сентябри 2001 раванди рӯ ба зуҳӯр дар Амрико дошта дар давраи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп, ки ошкоро рӯйкардии зидди исломӣ ва алайҳи мусулмонон дошт равандии афзоишӣ пайдо кард.

Акнӯн дар Амрико, эъмоли табъиз ва хушунатҳои физикӣ ва каломӣ алайҳи мусулмонон бо тавваҷуҳ ба рушди чашмгири гурӯҳҳои ростигарои ифротӣ ва низ ҷанги таблиғотии расонаӣ алайҳи мусулмонон ба вижа пас аз таҳаввулоти ахир дар Фаластини ишғолӣ афзоиш ёфтааст.

Ин раванди шомили мавориде монанди ҳамалоти хушунатомез алайҳи мусулмонон ба хусӯсиасоне, ки зоҳири шабеҳ ба мардуми кишварҳои исломӣ дар Ғарбӣ Осиё доранд, оташ задани амокини ибодии исломӣ, ҳамалоти лафзӣ ва таҳдидӣ алайҳи мусулмонон ва табъизи алайҳи пайравони ислом дар мавориди мухталифи таҳсилӣ ва шуғлӣ ва афзоиши нафратпароканӣ алайҳи мусулмонон дар расонаҳои амрикоӣ аст.

АмрикоДоналд ТранпҶу Байден
Comments (0)
Add Comment