Оғози расмии интихоботи президентӣ дар Русия – 3 рӯз ба тӯл меанҷомад

Бо гушоиши дарвозаҳои шӯъбаҳои раъйдеҳӣ, интихоботи 3 рӯзаи президентии Русия оғоз шуд.

Ба нақл аз Россия Сегодня, интихоботи президентии Русия бо боз шудани дарвозаҳои шӯъбаҳои раъйдеҳӣ ба шакли расмӣ оғоз шудааст.

Дар ин давр аз интихоботи президентии Русия 4 номзад бо якдигар рақобат мекунанд. Ин 4 номзад иборатанд аз Владимир Путин, раисҷумҳури феълии Русия ба унвони номзади мустақил, Леонид Слутский аз ҳизби либерал-демократ, Николай Харитонов аз ҳизби коммунистии Русия ва Владислав Даванков аз ҳизби мардуми ҷадид.

Бо таваҷҷуҳ ба тафовути замонӣ дар шаҳрҳои мухталифи Русия, соат 8 субҳи имрӯз ба вақти маҳаллӣ раъйгирӣ дар шебҳи ҷазираи Комчотко ва минтақаи Чукутко дар Шарқи дури Русия (соати 23-и шаби гузашта ба вақти Маскав) шурӯъ шуд, то мардуми ин минтақаҳо нахустин раъйдиҳандагони интихоботи президентии Русия бошанд.

Ҳамчунин дарвозаҳои шӯъбаҳои раъйдеҳӣ дар шаҳрҳои Маскав, пойтахти Русия ва Санкт-Петербург низ барои раъйдиҳандагони рус боз шудааст.

Дар ин давр аз интихоботи президентии Русия 4 номзад бо якдигар ба рақобат мепардозанд. Ин 4 номзад иборатанд аз Владимир Путин, раисҷумҳури феълии Русия ба унвони номзади мустақил, Леонид Слутский аз ҳизби либерал-демократ, Николай Харитонов аз ҳизби коммунистии Русия ва Владислав Даванков аз ҳизби мардуми ҷадид.

Рӯзи чаҳоршанбе Владимир Путин зимни ишора ба инки сарнавишти Русия танҳо ба дасти шаҳрвандони ин кишвар мушаххас мешавад, аз тамомии шаҳрвандон рус хоста буд, ки бо қудрат дар интихоботи президентии Русия ширкат кунанд.

Гуфтанӣ аст ин давра аз интихоботи президентӣ аз имрӯз понздаҳуми март оғоз шуда ва дар ҳабдаҳуми март поён меёбад. Ба ин тартиб ин нахустин бор аст, ки баргузории интихоботи президентии Русия 3 рӯз ба тӯл меанҷомад.

интихоботи президентӣПутинРусия
Comments (0)
Add Comment